«Қадамҳои устувор дар таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар» – шарҳи матбуот

Февраль 22, 2018 15:42

ДУШАНБЕ 22.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Нашрияи расмии «Ҷумҳурият» (19.02.2018,№37) оид ба мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов бо директори Дафтари ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон Валбурга Рос ва фиристодаи махсуси Конфедератсияи Швейтсария оид ба масъалаҳои об Мишел Мордазини, таҳким ёфтани муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон бо Япония ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардондани Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, инчунин зери рубрикаи «Ҷаҳон дар як сатр» оид ба муҳимтарин ҳодисаҳои кишварҳои олам хабарҳо нашр кардааст.

Дар саҳифаҳои дохилии нашрия мақолаи таҳлилии рӯзномаи маъруфи «Ал-аҳром»-и Миср бо сарлавҳаи «ҲНИТ ва робитаҳои пинҳонӣ» бознашр шудааст. Мақола аз ҷиноятҳои ташкилоти экстремистӣ-террористии ҲНИТ ва робитаи пинҳонии ин созмон бо гурӯҳҳои террористии ДИИШ, «Ҷабҳат-ун-нусра», «Ҷайш-ал-ҳур», «Ихвон-ул-муслимин» нақл мекунад ва ному насаби аъзои ҲНИТ-ро, ки дар сафи ин гурӯҳҳои террористии Ховари Миёна дар кишварҳои Ироқу Сурия силоҳ ба даст гирифта меҷанганд, овардааст. «Асоси ақидаи ДИИШ ва ҳизби наҳзат ҳар ду аз як масдар сарчашма мегиранд. Онҳо аз ақидаи Саид Қутб, пешвои Ихвон-ул-муслимин, ки фикрҳои худро дар китоби «Маолим ала Тариқ» ҷой додааст, истифода мебаранд. Ҳамчунин равияҳои «Ҷамоати муслимин», «Такфир», «Ҳиҷра» ва гурӯҳҳои дигар низ аз ҳамин сарчашма неруи худро ба даст меоранд. Ҳамаи онҳо дар фикри барпо намудани «Давлати исломӣ» буда, барои расидан ба ин мақсад тамоми ваҳшониятҳоро зери парчами дин ва ислом амалӣ месозанд. Ҳол он ки дини ислом аз ин корҳо пок аст», — омадааст дар мақола.

Дар шумораи навбатии нашрияи «Ҷумҳурият» (20.02.2018,№38) мусоҳибаи раиси ноҳияи Вахш Шарбатулло Азизулло бо сарлавҳаи «Вахш. Шуҳрати пешина барқарор мешавад» чоп шуда, ҳамчунин дар доираи озмуни «Ҷумҳурият» мақолаи Х.Сафарзода бо номи «Бобоҷон Ғафуров ходими номдори давлатию сиёсӣ» пешкаши хонандагон шудааст. Дар саҳифаи дохилии нашрия тартиби гузаронидан ва ҳайати Комиссияи ҷумҳуриявии озмуни кушод ҷиҳати офаридани беҳтарин лоиҳаи ангоравии маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва озодӣ» бознашр шудааст. Мавриди зикр аст, ки бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ, таҷассуми рукнҳои муҳими давлатдорӣ, баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, дар қалби шаҳрвандони мамлакат ҷой додани ғояҳои истиқлолият ва озодӣ ва ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни кушод барои офаридани беҳтарин лоиҳаи маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» эълон шуда буд. Тавре иттилоъ дода мешавад, ба ғолибони озмун барои ҷойи якум 15 000 сомонӣ, барои ҷойи дуюм 10 000 сомонӣ, барои ҷойи сеюм 7000 сомонӣ маблағҳои пулӣ тақдим мегарданд. Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» дар қисмати марказии шаҳри Душанбе, дар майдони 8,5 га, воқеъ дар буриши дарёи Душанбе бо дарёчаи Лучоб, дар қисмати ҷанубии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бунёд мешавад.

Нашрия ҳамчунин маводи зеринро «Ифротгароӣ, аз ҷаҳолат то гумроҳӣ», «Сайёд. Кашфи боз як шаҳраки бостонии тоҷикон», «Ҳисор. Маориф рушди соҳаҳои дигарро ҳам таъмин мекунад», «Энергияи алтернативӣ. Тоҷикистон имкони рушди онро дорад», «Бозори истеъмолӣ. Назорати ҷамъиятӣ роҳандозӣ мешавад», ки дар мавзӯъҳои муҳими рӯз иншо шудаанд, пешкаши хонандагон кардааст.

Нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Садои мардум» (22.02.2018,№23) гузориши муфассалро аз иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи ду иншооти таъминоти ҳарбӣ ва бинои истиқоматӣ барои хизматчиёни ҳарбиву давлатӣ чоп кардааст. Дар арафаи таҷлили 25-умин солгарди таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иншооти муҳими ҳарбӣ-стратегӣ- Маркази идоракунии Қувваҳои мусаллаҳро мавриди истифода қарор доданд. Маркази идоракунӣ бо системаи муосири алоқаи видеоконфронси пӯшида муҷаҳҳаз гардонида шудааст, ки тавассути он интиқоли маълумоти электронӣ, идоракунии мустақими қӯшунҳо ва ташкили дигар амалиёти ҷангӣ имконпазир аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи Маркази идоракунии Қувваҳои мусаллаҳ ба Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа ташриф оварда, дар маросими ба истифода додани бинои нави таълимии факултаи ҳавопаймоӣ иштирок намуданд. Сипас Пешвои миллат дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе бинои 12-ошёна иборат аз се қисмро барои 200 оилаи хизматчии давлатӣ, аз ҷумла, 40 оилаи кормандони низомӣ мавриди истифода қарор доданд.

Нашрия қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олиро оид ба иваз намудани номи шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Сарбанд, ноҳияи Бохтар, шаҳраки Восеъ ва деҳаи Қурбоншаҳиди ноҳияи Восеъ, деҳаҳои Шота Руставели, Тошохур ва Будинободи ноҳияи Ёвонро нашр кардааст. Бо Қарори мазкур номи шаҳри Қӯрғонтеппа ба шаҳри Бохтар, шаҳри Сарбанд ба шаҳри Левакант, ноҳияи Бохтар ба ноҳияи Кӯшониён, шаҳраки Восеъ ба шаҳраки Ҳулбук, деҳаи Қурбоншаҳид ба деҳаи Меҳробод,, деҳаи Шота Руставели ба деҳаи Саргаҳ, деҳаи Тошохур ба деҳаи Боғдара ва деҳаи Будинобод ба деҳаи Зарриндашт иваз карда шуданд.

Нашрия ҳамчунин бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ мақолаи Шералӣ Мирзо, Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо сарлавҳаи «Қадамҳои устувор дар таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар» дарҷ намудааст. «Дар давоми 25 соли охир маҳз бо дастгирии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар гарнизонҳои Хатлону Суғд, Хоруғ, Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ садҳо бинои маъмурию ситоди қисмҳои ҳарбӣ, комиссариатҳои ҳарбӣ, хобгоҳҳои аскарону афсарон, синфхонаҳои таълимӣ, иншооти ёрирасони коммуналӣ, истгоҳҳои доимӣ барои нигоҳдории техникаи ҳарбӣ ва дигар иншооти зарурӣ бо сифати баланд мутобиқ ба талаботи ҳозиразамони низомӣ мавриди истифода қарор дода шуданд», — омадааст дар мақолаи Шералӣ Мирзо.

Нашрияи марказии ҲХДТ «Минбари халқ»  таҳти унвони «Мавқеи ҳизбӣ бояд бо манфиатҳои миллӣ тавъам бошанд» аз Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон гузориши муфассал ва матни суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар маҷлиси мазкур нашр кардааст. Ҳамчунин дар ҳошияи суханронии Сарвари давлат музокираҳои аъзои фаъоли ҲХДТ чоп шудаанд.

Минбари эҷодкорони Тоҷикистон «Адабиёт ва санъат» дар саҳифаи назм шеърҳои Адибаи Ҳуҷандӣ, Рӯдобаи Мукаррам, Шаҳобуддини Шуҷоъ, дар саҳифаи наср ҳикояи Баҳманёр «Дона дар дастос», инчунин ба истиқболи 140-солагии Садриддин Айнӣ мақолаи муҳаққиқ Саодат Шукуроваро бо сарлавҳаи «Айнишиносе бо ихлосу сипос»  нашр кардааст.

 

 

Февраль 22, 2018 15:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид