Дастаи «Истиқлол» бар дастаи «Панҷшер» ғалаба кард

Февраль 15, 2018 10:13

ДУШАНБЕ, 15.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе байни дастаҳои футболи «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхӣ ва «Истиқлол»-и Душанбе бозии даври нимфиналӣ баргузор гардид.

Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба  хабарнигори  АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, бозӣ хеле ҷолиб сурат гирифта, бо ҳисоби  калони 5:1 ба нафъи  дастаи футболи  «Истиқлол»-и Душанбе  хотима ёфт. Акнун дар финали Ҷоми ФФТ дастаи  «Истиқлол»-и Душанбе  бо дастаи  «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ҳунарнамоӣ мекунад.

Ёдовар мешавем, ки  дастаи футболи «Регар – ТадАЗ»-и Турсунзода қаблан бо мағлуб намудани дастаи КМВА «Помир»-и  Душанбе бо ҳисоби  4:2 ба роҳхати даври ниҳоии Ҷоми ФФТ соҳиб гардид.

Февраль 15, 2018 10:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат истифодаи оқилонаи заминро талқин менамояд
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар 120 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Дар Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия вохӯрӣ доир шуд
Ба кишоварзони ноҳияи Деваштич барои парвариши картошка ва тухмиҳои хушсифат тавсияҳо дода шуд
Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд кишти чигит оғоз ёфт
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон вобаста ба меъморӣ ва шаҳрсозӣ конференсияи илмӣ-амалӣ доир шуд
Насби пойгоҳи базавӣ чӣ қадар арзиш дорад?
Тоҷикистон ва Узбекистон татбиқи лоиҳаҳои манфиатбахши муштаракро баррасӣ намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0. 1185 то 0.1205 сомонӣ муқаррар шудааст