Доираҳои соҳибкории Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии Шанхай иштирок мекунанд

Январь 18, 2018 14:03

ДУШАНБЕ, 18.01.2018/АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкорӣ байни доираҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин зимни вохӯрии раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид бо мушовир оид ба масъалаҳои иқтисодию тиҷоратии назди Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Сюн  Ян дар Душанбе  баррасӣ гардиданд

Аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки мусоҳибон аз баргузории намоишгоҳи байналмилалии молҳои тавлидотии Чин, ки моҳи декабри соли гузашта дар Душанбе доир гардид, изҳори қаноатмандӣ намуданд. Шариф Саид зикр кард, ки Тоҷикистон ба иштироки сохторҳои тиҷоратии Чин дар лоиҳаҳои афзалиятноки иқтисодии ҷумҳурӣ манфиатдор аст. «Мо бояд ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро беш аз пеш, хусусан дар бахшҳои энергетика, истихроҷ ва коркарди  металлҳои қиматбаҳо, нафт, металлургия, мошинсозӣ, хӯрокворӣ, саноати сабук, фармасевтика, технологияҳои иттилоотӣ ва кишоварзӣ таҳким бахшем»,-иброз намуд Ш. Саид.

Зикр шуд, ки Тоҷикистон дорои беш аз 470 лоиҳаи сармоягузорӣ буда, дар ин росто мо омодаем, ки сармоягузорони чинӣ дар татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноат, нақлиёт, телекоммуникатсия, сохтмон, бахши бонкдорӣ, саноати дорусозӣ, маориф ва туризм  иштироки фаъол дошта бошанд.

Дар мулоқот ҳамзамон масъалаи марбут ба баргузории Намоишгоҳи байналмилалии воридотӣ, ки моҳи ноябри соли равон дар шаҳри Шанхайи Чин доир мегардад, баррасӣ шуд. Таъкид гардид, ки иштироки доираҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намоишгоҳи мазкур имконияти фарохро ҷиҳати муаррифии маҳсулоти тавлидотии Тоҷикистон, бахусус баланд бардоштани иқтидори содиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам меорад.

Шариф Саид Сюн Янро бовар кунонд, ки Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар доираи ваколати худ кӯшиш менамояд, ки  доираҳои соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии воридотӣ дар Шанхай иштироки фаъол намоянд, зеро он  дар татбиқи «Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва ивазкунандаи воридот барои солҳои 2016-2020» мусоидат менамояд.

 

 

Январь 18, 2018 14:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Бонн бо намояндагони Вазорати федералии Олмон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва рушд мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд (UNCTAD) тақвият меёбад
Нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар шаҳри Ваҳдат 104,7 фоиз иҷро гардид
«Амонатбонк» дар доираи Ҳафтаи байналмилалии молиявӣ дар Файзобод ҳамоиши омӯзишӣ баргузор намуд
ҚАЛЪАИХУМБ — ВАНҶ — ДАРВОЗАИ РӮШОН. Вазири нақлиёти Тоҷикистон бо ҷараёни таҷдиду навсозии ин қитъаи роҳ шинос шуд
Дар Душанбе масъалаи таъсиси парки инноватсионии саноатӣ байни Тоҷикистон ва Русия баррасӣ гардид
Дурнамои тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи Байналмилалии Асъор дар Вашингтон баррасӣ шуд
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. «ТАЛКО» таҷассуми ислоҳоти иқтисодӣ дар Тоҷикистон аст
Дар се моҳи соли 2024 кишоварзони вилояти Хатлон ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзиро ба беш аз 1,3 миллиард сомонӣ расониданд
Дар вилояти Суғд шумораи корхонаҳои истеҳсоли равған меафзояд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи барҳамхӯрӣ ва аз фаъолият мондани корхонаҳои саноатӣ дар вилояти Суғд изҳори нигаронӣ намуданд
Дар Душанбе ҷаласаи 18-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид