Беш аз 70% экосистемаҳои кӯҳии табиии муҳити зист ва гуногунии биологии Осиёи Марказӣ аз Тоҷикистон сарчашма мегиранд

Февраль 23, 2018 15:57

ДУШАНБЕ, 23.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар робита ба гуногунии биологӣ мавқеи хосса ишғол намуда, беш аз  70% экосистемаҳои кӯҳии табиии муҳити зист ва гуногунии биологӣ аз кишвари мо маншаъ мегиранд. Ин матлабро раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон  оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода дар машварате, ки имрӯз дар Парлумони мамлакат дар мавзӯи «Гуногунӣ ва бехатарии биологӣ» доир гардид, баён дошт.

Машварати мазкур дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон   ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, дар он вакилони Парлумон, намояндагони идораҳои масъул ва  олимони соҳа иштирок доштанд. Таъкид шуд, ки олимони набототшиноси тоҷик дар ҳудуди мамлакат беш аз 23 ҳазор намудҳои набототу ҳайвонотро маълум намудаанд, ки ин захираи бойи генетикии мамлакат ба шумор рафта, асоси ба даст овардани маводи ғизоӣ, истеъмолӣ ва табобатии мардум мебошад.

Зикр шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати ҳифзи гуногунии биологиро дар сатҳи байналмилалӣ, минтақавӣ ва миллӣ ҷонибдорӣ намуда, дар ҳалли проблемаҳои экологӣ ва расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор саҳми арзанда мегузорад.

Мавриди зикр аст, ки Тоҷикистон аз соли 1997 аъзои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба гуногунии биологӣ, протоколҳои Картахен доир ба бехатарии биологӣ ва Нагоя доир ба дастрасӣ ба сарватҳои генетикӣ мебошад. Дар асоси талаботи Конвенсияи СММ, сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи гуногунии биологӣ ва бехатарии биологӣ ба такмили заминаи ҳуқуқӣ, ташаккули таҳкурсии институтсионалӣ, амалӣ, таълимӣ ва омӯзишӣ барои  тақвияти муносибати бисёрҷониба ва самарабахш дар ҳалли масъалаҳои экологии ҷаҳонӣ ва миллӣ равона гардидааст. Дар солҳои истиқлолияти давлатӣ дар ҷумҳурӣ қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», «Дар бораи бехатарии биологӣ», «Дар бораи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам», Стратегияи миллӣ ва нақшаи амал оид ба нигоҳдорӣ ва истифодаи оқилонаи гуногунии биологӣ барои солҳои 2014-2020 қабул шудаанд, ки барои ҳифзи муҳити зист ва гуногунии биологӣ дар сатҳи миллӣ ва ҳамкории байналмилалӣ заминаи устувор фароҳам овардаанд.

 

 

Февраль 23, 2018 15:57

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд