БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН: сатҳи таваррум дар моҳи январи соли 2018 тамоюли тағйирёбии муътадил дошт

Февраль 14, 2018 15:06

ДУШАНБЕ, 14.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сатҳи таваррум дар моҳи январи соли ҷорӣ 0,4 фоизро ташкил дод.

Бино ба иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, ба таварруми ҳосилшуда асосан болоравии арзиши хизматрасониҳои пулӣ ба аҳолӣ 2,9 фоиз таъсир расонид. Аз ҷумла, баландшавии арзиши хизматрасониҳои пулӣ асосан аз ҳисоби қиматшавии мавсимии нархи чиптаи ҳавопаймо (хатсайри байналмилалии Душанбе — Москва) ба андозаи 82,2 фоиз ба амал омадааст.

Инчунин дар ин давра тағйирёбии нисбатан муътадили нархи маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ ба андозаи 0,1 фоиз ва коҳиши нархи маҳсулоти хӯрокворӣ 0,1 фоиз мушоҳида гардид. Аз молҳои ғайрихӯрокворӣ асосан нархи бензин 1,1 фоиз қимат шудааст. Коҳишёбии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ асосан аз ҳисоби арзон шудани нархи орди навъи 1 ба андозаи 1,0 фоиз, нархи гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ 0,4 фоиз ба вуқӯъ пайваст.

Ҳамин тариқ, саҳми тағйирёбии нархҳои истеъмолӣ дар таварруми моҳи январи соли равон чунин арзёбӣ гардид: хизматрасониҳои пулӣ ба аҳолӣ 0,44 банди фоизӣ, маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ 0,03 банди фоизӣ ва маҳсулоти хӯрокворӣ -0,06 банди фоизӣ.

Сатҳи таварруми солона дар 12 моҳи охир  дар моҳи январ ба 6,5 фоиз баробар гардида, нисбат ба моҳи декабри соли 2017 0,2 банди фоизӣ поён рафт. Нишондоди мазкур мувофиқ ба ҳадафи мақсадноки муайянкардаи Бонки миллии Тоҷикистон 7 (±2%) фоизи солона тағйирёбии муътадил дорад.

Бонки миллии Тоҷикистон сиёсати пулию қарзии шаффоф ва пайгиронаро амалӣ намуда истодааст, ки он тавассути истифодаи фишангҳои монетарӣ, пеш аз ҳама, меъёри бозтамвил барои танзими ҳаҷми пул ҷиҳати бартараф намудани таъсири фишорҳо ба сатҳи нархҳо ва ба ин васила, ноил гардидан ба ҳадафи мақсадноки таварум равона мегардад.

 

 

Февраль 14, 2018 15:06

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар мулоқот бо намояндагони Хазинаи Байналмилалии Асъор масъалаҳои марбут ба низоми бонкиро баррасӣ намуд
Саҳми Бонки ҷаҳонӣ дар татбиқи ислоҳоти сохтории иқтисодиёти Тоҷикистон назаррас арзёбӣ гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Намоишгоҳи молу маҳсулоти корхонаҳои саноатии Узбекистон дар маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе то 21 апрел идома меёбад
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Дар қаламрави Тоҷикистону Узбекистон қариб 400 корхонаи муштарак фаъолият менамояд
Дар вилояти Хатлон татбиқи 368 лоиҳа ба маблағи 8,5 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Вазири кишоварзии Узбекистон дар шаҳри Ҳисор бо фаъолияти корхонаи «Агротехсервис» шинос гардид
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
«Гардиши мол байни ду давлат дар ояндаи наздик ба 1 миллиард доллари амрикоӣ расонида мешавад», — бардошт аз Форуми соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон ва Узбекистон