Ҳайати Тоҷикистон дар конфронси Давҳа оид ба муколамаи динҳо иштирок намуд

Февраль 24, 2018 10:16

ДУШАНБЕ, 24.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои 20-21 феврали соли 2018 дар пойтахти Давлати Қатар ҳамоиши 13-уми байналмилалии Давҳа оид ба муколамаи динҳо зери унвони “Дин ва ҳуқуқи инсон” баргузор шуд, ки дар кори он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ширкат варзид.

Пайравони динҳои ислом, масеҳӣ ва яҳудӣ аз 67 кишвари  ҷаҳон, бо таваҷҷуҳ ба афзоиши низоъҳо дар заминаи ихтилофоти мазҳабӣ, роҷеъ ба зарурати ҳамзистии динҳо ва фарҳангҳои мухталиф, тақвияти нақши созандаи муқаддасоти динӣ барои пешрафти ҷомеа ва таъмини сулҳу суботи байналмилалӣ, таъмини ҳуқуқи динӣ ва роҳҳои муассири пешгирӣ аз ифротгароӣ ва фаъолиятҳои тахрибие, ки бо истифода аз номи дин ва арзишҳои муқаддас барои татбиқи ғаразҳои нопоки сиёсӣ дар манотиқи мухталифи ҷаҳон мушоҳида мешавад, суханронӣ ва табодули назар карданд.

Дар ҷаласаҳои конфронс аъзои ҳайати Тоҷикистон дар робита ба рушди ҳаёти босуботи иҷтимоию фарҳангии ҷумҳурӣ, дастовардҳои назаррас дар ин самт, тадбирҳое, ки ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати таъмини ҳуқуқи инсон, аз ҷумла, ҳуқуқи динию мазҳабии шаҳрвандон андешидааст, таҷрибаи ҳамзистии намояндагони адёну фарҳангҳои мухталиф дар Тоҷикистон, таблиғи симои созандаи ислом ва тақвияти нақши арзишҳои асили он дар таъмини суботи ҷомеа ва пешрафти он ва инчунин оид ба талошҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ сухан гуфтанд.

Дар ҳошияи конфронси мазкур Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Маркази байналмилалии Давҳа оид ба муколамаи динҳо ва Маркази исломшиносии назди Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.

Санади мазкурро раиси Маркази мазкур доктор Иброҳим Солеҳ ал-Наимӣ ва директори Маркази исломшиносии Тоҷикистон Файзулло Баротзода ба имзо расониданд.

 

Февраль 24, 2018 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад
СММ: 800 ҳазор нафар дар Ал-Фашир зери хатари ниҳоят шадид қарор доранд
Ҷаласаи навбатии гурӯҳи коршиносони давлатҳои аъзои СҲШ оид ба амнияти байналмилалии иттилоотӣ доир гардид
Сокинони беш аз 15 ҳазор манзил дар шимоли Уганда аз обхезиҳо зарар диданд
Бар асари борони сел дар Чин 11 нафар бедарак шудаанд
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон: «Ширкатҳои мобилӣ бояд суръати интернетро баланд бардоранд, на нархи интернет ва алоқаи мобилиро»
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 апрел, сешанбе, 114-умин рӯзи соли 2024 аст
Ҷавонон бо фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд
Чин дар робита бо бориши шадид ҳушдори сатҳи «норинҷӣ» эълон намудааст
АЗ УРФУ ОДАТ ВА ФАРҲАНГИ БЕГОНА ПЕШГИРӢ МЕНАМОЕМ! Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд