Дар шаҳри Хоруғ Фестивали ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид

Январь 19, 2018 15:21

ХОРУҒ, 19.1.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хоруғ Фестивали ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид. Дар он занону духтарони ҳунарманд маҳсули дасти хешро ба намоиш гузошта, дар бораи таърихи пайдоиши баъзе аз маҳсулоти дастӣ, тарзи дӯхтану бофтани онҳо маълумот доданд. Мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Подшоҳхоним Абдураҳмонова гуфт, ки «дар ин фестивал қариб 50 нафар занону духтарон аз шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Шуғнон ширкат варзида, беш аз 30 намуди маҳсулоти ҳунарҳои мардумиро ба намоиш гузоштанд. Мақсад аз баргузории фестивал ҳарчӣ бештар ҷалб кардани таваҷҷуҳи духтарон ба ҳунарҳои ниёгон мебошад. Зеро ҳар як духтари кӯҳистонӣ дар гузаштаи начандон дур бо тарзи бофтани ҷӯробу муҳра ва  дӯхтани курта шинос буд, аммо имрӯз теъдоди онҳо хеле кам гардидааст».

Ташкилкунандагони фестивал бар ин боваранд, ки Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани соли 2018 метавонад ба зиёд шудани сафи ҳунармандони ҷавон мусоидат намояд.

 

 

 

Январь 19, 2018 15:21

Хабарҳои дигари ин бахш

ҲУШДОР АЗ БОРОНҲОИ БОШИДДАТ ВА СЕЛ. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад