«Эмомалӣ Раҳмон-асосгузори давлатдории муосири тоҷик» — китоби нав бахшида ба фаъолияти 25-солаи сиёсии Пешвои миллат

Январь 19, 2018 09:57

ДУШАНБЕ, 19.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар  матбааи нашриёти «Контраст»-и шаҳри Душанбе китоби тозаэҷоди соҳибкори донишманд Абдуқаҳҳор Холов  ва доктори илмҳои таърих, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Зафар Сайидзода бо номи «Эмомалӣ Раҳмон — асосгузори давлатдории муосири тоҷик» ба нашр расид. Ин асари таҳлилӣ аз се боб иборат аст, ки ба масъалаҳои раванди поягузории давлатдории муосири точик, ташаккулу густариши худшиносии миллӣ ва сиёсати хориҷии Тоҷикистони соҳибихтиёр бахшида шудаанд. Китоб теъдоди зиёди суратҳои ранга дошта, дар сатҳи баланди полиграфӣ мунташир гаштааст.

Ҳамаи рӯйдодҳои сарнавиштсозе, ки дар тӯли чаҳоряк аср дар Тоҷикистон рух додаанд, бо номи сиёсатмадори барҷаста, абармарди сулҳофарин, Пешвои эътирофшудаи миллат Эмомалӣ Раҳмон, ки бо ҳисси масъулият дар пеши имрӯзиён ва наслҳои оянда давлати мардумсолор эҷод намуда, ба ин восита миллати куҳанбунёди тоҷикро дар пеши ҷаҳониён соҳиби обрӯю манзалат намудааст, пайванди ногусастанӣ доранд.

Дар ин китоб, ки ба фаъолияти 25-солаи сиёсии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст, муаллифон кӯшидаанд нишон диҳанд, ки агар сиёсатмадор манфиатҳои сарзамини модарӣ ва халқи хешро дар мадди аввал қарор диҳад ва барои ободию шукуфоии сарзамини аҷдодӣ тамоми ҳастии худро бахшад, қодир ба пирӯзиҳои бузург хоҳад буд.

Муаллифон  умедвор ҳастанд, ки ин китоб ба хонандагон, бавижа ҷавонон баҳри боз ҳам беҳтар шинохтани чеҳраи хосси Эмомалӣ Раҳмон ва дарёфтани сабабҳои пешрафтҳои чашмгири Тоҷикистони навин, ки маҳсули заҳматҳои арҷмандона ва шабонарӯзии ин шахсияти барҷаста ва Пешвои миллати тоҷик аст, кумак хоҳад кард.

 

 

Январь 19, 2018 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Тандиси биринҷии чеҳраи Президенти Тоҷикистон ба Осорхонаи миллӣ супорида шуд
АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ. Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон фестивали муд баргузор мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТЕАТР. Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон барои пешрафти санъати касбии театрӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Суғд Фестивали вилоятии гулҳо доир мешавад
КОНИ ЛАЗЗАТ ВА ХОНИ НЕЪМАТ. Хабарнигори АМИТ «Ховар» оид ба таомҳои наврӯзӣ дар Бадахшон маълумот ҷамъоварӣ намуд
НАВРӮЗ-МАҲБУБТАРИН ҶАШНИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН. Суратгузориш аз таҷлили бошукуҳи ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи оммавӣ, илмӣ-техникии шуъбаи Академияи илмҳои Русия дар минтақаи Сибир Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Оши бурида дар Наврӯз ҳамчун рамзи умри дароз ва ҳаёти хушбахтона омода мешавад
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ЭҲЁ. Ин ҷашни ҷаҳонӣ бунёди маънавии миллати тоҷик мебошад
МАЗМУНҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР АШЪОРИ АҲДИ КЛАССИКИИ ФОРСУ ТОҶИК. Андешаҳои адабиётшинос дар хусус
НАВРӮЗ ДАР ЗАРАФШОН. Он бо «тухмҷангак»-и кӯдакон оғоз мегардад