Сокинони Душанбе минбаъд дар таъмини об танқисӣ нахоҳанд дид!

Январь 23, 2018 09:17

ДУШАНБЕ, 23.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати  ба талаботи муосир  ҷавобгӯ гардонидани хизматрасониҳои коммуналӣ ва беҳтар намудани  бахши  обтаъминкунию корезии пойтахт  тадбирҳои судманд андешида, бо ин мақсад   ҳамкориро  бо институтҳои байналмилалии молиявӣ ва дигар ташкилотҳои сармоягузор  густариш медиҳад. Аз ҷумла, дар самти   таъмини  сокинон бо оби ошомиданӣ  тадбирҳои муҳим роҳандозӣ   мегарданд. 

Тавре аз Раёсати  иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  аз  ҷониби мутахассисони Бонки ҷаҳонӣ корҳои асосноккунии иқтисодӣ – техникии «Лоиҳаи нави обтаъминкунӣ ва беҳдоштии шаҳри Душанбе» идома дошта,  аз нимаи дуюми соли 2018 барои соҳаи обтаъминкунию  корези  шаҳри Душанбе аз ҷониби Бонки мазкур   40 миллион ва аз ҷониби Бонки осиёии рушд  35 миллион  доллари ИМА  ҷудо  мегардад.
Маврид ба зикр аст, ки  муҳлати анҷоми «Лоиҳаи дуюми обтаъминкунии шаҳри Душанбе», ки 31 декабри соли 2015  пешбинӣ гардида буд, то  30 сентябри соли 2018 тамдид гардид.

Ҳадафи Лоиҳаи дуюми обтаъминкунии шаҳри Душанбе барои Ҷумҳурии Тоҷикистон- ин беҳтарсозии самаранокии КВД «Обу корези Душанбе» дар ноҳияҳои фарогирифташудаи пойтахт аст. Лоиҳа аз чаҳор қисмат иборат мебошад, ки қисмати аввали он  баҳисобгирии об ва идораи талабот ба он аст.

Бояд ёдовар шуд, ки дар доираи  татбиқи Лоиҳаи мазкур  дар давраи панҷсолаи  он, ки   аз  12 октябри соли 2011 то соли 2015-ро дар бар мегирифт, бо  арзиши умумии  30 миллион доллари амрикоӣ  маблағҳои сармоявии Бонки ҷаҳонӣ  ва саҳмгузории   мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  дар як қисм  хонаҳои  истиқоматии сокинони пойтахт обҳисобкунакҳо ва дар  ҳавзи танзими шабонарӯзии «Обу корези Душанбе»    обҳисобкунакҳои ултрасадоӣ, инчунин  дар истгоҳҳои обтаъминкунии  ин корхона техникаҳои  гидравликӣ   насб шуданд.  Ҳамзамон шабакаҳои обрасон ва обанборҳои «Обу корези Душанбе» аз қуму такшонҳо тоза карда шуда,  навбати якуми  пойгоҳи полоишии «Худҷорӣ» сохта, мавриди истифода қарор  дода шуд.

Маблағи татбиқи лоиҳаи дуюм барои анҷоми  маҷмӯи корҳо дар   соҳаи обтаъминкунии шаҳри Душанбе  танҳо соли 2017 беш аз 2 млн 700 ҳазор доллари амрикоиро ташкил дод.
Алҳол дар доираи маблағгузории иловагии  ин лоиҳа корҳои аз байн бурдани  иншооти кӯҳна ба итмом расида, сохтмони дуюми пойгоҳи  полоишии «Худҷорӣ» оғоз шудаанд.

Дар асоси қарордодҳо  таҷҳизонидани  иншооти нав бо филтрҳои  иловагию қубурҳои магистралӣ ба нақша гирифта шуда, ширкати мушовирии «КЕС консалтинг инжиниринг групп»-и Германия  ҷараёни ин корҳоро назорат  менамояд.

Ҳамчунин ҷиҳати  насб намудани таҷҳизот барои сарфаи қувваи барқ иваз намудани қубурҳои магистралӣ, ба қитъаҳои фишорӣ ҷудо намудани  шабакаҳои обрасон барои кам намудани талафоти об дар    КВД «Обу  корези  Душанбе» ва  харидории  системаҳои коммуникатсионию ҳисоботдиҳӣ, ки маблағи умумиашон зиёда аз 2 миллион  доллари амрикоиро  ташкил медиҳад, ба нақша гирифта шудаанд.

Татбиқи лоиҳаҳои мазкур имкон фароҳам меорад, ки камбудиву норасоиҳо дар хизматрасониҳои коммуналӣ ва   бахши  обтаъминкунию корезии пойтахт  пурра бартараф гардида,   душанбегиҳо  дар таъмини об дигар  танқисӣ   накашанд.

Тавре аз КВД «Обу  корези  Душанбе»   иттилоъ доданд,   муштариён минбаъд  метавонанд аз хизматрасонии  нави корхонаи мазкур, ки ба таври ройгон ба роҳ монда шудааст,   истифода баранд.

Муштарӣ барои гирифтани маълумоти пурра барои вориди нишондоди обҳисобкунак ба сомонаи  www.okd.tj  ё ин ки ба «Ҳуҷраиинфиродӣ” –и   сомонаи мазкур   даромада,  ҳисоби шахсии худ ва  рамзро, ки дар ҳисоби шахсӣ қайд шудааст,  ворид  намояд.

Баъд аз ин  метавонад  маълумотро  оид ба  ҳисобот дар ҳамон давра, гирифтани расид, инчунин нишондоди обҳисобкунак ворид намояд. Ҳамчунин доир ба нархномаи хаққи хизматрасониҳо ва дигар масъалаҳои   бахши  обтаъминкунию корезии пойтахт     метавонанд аз сомонаи  КВД «Обу  корези  Душанбе»  маълумот пайдо намоянд.

                                               Рухсораи НУР,

                                              АМИТ «Ховар»

Январь 23, 2018 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба оғози Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» ҳамоиш доир гардид
Дар ноҳияи Рӯшон барои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ машқи мукаммал гузаронида шуд
ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА ОМӮЗИШИ ИЛМ ВА КАСБУ ҲУНАР. Дар ноҳияи Муъминобод оид ба ин мавзуъ вохӯриҳо доир мешаванд
Маъракаҳои пурдабдаба, хароҷоти беҳуда ва хурофотпарастӣ ба сатҳи зиндагонии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад
Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи Қазоқистон расонида шуд
Ба сокинони деҳаҳои Кӯли Калон ва Нушори поёни ноҳияи Тоҷикобод 2 техника бо арзиши 850 ҳазор сомонӣ кумак карда шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Қонун меҳвари фаъолият, зиндагӣ ва мавҷудияти минбаъдаи сокинони мамлакат бошад
«Душанбе пешрафта ва сарсабз мешавад», -бардошт аз ҳамоиш дар Маркази тадқиқоти стратегӣ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи барги тару тозаи қоқу кори узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшад
Ҳамкории Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо мақомоти давлатии Финляндия густариш меёбад
ИМРӮЗ- РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Онҳо дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, ҳимояи қонуният ва адолат қарор доранд