Дар вилояти Хатлон бахшида ба рушди сайёҳӣ конференсия баргузор гардид

Февраль 28, 2018 15:52

БОХТАР, 28.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Нақши сайёҳӣ дар пешрафти иқтисодиёти миллӣ» конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.

Дар конференсия олимони соҳаи иқтисодӣ аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ, Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иштирок доштанд. Дар маърӯзаҳои иштирокчиёни конференсия масъалаҳои муҳими соҳаи сайёҳӣ мавриди баррасии олимон қарор гирифтанд.

Дар ифтитоҳи конференсия дастовардҳои ширкатҳои сайёҳии вилоят,  осорхонаи вилоятӣ ва олимони соҳаи сайёҳӣ ба намоиш гузошта шуд. Кори  конференсия дар ду бахш: «Сайёҳӣ – соҳаи афзалиятноки ҷомеа» ва «Сайёҳии дохилӣ ва имкониятҳои рушди он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» роҳандозӣ гардид.

Мавриди зикр аст, ки  панҷ сол муқаддам дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ихтисоси иқтисод ва идораи сайёҳӣ кушода шуда буд. Соли гузашта 32 нафар ин ихтисосро бомуваффақият хатм намуданд.

 

Февраль 28, 2018 15:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷмааи фарҳангиву таърихии «Қалъаи Хуҷанд» дари худро ба рӯйи сокинону сайёҳон боз намуд
Сайёҳон бештар ба тамошои ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон мароқ зоҳир менамоянд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба сиёсати сайёҳӣ иштирок намуд
Дар Хуҷанд нуқтаи хизматрасонии шуъбаи милитсияи сайёҳӣ ифтитоҳ гардид
Дар шаҳри Гулистон Форуми байналмилалии сайёҳӣ баргузор гардид
Дар Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовара доир гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ иштирок намуд
БАРОИ ҶАЛБИ БЕШТАРИ ҶАҲОНГАРДОН ЧӢ БОЯД КАРД? Дар Душанбе оид ба беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба сайёҳон ҳамоиш доир шуд
Хатсайри Душанбе — Остона ба фаъолият оғоз намуд
Соли 2023 ба буҷети шаҳри Гулистон аз ҳисоби хизматрасонии сайёҳӣ ва табобатӣ зиёда аз 40 миллион сомонӣ ворид шуд
«НАВРӮЗ — МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Табиати зебои Тоҷикистон дили меҳмонони хориҷиро тасхир намуд
Ба шарафи Наврӯзи бостонӣ дар Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ доир шуд