Дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои кушода доир мегардад

Февраль 22, 2018 11:53

ДУШАНБЕ, 22.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. 27 феврали соли равон дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои кушода доир мегардад.

Тавре ба АМИТ «Ховар»  аз маъмурияти Донишкада хабар доданд, вохӯрӣ  соати 8-и субҳ оғоз гардида, то соати 16:00 идома меёбад.

Ба иттилои манбаъ, дар чаҳорчӯби мулоқот суҳбати роҳбарони  Донишкада бо хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии пойтахт ва манотиқи мамлакат баргузор мешавад.

«Иштирокчиёни вохӯрӣ роҷеъ ба самтҳои фаъолияти Донишкада, факултетҳои амалкунанда, фанҳои таълимӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳашон маълумоти муфасссал дастрас карда метавонанд», — гуфт манбаъ.

Зикр гардид, ки дар ин рӯз хатмкунандагони мактабҳо  ҳамчунин метавонанд бевосита аз факултетҳои он боздид намуда, бо ҳайати омӯзгорону донишҷӯён мулоқот барпо кунанд.

Бояд зикр намуд, ки Донишкадаи идоракунии давлатӣ муассисаи олии таълимию илмии давлатӣ мебошад, ки фаъолияти он ба тайёр кардани кадрҳои соҳаи идоракунии давлатӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ равона гардидааст.

Донишкада сифати олии таҳсилро кафолат дода, дорои ҳайати устодон ва мутахассисони варзидаи соҳаи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ мебошад. Ҳамчунин дар раванди таълим роҳбарони вазорату мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ходимони давлативу коршиносони ватанӣ, олимони варзидаи ватаниву хориҷӣ ҷалб карда мешаванд.

Сохтори Донишкада дорои Пажӯҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ, 3 факултет, аз ҷумла, факултети идоракунии давлатӣ, факултети муносибатҳои байналмилалӣ ва факултети азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ, инчунин магистратура ва 8 кафедра мебошад.

 

Февраль 22, 2018 11:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад
СММ: 800 ҳазор нафар дар Ал-Фашир зери хатари ниҳоят шадид қарор доранд