Инъикоси масъалаҳои таъмини амнияти миллӣ ва минтақавӣ дар Паёми Пешвои миллат

Январь 18, 2018 16:06

ДУШАНБЕ, 18.01.2018. /АМИТ «Ховар»/.  Таҳдиду хатарҳои муосир ба амнияти миллӣ ва минтақавӣ дар алоқамандӣ  бо  вазъияти  ҳарбиву сиёсии Афғонистон аз масъалаҳое мебошанд, ки  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати миллӣ, Пешвои  миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  қариб  дар  ҳамаи  суханрониҳои дар  сатҳи дуҷонибаю  бисёрҷониба бо сарони  давлатҳои хориҷии  дуру  наздик, аз  минбари  Созмони  Милали  Муттаҳид,  созмонҳои  дигари  минтақавӣ,  ба  монанди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), Созмони Аҳдномаи Амнияти  Дастаҷамъӣ (СААД), Созмони  Ҳамкории  Шанхай (СҲШ), ҳангоми  вохӯрӣ  бо  қишрҳои  гуногуни ҷомеаи  мамлакат, конфронсу  форумҳои гуногуни байналмилалӣ, Паёмҳои ҳамасола ва мусоҳибаҳо бо рӯзноманигорони дохиливу хориҷӣ  ба он ишора  мекунанд. Ин масъала, аз  ҷумла, дар Паёми  навбатии Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  инъикоси  худро  ёфтааст. Чунончи, дар Паём  омадааст: «Хатарҳои замони муосир, вазъият дар Ховари Миёна, бахусус вазъи Афғонистони ҳамсоя моро водор месозанд, ки ба масъалаи таъмини амният диққати аввалиндараҷа диҳем.

Бахусус дар қаламрави Афғонистон пайдо шудани террористони ба ном «Давлати Исломӣ», ки баъзе шаҳрвандони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низ ба он шомиланд, вазъро боз ҳам ноором  намуда, боиси ташвиши давлатҳои  ҳамсоя  гардидааст».

Нигаронии  Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон   муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  аз  вазъияти  кунунии  ҳамсоякишвари  мо – Афғонистон, ки  тамоми  хавфу  хатарҳои  муосир,  ба монанди экстремизм ва терроризм, қочоқи  маводи  мухаддир ва ҷиноятҳои  дигари  фаромиллии солҳои  тӯлонӣ дар ин  кишвар рушдкарда ба амнияти  миллии  ҷумҳуриамон  ва минтақаи Осиёи  Марказӣ  таҳдид  менамояд, бесабаб  намебошад.

Таҳлилҳо  нишон  медиҳанд, ки солҳои  пешин  танҳо  дар  фасли  зимистон  фаъолнокии  ҷангиёни Толибон, «Давлати  Исломӣ» ва гурӯҳҳои террористию  экстремистӣ аз ҳисоби шаҳрвандони кишварҳои узви ИДМ, бо  сабабҳои  баста  шудани роҳҳои  иртиботии  интиқоли  онҳо  аз  Покистон  ба Афғонистон   коҳиш  меёфт. Дар зарфи  ду соли  охир  ин ҷангиён  тамоми  фасли  сол  фаъол  буда,   ба неруҳои  байналмилалии  зиддитеррористӣ   ва  Артиши  миллии Афғонистон  муқобилат  нишон  медиҳанд.  Ин ҳолат аз  он  шаҳодат  медиҳад, ки  ҷангиёни номбурда имрӯз дар қаламрави   Афғонистон   доимӣ  маскан  гирифтаанд.

Ба ақидаи мо, омили  асосии  носуботии вазъи сиёсии  Афғонистон  дар марҳалаи кунунӣ-ин муқобилияти  абарқудратҳои  ҷаҳониву минтақавӣ баҳри пиёда кардани  манфиатҳои  геополитикӣ  ва  геоиқтисодии  худ  дар ин кишвар ва аз тариқи  он  ба минтақаи  Осиёи  Марказӣ  шуморида  мешавад.

Аз як тараф, мубориза  алайҳи  экстремизми  динӣ  ва  терроризм, қочоқи  маводи  мухаддир дар Афғонистон  абарқудратҳоро  муттаҳид  созад,  аз тарафи  дигар, ба  ҳам зид  будани  манфиатҳои  геополитикӣ   ва  геоиқтисодӣ  онҳоро  аз  ҳам  ҷудо  сохтааст. Дар  робита ба ин, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  дар  Паёми  мазкур  чунин  зикр  кардаанд: Вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯйӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои  марҳалаи  нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ  гардидааст.

Бояд  бигӯем, ки мафҳумҳои  “бартариҷӯйӣ”, “мусаллаҳшавии   бошитоб”, “ҷанги  сард”  хоси  абарқудратҳо  мебошад. “Ҷанги сард”–и  навбатӣ  боиси сардшавии  муносибатҳои  байни  онҳо  гардида,  ба тамоми кишварҳои таҳти нуфузи онҳо  қарордошта,  ба  шумули  Афғонистон  таъсири  манфӣ  мерасонад. Ҷангҳои  Ироқ, Сурия, Украина   собит   намуданд, ки  барои  расидан  ба ҳадафҳояшон  абарқудратҳои  ҷаҳониву  минтақавӣ   аз  ҳеҷ  чиз,  ҳатто  ҷанг   даст намекашанд.

Ба амнияти миллии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ, тавре дар Паём зикр гардидааст, пайдоиш ва ба  тадриҷ мустаҳкам  гардидани  гурӯҳи  террористии  «Давлати Исломӣ»  ва хусусан  шохаи «Вилояти Хуросон»-и  он  дар қаламрави Афғонистон  хатари ҷиддӣ  эҷод  менамояд,  зеро  дар  ҳайати  онҳо  шаҳрвандони  кишварҳои ИДМ, аз  ҷумла,  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  қарор  доранд. Имкони интиқоли  махфиёнаи  онҳо ба Тоҷикистон  аз  қаламрави  Афғонистон бо  истифода  аз нуқоти  осебпазири  хатти  сарҳади давлатӣ  то  имрӯз  вуҷуд  дорад.

Чунончи, аввалҳои  моҳи  майи  соли 2016  аз  тарафи мақомоти  қудратии  ҷумҳурӣ дастгир  гардидани узви “Давлати  Исломӣ”, шаҳрванди  тоҷик Достон Менглиқулов  ва  се  нафар ёвари ӯ, ки  9  май дар  шаҳри  Душанбе  қасди  гузаронидани  амалиёти  террористӣ  доштанд,  мисоли  равшан  шуда  метавонад.

Аз ин  ҷост, ки Пешвои  миллат муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  дар  Паёми хеш  аз  вазъи  кунунии  хатти  сарҳад  изҳори  нигаронӣ  карда, чунин  зикр намудаанд: «Тоҷикистон, ки бо Афғонистон сарҳади тӯлонӣ дорад, ба ин масъала бетафовут  буда  наметавонад. Вазъи имрӯзаи сарҳад бо Афғонистон низ моро водор менамояд, ки ба  ин  масъала таваҷҷуҳи  бештар  зоҳир  намоем».

Қочоқи  маводи  мухаддир  аз  тариқи  хатти  сарҳади  давлатӣ  чун пештара масъалаи  доғи  рӯз  ҳисобида  мешавад, ки  ба амнияти  миллии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  минтақаи  Осиёи  Марказӣ  таҳдиди  ҷиддӣ  дорад.

Тибқи омори расмии Қӯшунҳои  сарҳадии КДАМ  ҶТ, соли 2017 марзбонони тоҷик бо қочоқбарон ва марзшиканҳо 31 маротиба вориди задухӯрдҳои мусаллаҳона шудаанд. Дар ин даргириҳо 18 қочоқчӣ кушта ва 20 тани дигар дастгир шудаанд. 31 мавриди убури ғайриқонунии марз пешгирӣ гардида, 205 нафар бо иттиҳоми марзшиканӣ ва 201 нафар бо иттиҳоми вайрон  кардани  низоми  сарҳади  давлатӣ  дастгир  шудаанд. Аз қочоқчиён ба миқдори 1740 кг 335 гр маводи нашъадор, аз ҷумла, 27 кг 267 гр героин, 455 кг 629 гр афюн, 865 кг 711 гр ҳашиш, 386 кг 820 гр бангдона (канабис), 4 кг 908 гр метамфитамин дарёфт ва мусодира гардида, 577 507 бех ниҳоли банги ҳиндӣ дар  минтақаҳои наздисарҳадӣ бо роҳи сӯзонидан нобуд карда шуд. Соли 2018 низ  аллакай як ҳодисаи  вайронкорӣ дар  сарҳад  вобаста  ба  қочоқи маводи мухаддир  ба қайд  гирифта  шуд. Чунончи, 11 январи соли 2018  дар яке аз минтақаи дидбонгоҳи сарҳадии ноҳияи Ҳамадонӣ кӯшиши интиқоли тақрибан 32 кг маводи мухаддири навъи афъюн пешгирӣ  карда шуд. Чунин  ҳолат  аз он  шаҳодат  медиҳад, ки қочоқбарон  аз  аъмоли  зишти худ  минбаъд  ҳам  даст кашиданӣ  нестанд. Ҷиҳати  пешгирии қочоқи  маводи  мухаддир аз тариқи сарҳади  давлатӣ, Президенти  ҷумҳурӣ ба мақомоти  дахлдори қудратӣ  супориши  мушаххас  доданд.

Пешвои  миллат  дар  Паёми  худ  ба  ин масъала  низ  диққати  муҳим  додаанд: “Мушкилоти дигари бо вазъи Афғонистон алоқаманд муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир мебошад.

Ба ҳама маълум аст, ки муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз сарчашмаҳои маблағгузории терроризми байналмилалӣ ва нооромиҳо дар ҷаҳон ба шумор меравад.

Тибқи маълумоти расмии Созмони Милали Муттаҳид, имсол майдони кишти ин зироат 63 фоиз зиёд шуда, то ба 328 ҳазор гектар расидааст ва дар назар аст, ки истеҳсоли маводи мухаддир нуҳ ҳазор тоннаро дар муодили афюн ташкил хоҳад кард ва кӯшиши интиқоли қисми муайяни ин мавод тавассути кишвари мо низ сурат хоҳад гирифт.

Аз соли 1994 инҷониб аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар беш аз 121 тонна маводи нашъаовар, аз ҷумла, зиёда аз 34 тонна героин мусодира карда шудааст, ки ин миқдор мавод метавонист қариб 53 миллион нафарро гирифтори бемории нашъамандӣ ва ҳамин қадар оилаҳоро бадбахт гардонад”.

Қочоқи  ҳама  навъи  маводи  мухаддир, воқеан  ҳам  сарчашмаи  асосии   маблағгузории   терроризми   байналмилалӣ ба шумор меравад. Маҳз  барои  дастрасӣ  пайдо  кардан  ба  чунин  сарчашмаи  маблағгузорӣ,  гурӯҳи  экстремистию  террористии   “Давлати  Исломӣ”  баъд  аз  мағлубияташ  дар  Сурия  ва  Ироқ,  ки маблағгузориаш  аз  ҳисоби  қочоқи  маводи  нафтӣ   сурат  мегирифт, имрӯз   ба  Афғонистон  омадааст. Бинобар ин, рақобати  шадид  байни  ҷангиёни “Давлати  Исломӣ” ва  Толибон  барои зери назорат  гирифтани  каналҳои қочоқи маводи  мухаддир  ба хориҷа, аз  ҷумла, ба Ҷумҳурии  Тоҷикистон, ки  ба он  дар Паём ишора  гардидааст, ба нооромӣ  ва носуботии Афғонистон вусъат  бахшидааст.

Дар  баробари  ин, аз тарафи Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  Паёми солона роҳҳои  ҳалли  буҳрони Афғонистон   ва  таъмини  амният  дар минтақа   муайян карда  шудаанд: «Мо чунин мешуморем, ки кумак ба эҳёи иқтисодӣ ва рушди иҷтимоии Афғонистон беҳтарин роҳи истиқрори сулҳу субот дар ин кишвар ва таъмини амният дар минтақа мебошад. Аз ин рӯ, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал меорем, ки ҷиҳати дастгирии рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва беҳтар намудани вазъи амниятии ин кишвар  кумакҳои  амалии  худро  афзоиш  диҳанд.

Тоҷикистон кӯшиш менамояд, ки ҳамкории беғаразонаро бо Ҳукумати  кишвари  ҳамсоя  дар  ҳамаи  ин  соҳаҳо тақвият  бахшад».

Ба  ақидаи мо, ин даъвати Пешвои  миллат воқеан ҳам  яке  аз  омилҳои  ба  субот  даровардани вазъияти  муташанниҷ   дар  Афғонистон  ба  ҳисоб  меравад.

Ҷумҳурии  Тоҷикистон  барои  барқарор  намудани  сулҳу  субот, муътадил  гардонидани  вазъияти   сиёсии Афғонистон манфиатдор мебошад, зеро пурра амалишавии  се  ҳадафи  стратегии аз  тарафи Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  муайян кардашуда бо Афғонистон, ки  дарвозаи минтақаи АвруОсиё маҳсуб  мешавад,  вобастагӣ дорад. Аз  ин  лиҳоз, баҳри  ба  эътидол овардани  вазъияти  сиёсии  Афғонистон,  дар  баробари андешидани тадбирҳои  сиёсиву низомӣ, ба  нақша гирифтан  ва  иҷрои  тадбирҳои  дигари  дуҷониба ва  бисёрҷонибаи иқтисодӣ, фарҳангиву варзишӣ, фановарӣ  ва  ғайра  аз аҳамият  холӣ  намебошанд.

Ба  ин  асос, дар ин  самт андешидани  тадбирҳои  зерин  мувофиқи  мақсад  мебошад:

-минбаъд ҳам ҷалб кардани Афғонистон ба ҷараёнҳои ҳамгироии  байналмилалӣ  ва  минтақавӣ  идома  дода  шавад;

-робитаҳои дуҷонибаи  сиёсӣ, низомӣ,  иқтисодиву  фарҳангӣ  байни Тоҷикистону Афғонистон,  ки солҳои  охир  бар  асари «бозиҳо» — и  абарқудратҳо   дар  Афғонистон ва  минтақаи  Осиёи  Марказӣ  коҳиш  ёфтаанд,  ба  сатҳи  баландтар  бардошта  шаванд;

-ба  Афғонистон, дар татбиқи   лоиҳаҳои  иқтисодии  барои  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  манфиатнок, аз  қабили КАСА – 1000, роҳи  оҳани Туркманистон, Афғонистон, Тоҷикистон, инчунин  барномаву лоиҳаҳои  дигари аз тарафи  кишварҳои  хориҷӣ дар қаламрави Афғонистон амалишаванда, ба монанди корхонаи истихроҷи  миси Айнак, ТАПИ  ва  ғайра  мусоидат  карда  шавад;

-имкони иштироки Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар барқароркунии системаҳои кишоварзӣ ва обёрии  Афғонистон, сохтмони  обанборҳо ва инфрасохторҳои  ҳаммонанд иловатан баррасӣ  карда  шавад.

 

                                    Нарзулло САНГИНОВ,

                                муовини  сардори Раёсати  омӯзиши 

                                       масъалаҳои амнияти  минтақавии

Маркази тадқиқоти стратегии

назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Январь 18, 2018 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад
СММ: 800 ҳазор нафар дар Ал-Фашир зери хатари ниҳоят шадид қарор доранд