Дар Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ масоили тавсеаи самтҳои фаъолият ва эҷоди асарҳои муосири миллӣ баррасӣ гардид

Январь 18, 2018 15:04

ДУШАНБЕ, 18.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи муштараки Шӯрои бадеии Вазорат ва Раёсати Иттифоқи композиторони Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҷаласа масъалаҳои омодагӣ ба баргузории чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ  ва ҳамоишҳои байналмилалии сатҳи баланд, тавсеаи самтҳои фаъолият ва эҷоди асарҳои муосири миллӣ аз ҷониби композиторони тоҷик, ҳамаҷониба таблиғ намудани мусиқии касбии тоҷик ва классикони ҷаҳонӣ тавассути Оркестри созҳои миллӣ ва Оркестри симфонӣ, инчунин ҳавасманд гардонидани ҷавонони санъатдӯсту фарҳангпарвар баррасӣ гардиданд.

Зимнан, вобаста ба ташаббусҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун пешоҳанги масъалаҳои байналмилалӣ оид ба проблемаҳои глобалии ҷаҳон, аз ҷумла,    пазироии пешниҳоди Пешвои миллат ва қабул гардидани Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 аъзои Иттифоқи композиторони Тоҷикистон баҳри тарғиби васеъ ва эҷоди асарҳо вобаста ба он дар ҳамкорӣ бо иттифоқҳои эҷодӣ вазифадор шуданд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ин замина баҳри ташаккули низоми самарабахши ҳавасмандгардонии неруи эҷодӣ барои асарҳои баландмазмуни замонавӣ, ки ғояи асосии онро тарғибу ташвиқи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, якпорчагии Тоҷикистон, анъанаҳои гаронарзиши миллӣ, ифтихор аз Тоҷикистон ва мероси пурғановати ниёгон бояд ташкил диҳад, инчунин баланд бардоштани сатҳи бадеии барномаҳои фарҳангӣ ва нақши аҳли эҷод дар тарбияи маънавӣ ва сиёсии ҷомеа, оммавигардонии жанрҳои гуногуни мусиқии касбӣ, ғанӣ гардонидани репертураи оркестрҳои симфонӣ, созҳои миллӣ ва нафасӣ, ансамблҳои камеравӣ, гурӯҳҳои ҳамсароён ва дигар ансамблҳои эҷодӣ-касбӣ аз ҷониби композиторон таклифҳои судманд пешниҳод  гардиданд.

Январь 18, 2018 15:04

Хабарҳои дигари ин бахш

ИЛМ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМОНИ ҶАВОН. Дар ин мавзуъ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Протокол оид ба таҳияи филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Узбекистон ба тасвиб расид
Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» ҷамъбаст гардид
«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе ин фестивали ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид
Роҳбарзанони Узбекистон бо табиати зебои шаҳри Норак шинос шуданд
Дар Душанбе ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Акитаи Ҷопон баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад
Дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ доир гардид
Дар Душанбе бо иштироки олимону зиёиёни Тоҷикистон ва Узбекистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар доираи Ҳафтаи илм оид ба мероси уран дар Осиёи Марказӣ конфронси байналмилалӣ баргузор гардид