Дар шаҳри Душанбе мавсими «Ҳаҷ-2018» оғоз гардид

Февраль 21, 2018 16:12

ДУШАНБЕ, 21.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе Комиссияи шаҳрӣ  оид ба омодагӣ ва муташаккилона баргузор намудани мавсими «Ҳаҷ-2018» таъсис дода шуд. Ҳамчунин раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе  вазифадор гардиданд, ки баҳри қабули саривақтии ҳуҷҷатҳои ҳаҷравандагон комиссияҳои ноҳиявӣ таъсис   диҳанд. Комиссияҳои ноҳиявӣ  бояд  то муҳлати муқарраргардида ба Комиссияи шаҳрӣ ҳуҷҷатҳои зуруриро тибқи рӯйхат пешниҳод намоянд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ  ба имзо расида,   дар асоси он    раиси  Комиссияи шаҳрӣ  вазифадор гардидааст, ки то 6 апрели соли 2018 рӯйхати ҳаҷравандагонро тибқи тартиби муқарраргардида  ба Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намояд.

Февраль 21, 2018 16:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тошканд густариши ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ шуд
«МегаФон Life»: маблағро тариқи паёмрасон интиқол диҳед!
Дар Бадахшон масъалаи таъмири роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ баррасӣ гардид
Дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе Маркази мониторинги камераҳои мушоҳидавӣ фаъол гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад