Дар Душанбе тибби анъанавии Аюрведаи Ҳиндустон муаррифӣ гардид

Февраль 16, 2018 12:09

ДУШАНБЕ, 16.02.2018/АМИТ «Ховар»/. Соҳаи фармасевтӣ дар  Тоҷикистон яке аз  бахшҳои афзалиятнок ба шумор рафта, рушди он дар маркази таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ин нуктаро муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Манзура Рустамова дар ҳамоиши тибби  анъанавии Аюрведаи Ҳиндустон, ки дар Душанбе доир гардид, баён дошт.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки ҳамоиш бо ибтикори Сафорати Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  ҳамкорӣ бо Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалӣ намудани бандҳои Протоколи 9-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Ҳиндустон оид ба ҳамкории иқтисодӣ созмон дода шуд.

Дар ҳамоиш   Сафири Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сомнатх Гош,  сардори Раёсати фармасевтикаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Салим Абдулазизов, доктор Дудхамал Тукарам-  досенти Донишгоҳи Аюрведаи Гуҷарат, доктор Махаматра Арун Кумар — досенти Донишгоҳи Аюрведаи Деҳлӣ, доктор Голи Пенчала Прасад  аз Донишгоҳи миллии тиббии меросии шаҳри Ҳайдаробод, доктор Нариндер Сингх-досенти Донишгоҳи миллии Аюрведаи Ҷайпур, намояндагони вазоратҳо ва муассисаҳои соҳаи фармасевтика ва тибби анъанавии Тоҷикистон ва беш аз 60 нафар намояндагони бахши хусусии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Ҳадафи ҳамоиш аз баланд бардоштани савияи дониш ва маълумотнокии намояндагони бахши фармасевтика ва тибби анъанавӣ дар мамлакат иборат буд.

Сафири Ҳиндустон  Сомнатх Гош доир ба самтҳои  ҳамкории Тоҷикистону Ҳиндустон дар бахши тандурустӣ ва  фармасевтика  ибрози назар намуда, гуфт, ки Ҷумҳурии Ҳиндустон дорои технологияҳои муосири бахши тандурустӣ ва  тибби анъанавист, ки таърихи ҳазорсоларо дар бар мегирад. Дипломати Ҳинд роҷеъ ба таърихи  тибби қадимаю анъанавии  Аюрведа,  яъне илми ҳаёт, ки низоми қадимии дониш оид ба мувофиқати ҳаёт ва зиндагонии солими инсонро дар бар мегирад ва муолиҷаи алтернативӣ ба ҳисоб меравад, иброз дошт, ки Аюрведа дар Ҳиндустон хеле рушд ёфтааст. Дар ин росто, мо тасмим гирифтаем, ки намояндагони бахши фармасевтии Тоҷикистонро бо усули алтернативии тибби анъанавӣ шинос гардонем.

Манзура Рустамова зикр намуд, ки соҳаи фармасевтика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чун соҳаи афзалиятнок муаррифӣ шудааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Парлумони мамлакат оид ба масъалаи рушди фармасевтика таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудаанд ва мо баҳри амалӣ намудани пешниҳодҳои Пешвои миллат  бояд саъю кӯшиш намоем. Тоҷикистон  сарзамини кӯҳистон буда, дорои табиати нотакрор ва беш аз се ҳазор намудҳои гуногуни гиёҳҳои шифобахши аз лиҳози экологӣ тоза мебошад. Барои рушди соҳаи дорусозӣ дар мамлакат  воридоти технологияҳои муосири соҳавӣ ва ташкили корхонаҳои муштараки дорусозӣ бо истифода аз имконот ва имтиёзҳои дар минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳуриамон  мавҷудбуда зарур аст. Ҳамзамон дар ин самт дар ҷумҳурӣ барои сармоягузорон фазои мусоид фароҳам оварда шудааст. Қонун дар бораи ҳимояи сармоягузорон амал намуда, барои сармоягузорон имтиёзҳои зиёд муқаррар гардидаанд.


Дар ҳамоиш аз ҷониби донишмандони тибби Ҳиндустон  тибби қадимаи анъанавии Ҳиндустон-  Аюрведа  муаррифӣ гардида, таъкид шуд, ки дар оянда дар Тоҷикистон  Маркази Аюрведа бо истифода аз гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон таъсис дода шавад.

Дар анҷоми ҳамоиш ҳамзамон намоиши адабиёти марбут ба Аюрведа ва дигар дорую дармонҳои аз гиёҳҳои шифобахши Ҳиндустон омодагардида ба намоиш гузошта шуданд.

                                       Марзия САИДЗОДА,

АМИТ «Ховар»

Февраль 16, 2018 12:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тошканд густариши ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ шуд
«МегаФон Life»: маблағро тариқи паёмрасон интиқол диҳед!
Дар Бадахшон масъалаи таъмири роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ баррасӣ гардид
Дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе Маркази мониторинги камераҳои мушоҳидавӣ фаъол гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад