Ҳаққи роҳкиро дар шабакаи хатсайрҳои шаҳри Душанбе тағйир ёфт

Февраль 20, 2018 09:53

ДУШАНБЕ, 20.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Аз 15 феврали соли 2018 ҳаққи роҳкиро дар шабакаи хатсайрҳои шаҳри Душанбе барои як мусофир тавассути автобус 1,20 (як сомонию бист дирам), троллейбус 1,00 (як сомонӣ), автобусҳои хурдғунҷоиш (микроавтобусҳо) 1,60 (як сомонию шаст дирам), автобусҳои бо реҷаи экспресс фаъолияткунанда  1,50 (як сомонию панҷоҳ дирам),  автобус ва троллейбусҳо бо кортҳои кӯтоҳмуҳлати пардохти зудамал (QR-Kod) барои 4 ва 8 сафар  мутаносибан бо арзиши 5 (панҷ) ва 10 (даҳ) сомонӣ   муқаррар гардид. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе ба тасвиб расид.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд,  дар ҳолати аз ҷониби мусофирон харидани  50 ва зиёда аз он корти сафар тариқи кортҳои пластикии нақлиётӣ дар автобус ва троллейбус   барои донишҷӯён 30 фоиз,  барои дигарон 15 фоиз  тахфиф  пешниҳод мешавад.

Ҳаққи роҳкиро дар хатсайрҳои наздишаҳрии шаҳри Душанбе барои як мусофир тавассути нақлиёти мусофирбари ғунҷоишаш хурд ва миёна 2,00 (ду сомонӣ) муқаррар шудааст.

«Ин амал бо мақсади пурра қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти аҳолӣ бо хизматрасонии нақлиётӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои истифодабарандагони хизматрасониҳои нақлиётӣ, ҳамоҳангсозии оқилонаи фаъолияти нақлиёти мусофирбар ва муҳайё намудани шароити якхела барои рақобати озоди субъектони хоҷагидор дар бозори нақлиётӣ, новобаста аз шакли моликият ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мусофирон роҳандозӣ гардидааст», — афзуд манбаъ.

 

 

Февраль 20, 2018 09:53

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат ва меросдори анъанаҳои наврӯзӣ». Дар Душанбе Фестивали чоруми дӯстии ҷавонон доир мешавад
«КАРНАВАЛИ НАВРӮЗӢ». Имрӯз дар Майдони Истиқлоли шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз барномаи фарҳангӣ доир мегардад
«Карнавали Наврӯзӣ» дар Майдони Истиқлоли шаҳри Душанбе 25 март баргузор мегардад
ХУШ ОМАДӢ, НАВРӮЗИ МАН! Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ сокинону меҳмонон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба қишри ниёзманди ҷомеа ва сарбозони қисмҳои низомӣ кумак расонида шуд
ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗӢ. Имрӯз дар тамоми боғҳои пойтахт барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мегарданд
Субҳи имрӯз дар «Боғи Ғалаба» сокинони чор ноҳияи пойтахт бо оростани гулхани ҷашнӣ фарорасии Соли нави аҷдодиро пешвоз гирифтанд
Дар шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор гардид
РАМЗИ БАҲОРУ НАВРӮЗ. Дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе табақи суманак гузошта шуд
Дар Душанбе бо мақсади муаррифии имконияти сайёҳӣ ва фарҳанги миллии тоҷикон фестивали байналмилалӣ оғоз ёфт
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Дар шаҳри Душанбе фестивали байналмилалӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ-МАКОНИ БЕҲТАРИНИ САЙЁҲӢ. Дар айёми баҳор пойтахт барои гардишгарӣ хеле муносиб аст