Дар Парлумони Тоҷикистон масъалаи мушкилоти истифодаи истилоҳот дар раванди қонунгузорӣ баррасӣ гардид

Февраль 15, 2018 16:51

ДУШАНБЕ, 15.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Проблемаҳои истифодаи истилоҳот дар раванди қонунгузорӣ»- таҳти чунин унвон имрӯз дар Парлумони мамлакат таҳти раёсати муовини аввали Раиси Маҷлиси намояндагон Абдуҷаббор Азизӣ машварат  баргузор гардид.   Раиси кумитаи  Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Эмомалӣ Насриддинзода зикр кард, ки  баъд аз Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми қонунгузории ҷумҳурӣ  истифодаи истилоҳот, мафҳумҳо ва  падидаҳои нав рӯи кор омаданд. Қонунгузорӣ аз нигоҳи методологӣ вобаста ба талаботи муносибатҳои ҷамъиятӣ мутаҳаррику тағйирёбанда буда, аз нигоҳи диалектикӣ доимо дар инкишофу пешравӣ мебошад. Аз ин рӯ, дар ҳамаи соҳаҳои қонунгузорӣ пайваста истилоҳоти нав ба вуҷуд меоянд.

Мавқеи Маҷлиси намояндагон дар риояи истифодаи истилоҳоти навини услуби матни қонунҳо, имлои нави забони тоҷикӣ ва риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» намоён аст. Аз ҷониби Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва пажӯҳишгарони ҳуқуқшинос фарҳангҳои истилоҳоти ҳуқуқӣ табъу нашр шудаанд, ки онҳо дар роҳи баланд бардоштани фарҳанги истифодаи истилоҳоти ҳуқуқӣ бунёд мегузоранд. Вале дар низоми қонунгузорӣ бидуни истилоҳоти ҳуқуқшиносӣ мафҳуму ибораҳо ва категорияҳое истифода мешаванд, ки онҳо аз соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ бармеоянд. Барои мисол, дар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг», «Дар бораи кино», «Дар бораи театр ва фаъолияти театрӣ», «Дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ», «Дар бораи ғалла», «Дар бораи занбӯри асалпарварӣ», «Дар бораи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи маориф» ва амсоли инҳо.

Таъкид гардид, ки  дар раванди инкишофи истилоҳоти қонунгузорӣ бояд мутахассисон саҳми худро гузоранд. Иштирокдорони машварат  таъкид намуданд, ки истифодаи истилоҳоти аслии тоҷикӣ дар раванди қонунгузорӣ, илми ҳуқуқшиносӣ ва дигар соҳаҳои илм баъд аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ аз мавзӯъҳои мубрам ва асосӣ ба ҳисоб меравад.

 

 

Февраль 15, 2018 16:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе вазъ ва дурнамои ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Гурҷистон баррасӣ шуд
Рустами Эмомалӣ ба Валентина Матвиенко ва Вячеслав Володин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
БАР ЗИДДИ ИФРОТГАРОИВУ ТЕРРОРИЗМ САРҶАМЪОНА МУБОРИЗА БАРЕМ. Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаҳо ба тасвиб расиданд
САРМОЯИ ИНСОНӢ. Рушд ва самаранокии истифодаи сармояи инсонӣ барои давлату Ҳукумат аҳамияти аввалиндараҷа дорад
Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Модар пуршукуҳ таҷлил гардид
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ПАРЛУМОНИ ТОҶИКИСТОН. 8 зан аъзои Маҷлиси миллӣ ва 16 нафар вакили Маҷлиси намояндагон мебошанд
Дар Душанбе бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаҳо ба тасвиб расиданд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Имрӯз иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мегардад