«АВТО БОНУ-2018». Дар Душанбе бори чорум Озмуни бонувони ронанда доир карда мешавад!

Февраль 13, 2018 14:41

ДУШАНБЕ, 13.02.2018./АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Модар Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон   маротибаи чорум  Озмуни бонувони ронандаро бо номи «Авто Бону-2018» баргузор менамояд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз БДА ВКД ҶТ хабар доданд.

Озмун 3-юми марти соли 2018 соати 10:00 дар автодроми автоматиконидашудаи ба номи А.Турсунов, воқеъ дар километри 7- уми кӯчаи С.Айнии шаҳри Душанбе доир карда мешавад. Тавре созмондиҳандагони он гуфтанд, ҳадаф аз баргузор намудани ин Озмун – баланд бардоштани  маҳорати касбии  занону духтарони ронанда ва тарғиби қоидаҳои ҳаракат ва бехатарӣ  дар роҳ мебошад. Дар ин санҷиши маҳорат занону духтароне, ки шаҳодатнома ва собиқаи на кам аз яксолаи ронандагӣ доранд, иштирок карда метавонанд.

Озмун аз рӯи даврҳои зерин гузаронида мешавад:
Даври I. «Варақаи боздид» — «Ман ва автомобилам» (ороиши автомобил);

Даври II. Мусобиқаи «Донандагони ҚҲР» (Қоидҳои ҳаракати роҳ)

 Даври III. Рондани автомобил дар Автодром ;

 Даври IV. «Ёрии аввалияи тиббӣ»;

Давраи V. «Намоиши плакати тарғиботӣ».

Ғолибон ва иштирокчиёни Озмун бо тӯҳфаҳо қадрдонӣ карда мешаванд.
Бонувоне, ки мехоҳанд дар ин озсмун иштирок  намоянд, метавонанд, ба суроғаи Раёсати БДА, кӯчаи Ҷ.Расулов-69 ва ё бо телефонҳои зерин муроҷиат намоянд: 93-508-70-72, 235-79-85, 238-46-04.

Февраль 13, 2018 14:41

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд