ДУ БЕҲАЁ. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти мардҳое, ки либоси занона ба бар карда буданд, хабар дод

Февраль 22, 2018 11:07

ДУШАНБЕ, 22.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нашри навбатии барномаи телевизионии «Ахбори ВКД – Сипар» аз боздошти ду нафар сокини ноҳияи Шаҳритус, ки бо пӯшидани либосҳои занона худро аз чашми қонун ва кормандони милитсия пинҳон намуда, дар байни ҷомеа гашту гузор мекарданд ва гумон доштанд ки кирдори ҷиноятии онҳо пинҳон мемонад, хабар дод.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин нафарон Сафаров Акмал Абдураҳимович, соли таваллудаш 1985 ва Нуралиев Алишер Холдорович, соли таваллудаш 1983, зода ва истиқоматкунандагони ноҳияи Шаҳритус мебошанд, ки бар асоси моддаҳои 32 ва 401, эзоҳи 1-и дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардида, яъне сӯиқасд ба ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрвандӣ дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳои гумонбар дониста шуда, дар кофтукови ҷиноятӣ қарор доштанд.

Номбурдагон бо пӯшидани либосҳои занона худро аз чашми қонун ва кормандони милитсия пинҳон намуда, дар байни ҷомеа гашту гузор мекарданд ва гумон доштанд, ки ин кирдори ҷиноятии онҳо пинҳон мемонад. Аммо корҳои фаврӣ ва дуруст ба роҳ мондани чорабиниҳои мақсаднок ба кормандони Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ имкон дод, ки зимни доир намудани амалиёти махсус номбурдагонро дастгир намоянд.

Зимни навори видеоӣ Акмал Сафаров иброз медорад, ки ӯ аз соли 2015 ба  гурӯҳи террористии салафӣ ҳамроҳ шудааст. «Ман, Улуғбек ва Акмал якҷоя Қазоқистон рафтем. Дар онҷо як бачаи ношинос худашро Абдулло гуфта, шинос кард. Моро дар аэропорт ӯ пешвоз гирифт. Бори дуюми ба онҷо рафтан мо мақсад доштем, ки барои ҳиҷрат ба Сурия равем»,-мегӯяд ӯ.

Бино ба иттилои мақомот, дар ҳоли ҳозир Акмал Сафаров ва Алишер Нуралиев ба ҳабси пешакӣ гирифта шуда, нисбат ба онҳо корҳои тафтишотӣ идома доранд.

 

 

 

 

Февраль 22, 2018 11:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид
ҲУШДОР АЗ БОРОНҲОИ БОШИДДАТ ВА СЕЛ. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд