Дар Душанбе ҳамоиши доираҳои соҳибкорони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон доир мегардад

Февраль 19, 2018 17:23

ДУШАНБЕ, 19.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Нимаи аввали моҳи  марти соли равон дар Душанбе Бизнес-форуми  доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Ӯзбекистон доир мегардад. Интизор меравад, ки дар ҳамоиши тиҷоратӣ доираҳои соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон масъалаҳои муҳими марбут ба тавсеаи равобити иқтисодию тиҷоратии байни ду давлати ҳамсояро матраҳ намуда,  санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонанд. Ҳамкории гуногунсоҳа, аз ҷумла, иқтисодию тиҷоратӣ байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз  пеш густариш меёбад.

Бояд тазаккур дод, ки дар зарфи як соли охир робитаҳои мутақобилан судманди иқтисодию тиҷоратии  Тоҷикистон ва Ӯзбекистон тақвият ёфтанд. Соли 2017  дар шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд ҳамоиши соҳибкорон ва намоиши молҳои саноатии истеҳсоли Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор ва ташкил карда шуд. Ҳамзамон соли гузашта  баъд аз 25 сол  миёни шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд парвози мустақим тавассути ҳавопаймоҳо ба роҳ монда шуд. Инчунин ташрифи ҳайатҳои баландпояи Тоҷикистону Ӯзбекистон  ба давлатҳои ҳамдигар бозгӯи тақвияти равобити мутақобилан судманди Тоҷикистону Ӯзбекистон аст.

Тибқи  омори расмӣ, ҳаҷми табодули мол байни ду давлат соли 2017 ба 126 миллион доллар баробар гардидааст, ки аз он 69 миллион доллар воридоти мол аз Ӯзбекистон  ба Тоҷикистон ва 57 миллион доллар содироти мол аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистонро ташкил медиҳад.

Февраль 19, 2018 17:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Хазинаи Авруосиёии субот ва рушд лоиҳаи тавсеаи буҷети барномавиро оғоз менамоянд
Ширкатҳои Ҳиндустон ба истеҳсоли молу маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон изҳори ҳавасмандӣ намуданд
Имрӯз дар Бангкок ҷаласаи вазирони Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон гузариши транзитии мошинҳои боркашро осон менамоянд
Дар корхонаи «Роҳи оҳани Тоҷикистон» 130 вагон аз таъмири асосӣ ва умумӣ бароварда шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 1,6 миллион тонна бор ва 95,8 ҳазор мусофир интиқол дода шуд
Дар мулоқоти ҳайати Тоҷикистон бо директори Бонки ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои бахши амалиётӣ маблағгузорӣ ба сохтмони неругоҳи «Роғун» баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 105,9% таъмин гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар маҷлиси машваратии давлатҳои электорати ҷаласаҳои баҳории Хазинаи Байналмилалии Асъор ва гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ иштирок намуд
Дар Вашингтон машварати мудирони Хазинаи Байналмилалии Асъор аз давлатҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ доир гардид
Гумрукчиён дар вилояти Суғд қочоқи 2,7 тонна маводи дорувориро пешгирӣ намуданд
Ҳайати Тоҷикистон бо Президенти Бонки сармоягузории Аврупо ҷалби сармоя барои бунёди иншооти гидроэнергетикиро баррасӣ намуд