ДАР ТОШКАНД ХОНАИ САВДОИ ТОҶИКИСТОН ИФТИТОҲ ГАРДИД

Февраль 23, 2018 17:46

ДУШАНБЕ,  23.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Тошканд  бо иқдоми ҶДММ  «Ғаюр» «Хонаи савдои Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид. Дар маросими он  Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон  Имомӣ Содиқ Ашурбойзода, намояндагони масъули вазорату идораҳои марбутаи Ӯзбекистон ва дигар табақаҳои соҳибкорию тиҷоратӣ иштирок карда, сухан гуфтанд.
Дар Хонаи савдо ҳоло асосан маҳсулоти сохтмонии истеҳсоли гурӯҳи корхонаҳои «Ғаюр» ба фурӯш гузошта шудаанд.  Бояд тазаккур дод, ки корхонаҳои гурӯҳи  «Ғаюр» яке аз калонтарин истеҳсолкунандагони семент на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар минтақаи Осиёи Миёна маҳсуб меёбанд. Маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаҳои мазкур ба кишварҳои ҳамҷавори Тоҷикистон, назири Афғонистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон содирот мегардад.

Дар радифи истеҳсоли семент корхонаҳои гурӯҳи «Ғаюр» инчунин варақаҳои гаҷкартон, армстрон, профилҳои оҳанӣ, оҳаки сохтмонӣ, гаҷи сохтмонӣ, халтаҳои полипропиленӣ, маҳсулоти бетонӣ ва ғайра истеҳсол менамоянд.
ҶДММ «Ғаюр» нақша дорад, ки дар оянда Хонаи Савдои Тоҷикистонро дар  Қирғизистон ва Афғонистон низ ифтитоҳ намуда,  иқтидори содиротии мамлакатро тақвият бахшад ва  барои  беҳтар гардонидани тавозуни савдои хориҷӣ заминаи воқеӣ фароҳам орад.
 

 

 

 

Февраль 23, 2018 17:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад
СММ: 800 ҳазор нафар дар Ал-Фашир зери хатари ниҳоят шадид қарор доранд