Эҳсонулло Ҳомӣ, шаҳрванди Афғонистон: «Тоҷикистон – маҳди тамаддун, намод аз сулҳ, субот ва тавсеа дар минтақа»

Февраль 19, 2018 14:19

ДУШАНБЕ, 19.02.2018. /АМИТ «Ховар»/. Сафаргуфтаҳои равшанфикри афғонистонӣ, муҳандис Эҳсонулло Ҳомӣ, шаҳрванди Афғонистон аз натиҷаи сафараш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон. Бидуни таҳрир.

Навиштаи мазкур натиҷаи сафари чандрӯзаи камина ба кишвари дӯст ва ҳамсояи некамон – Тоҷикистон мебошад, ки барои хонандагони азиз ҷиҳати шинохти бештар аз ин ҳамсоякишвар муфид аст. Тоҷикистон бо он, ки мисли кишварҳои дигар таъми талхи рӯзгорро дар бистари такомули таърихии худ чашида, аммо бо он ҳам мардумони ин сарзамин бо фаҳми олӣ, сиёсатмадорони он бо роҳбарии хирадмандона бо гузаштаи фарҳангии бузурги саршор аз корвони тамаддун ва пешрафт, бо заҳмати шаборӯзиашон дарахти тануманди инкишоф, тараққӣ, сулҳ ва таъолиро ҳамвора пурбор ва бо самар доштаанд.

Тараққӣ ва пешрафти Тоҷикистон, ки дар миёни кишварҳои ҳамсояи худ улгу ва намуна мебошад, натиҷаи талошҳои пайгиронаи мардумони некхоҳ ва некписандест, ки бо хушбахтӣ, беҳрӯзӣ ва пешрафти кишварашон меандешанд.

Тоҷикистон на танҳо дар эҷоди сулҳ барои худ, ки ҳатто барои таъмини он дар минтақа низ дастовардҳои чашмгире доштааст. Бистари фарҳангӣ, боварҳои инсондӯстона, рафторҳои ахлоқӣ ва иҷтимоии мардуми тоҷик хушунатситез ва сулҳталаб мебошанд.

Шодӣ, тараб, сурур ва беҳҷат (шодмон шудан, зебоӣ), таҳаммул, тасомух ва мадоро аз фарҳанги дерпойи мардуми Тоҷикистон мебошад, ки насл андар насл ба мерос монда, имрӯза ба унвони яке аз кишварҳое, ки сулҳи куллро ба таҷриба гирифта, шинохта мешавад.

Роҳбари хирадманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамон гуна, ки дар ростои таҳқиқи сулҳ ва амният барои давлаташ талоши бедареғ намуда, барои сулҳу салоҳи ҷаҳонӣ ҳам аз ҳар гуна талош дареғ наварзидааст.

Вазъияти имрӯзи Тоҷикистон, ки мардумони он дар сулҳ ва амнияту рифоҳ умр ба сар мебаранд, бароянди мудирияти солим ва кишвардории Ҷалолатмаоби муҳтарам, Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад, Президенте, ки ба манофеъ, рифоҳ ва осоиши мардум ва сулҳи ҷаҳонӣ меандешад.

Зебоиҳои мунҳасир ба фарди Тоҷикистон ва амнияту рифоҳи ҳоким бар ин мамлакат сабаб шудаанд, ки солона ҳазорҳо гардишгари хориҷӣ ба ин давлат бираванд ва бо дидани манзараҳои зебо, табиати гуворо, мардумони некхоҳ ва фазои сулҳомез барои лаҳазоте осудахотир бошанд.

Гиромидошт аз идҳои миллӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ дар миёни мардум аз суннатҳои нек ва арзишмандест, ки фазои зиндагиро мусолиматомез ва зинда нигоҳ доштани фарҳанги пурбори як ҳавзаи тамаддуниро ба тасвир мекашад. Тоҷикистон ҳамон гуна, ки зодгоҳ ва хостгоҳи Наврӯз аст, меросдори ин фарҳанги азим ҳам мебошад, ки шукӯҳи баргузории Наврӯз дар Тоҷикистон, пайвандҳои бузурги отифиро миёни ворисони аслии як ҳавзаи фарҳангӣ ва тамаддунӣ барқарор мекунад ва ҳамасола ҳаққи ин мероси фарҳангӣ тавассути мардуми тоҷик ба некӣ адо мешавад.

Ҳукумати Тоҷикистон, ки дар баргузории Наврӯз — ин фарҳанги дерпо саромад ва пештоз аст, бо иҷрои маросими нишотовар, фараҳбахш, иҷрои консертҳо, даъвати меҳмонон, суруру шодмонӣ ва даҳҳо расму ойини дигарро, ки дарси сулҳу сафо ва самимият доранд, дар маросими Наврӯзи Тоҷикистон баргузор менамояд.

Мардуми Тоҷикистон дар канори соири хубиҳои инсоние, ки доранд, мардуми меҳмоннавозанд. Ҳамасола меҳмонони зиёде, ки аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон ҷиҳати саёҳат ва ё иштирок дар рӯзҳои миллӣ ва фарҳангӣ ба ин мамлакат меоянд, миннатдори бархӯрди нек ва меҳмоннавозиҳои мардуми тоҷиканд. Гардишгарони хориҷӣ ва меҳмонон зимни хушҳолӣ аз меҳмоннавозии мардуми Тоҷикистон, хотираҳои ширинеро низ бо худ мебаранд.

Шаҳри Душанбе яке аз зеботарин шаҳрҳо дар ҳавзаи Осиёи Миёна мебошад, ки аз амнияти комил бархӯрдор аст. Дараи Варзоб, ки яке аз сарсабзтарин дараҳо дар ин шаҳр мебошад, бо доштани обу ҳавои гуворо таваҷҷуҳи ҳар раҳгузарро ба худ ҷалб мекунад. Ҳамин гуна Суғд аз вилоятҳои зебо ва дидании Тоҷикистон мебошад, ки бо доштани табиати зебо фабрикаҳои бузургеро дар худ дорад ва ба ҳамин тартиб, шаҳрҳои Кӯлоб ва Бохтар, Ҳисор ва вилояти Бадахшони Тоҷикистон аз табиати зебову гуворо бархӯрдоранд.

Дар кулл, ҷуғрофиёи Тоҷикистон бо доштани шаҳрҳои зебо, манзараҳои диданӣ, табиати гуворо, фазои самимият, амнияти комил, мардумони меҳмоннавоз ва бархӯрди самимона бо меҳмонон ва сайёҳони берунӣ, аз ҷумла, аз кишварҳои камназир дар сатҳи ҷаҳон мебошад.

Афғонҳои муқими Тоҷикистон ҳамвора аз рафтори шаҳрвандони ин давлат изҳори хушӣ ва ризоят мекунанд, зеро онон ба содагӣ метавонанд ба фаъолиятҳои бозоргонӣ бипардозанд. Рафтору равияи неки шаҳрвандон, полис ва умуман мардуми Тоҷикистон сабаб шудааст, ки бозаргонони афғон дар бозорҳои ин давлат ба фаъолияти густурда даст бизананд ва ҳеч гуна ҳаросе ҳам надошта бошанд.

Сарзамини Тоҷикистон зодгоҳи шоирон, фарҳангиён ва андешаварзон будааст. Шоирони номдор ба адабиёти оламшумули тоҷикӣ — порсӣ шукӯҳ ва ҷалоли ҷолиб зам кардаанд. Бо ин гузаштаи  фарҳангӣ ва тамаддунӣ, Тоҷикистон аз давлатҳои нодирест, ки соҳиби як Ҳукумати неруманд ва қонунмадор бо роҳбарии хирадмандонаи Ҷалолатмаоби муҳтарам, Президент Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Қонун дар саросари ин давлат болои мардум яксон татбиқ мешавад ва мардум дар партави қонун ва Ҳукумати посухгӯ ба зиндагии мусолиматомези худ идома медиҳанд.

Бо он, ки аз Истиқлоли ин давлат 26 сол мегузарад, аммо таҳти роҳбарии волои Президенти Тоҷикистон ин мамлакат ба қуллаҳои шомих аз тараққӣ ва пешрафт даст ёфтааст ва барои фарди тоҷик, заминаи таълиму тарбия, кор ва иштиғол фароҳам гардида ва мардум нисбат ба Ҳукумат розӣ ва аз ояндаи худ умедвор мебошанд.

Мардуми тоҷик ба Раиси Ҷумҳури ин кишвар ба унвони Пешвои миллат нигоҳ мекунанд. Пешвое, ки зиндагии мардуми тоҷикро сару сомон бахшида, аз бебанду борӣ, хушунат ва фақру бекорӣ ҷилавгирӣ кардааст.

Бароямон ҳувайдо гашт, ки Пешвои миллати тоҷикон, ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон умри азизи хешро дар рози хидмати содиқона ва пешрафт, тараққӣ, сулҳу субот сарф карда ва тӯли умри гиромиашонро аз Худованди маннон таманно медорем.

Ва дар охир мақолаи хешро бо як шеър аз шоири номдори шимоли Афғонистон Муҳаммадшарифи Искандарӣ ба поён мебарам:

Тоҷикистони азиз, ҳар кӯҳсорат дилфиреб,
Рост гӯям, гулшану боғу баҳорат дилфиреб.
Аз Душанбе то Хуҷанд аст водии зебои ту,
Қиссаҳои нағзу ширин аз диёрат, дилфиреб.

Февраль 19, 2018 14:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад
СММ: 800 ҳазор нафар дар Ал-Фашир зери хатари ниҳоят шадид қарор доранд
Ҷаласаи навбатии гурӯҳи коршиносони давлатҳои аъзои СҲШ оид ба амнияти байналмилалии иттилоотӣ доир гардид
Сокинони беш аз 15 ҳазор манзил дар шимоли Уганда аз обхезиҳо зарар диданд
Бар асари борони сел дар Чин 11 нафар бедарак шудаанд
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон: «Ширкатҳои мобилӣ бояд суръати интернетро баланд бардоранд, на нархи интернет ва алоқаи мобилиро»
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 апрел, сешанбе, 114-умин рӯзи соли 2024 аст