Гулнора Раҳимова, афсари Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон: «Барои ман хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ шараф аст!».

Февраль 22, 2018 12:15

ДУШАНБЕ, 22.02.2018  /АМИТ «Ховар»/.  23  феврал  ба таъсиси   Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  25 сол пур мешавад.  Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон зодаи истиқлолият буда, дар шароити ниҳоят  вазнин таъсис ёфта, марҳилаҳои гуногунро тай намудаанд.  Доир ба ин мавзӯъ  хабарнигори АМИТ «Ховар»  бо афсари калони хадамоти ҳамлу нақли Ситоди генералии  Қувваҳои Мусаллаҳи  Ҷумҳурии Тоҷикистон  Гулнора  РАҲИМОВА    ҳамсуҳбат гардид.

«Ховар»:  Қувваҳои Мусаллаҳ сипари боэътимоди ҳар давлатанд. Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии мамлакат диққати махсус зоҳир намуда, аз рӯзҳои аввали таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ онро таҳти назорати  доимии худ қарор доданд.   Мехостам сараввал дар мавриди таърихи   таъсиси   Қувваҳои Мусаллаҳи   Ҷумҳурии Тоҷикистон  сухан гӯед.

Г. Раҳимова:   Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали  таъсис то имрӯз  се марҳиларо аз сар гузаронидаанд. Инҳо давраи ташкили ибтидоии Артиш, бунёди навъҳои Қувваҳои мусаллаҳ ва таҳким бахшидани сатҳи омодабошии ҷангии он мебошанд.

Алҳол  дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ  се навъи қӯшунҳо фаъолият доранд: қӯшунҳои хушкигард, қӯшунҳои зудамал ва Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоӣ. Ислоҳоти  ҳарбӣ    дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ  то ҳанӯз идома дорад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  баҳри мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии мамлакат, баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангӣ, беҳтар намудани  шароити моддӣ- техникӣ ва боз ҳам хубтар намудани вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ ғамхории пайваста зоҳир менамояд.

Гуфтан ба маврид, аст ки ҳамасола тибқи нашаи ягонаи тайёрии ҷангӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ  дар тамоми гарнизонҳои ҷумҳурӣ бо ҷалби раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои мамлакат, шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва дигар сохторҳои қудратӣ  маҷмӯи машқҳои муштараки зиддитеррористӣ, тамринҳои васеи амалиёти тактикӣ, машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ ва дигар чорабиниҳои низомӣ гузаронида мешаванд. Танҳо дар давоми соли 2017 дар тамоми гарнизонҳои ҷумҳурӣ беш аз сад ҳазор нафар шахрвандони дар эҳтиёт қарордошта бо ҷамъомаду машғулиятҳои гуногуни таълимӣ фаро гирифта шудаанд.

     «Ховар»: Пуррагардонии сафи Қувваҳои Мусаллаҳ  бо афсарони касбӣ чӣ тавр  сурат мегирад  ва  дар ин самт чӣ  мушкилӣ ба назар мерасад?

Г. Раҳимова: Дар таъмини афсарони касбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ  ягон  мушкилӣ ба назар намерасад. Имрӯз сафи Қувваҳои Мусаллаҳ асосан аз ҳисоби хатмкардагони Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа  ва академияву муассисаҳои олии ҳарбии хориҷи ҷумҳурӣ  бо афсарони касбӣ пурра гардонида мешавад. То ин рӯз аз ҳисоби хатмкардагони Донишкадаи ҳарбӣ, ки ҳамасола қариб 200 нафар бо 17 ихтисос донишкадаро хатм мекунанд, наздики 4 ҳазор нафар ба ҳайати  ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа ва дигар сохтору мақомоти қудратии мамлакат шомил гардидаанд.

Илова бар ин, ҳамасола афсарон ва курсантони тоҷик ба муассисаҳои таҳсилоти ҳарбии Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Озарбойҷон, Ҳиндустон,  Ҷумҳурии Мардумии Чин,  Британияи Кабир, Канада, Германия, Франсия ва Амрико баҳри таҳсил, бозомӯзӣ ва баланд бардоштани малакаи касбӣ фиристонида мешаванд.

Ин аст, ки имрӯзҳо сафи навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа  ва дигар сохторҳои қудратӣ  бо афсарони касбӣ пурра  мебошад.

    «Ховар»: Дар Вазорати мудофиа ҳамкории дуҷониба бо мақомоту созмонҳои хориҷӣ   чӣ гуна  ба роҳ монда шудааст?

         Г. Раҳимова:  Ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии Вазорати мудофиаи ҶТ бо вазоратҳои мудофиаи кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ асосан дар   самтҳои мубодилаи иттилооту таҷрибаомӯзӣ, мубориза бар зидди терроризму дигар зуҳуроти номатлуб, ташкили пайвастаи машқҳои  мухталифи низомӣ, омодасозии афсарони касбӣ ва расонидани кумакҳои техникӣ ба Артиши мамлакат ба роҳ монда шудааст. Инчунин Вазорати мудофиа ҳамкории самарабахшро бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, бо  Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО)  ва дигар ташкилотҳои бонуфуз густариш додааст.

Айни замон  Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷинистон  бо зиёда  аз 50 кишвари олам  ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ- техникии дуҷонибаву бисёрҷониба ба роҳ мондааст.

«Ховар»:  Дар шароити  зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир чӣ бояд кард, ки артиши миллӣ бар зидди ҳама гуна хафву хатар  омода бошад?

Г. Раҳимова:  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   дар Паёми ҳарсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва  суханронию вохӯриҳо бо низомиёни мамлакат  ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот таъкид менамоянд, ки воқеоту таҳаввулоти ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар яки моро ҳушдор медиҳанд, ки зиракии сиёсӣ, омодагии доимӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва муқаддас доштану ҳифз намудани ҳамаи арзишҳои истиқлолияти давлати куҳанбунёдамонро аз даст надиҳем. Чунки вазъияти зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, зиёд гардидани ташкилотҳои тундрави террористиву экстремистӣ ва дигар зуҳуроти  таҳдидовари хатарнок метавонанд сулҳу субот ва ҳаёти орому осудаи мардуми моро  халалдор намоянд.

Баҳри ҳамоҳангсозии фаъолияти муштарак бо сохторҳои ҳамсояи кишварҳои минтақа ва ҷаҳон дар мубориза бар зидди терроризми байналмиллалӣ, пешгирӣ ва паҳншавии экстремизм ва сайқал додани маҳорату малакаи ҷангии ҳайати шахсӣ, чӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ва чӣ берун аз он, дар доираи созмонҳои бонуфузи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар сол тибқи нақша пайваста машқҳои васеи  муштараки ҳарбӣ гузаронида мешаванд, ки ин аз омодагии Артиши миллӣ бар зидди ҳама гуна ташкилотҳои тундрави террористиву экстремистӣ ва дигар зуҳуроти  таҳдидовари хатарнок   шаҳодат медиҳад.

«Ховар»:  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба мақоми зан-модар дар ҷомеа ғамхорӣ  ва таваҷҷуҳи  махсус зоҳир менамоянд. Дар робита ба ин масъала мегуфтед, ки мақоми занон  дар Артиш чӣ гуна аст?

Г. Раҳимова:  Оид ба  баланд бардоштани саҳми зан дар ҷомеа  Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи    Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ   Раҳмон нисбат ба  занон ғамхории баланд зоҳир менамоянд.

Ин аст, ки  дар замони соҳибистиқлолии Ватан мақому мартабаи занони  тоҷик хеле баланд гардида, як қатор фармону қарорҳо, барнома ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа ба тасвиб расиданд, ки ин дар бунёди ҷомеаи демократӣ нақши муҳим мебозад.

Имрӯз зиёда аз 25 дар сади хизматчиёни давлатиро занон ташкил медиҳанд, ки онҳо дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои қудратӣ низ адои вазифаи масъулиятноки ҳарбӣ мекунанд.

Пешвои миллат,  Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи    Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ    Раҳмон  борҳо дар  суханрониҳояшон  таъкид намудаанд, ки ҳимояи марзу буми Ватан вазифаи муқаддас ва пурифтихори низомиён ба ҳисоб меравад. Дар сурате мо ин вазифаи душвор ва пуршарафу муқаддасро  сарбаландона иҷро карда метавонем, ки агар ҳар як хизматчии ҳарбӣ, аз ҷумла,  занону бонувон,  моҳияти мафҳуми  Ватану ватандорӣ, қимати Истиқлолияти давлатиро дарку  эҳсос карда тавонем ва дар иҷрои ин қарзи муқаддас саҳми худро гузорем.

Занони низомӣ бо истифода аз ҳуқуқҳои конститутсионии худ, бо муҳаббату самимияти модарона ва садоқати ватандорӣ имрӯз дар баробари ҷавонмардон дар таъмини амнияти мамлакат саҳми худро мегузоранд.

Айни замон дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ  фаъолияти босамари бонувони низомии Вазорати мудофиа   дар ҳама қисму воҳидҳо дар ҷузъу томи ин ниҳоди қудратӣ ба мушоҳида мерасад.

Дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ агар яке аз ин бонувон  бо садоқату самимияти ватандорӣ пайи таҳияи ҳуҷҷатҳои идорӣ бошад, дигаре бо дастони муъҷизакори хеш ба беморон шифо мебахшад ва сеюмин дар таъминоти ақибгоҳӣ ва дигаре дар таълиму тарбияи ҳайати шахсӣ саҳми худро мегузорад.

Иштироки бонувони низомӣ дар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангии сатҳи давлатӣ аз ҷойгоҳ ва мақоми хоси онҳо дар сохтори давлатдорӣ дарак медиҳад.

Далели ин иштироки фаъолонаи бонувони мо дар парадҳои ҳарбӣ бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии ҶТ, 20-умин солгарди таъсиси Қӯшунҳои сарҳадии  КДАМ ҶТ ва 72- юмин солгарди Ғалаба дар ҶДҶ мебошад, ки онҳо бо матонату ҷасорати хеш ба ин ҷашнҳои таърихӣ шаҳомати тоза зам намуданд.

Пешвои миллат борҳо мо,  бонувони низомиро дастгирӣ намудаанд, ки ин амал моро  рӯҳбаланд намуда, водор месозад, ки минбаъд низ ба савганду садоқат ва рисолати фарзандии худ дар назди халқу Ватан  содиқ бошем.

Масалан,   бо шарофати дастгирии Сарвари давлат даҳҳо нафар бонувони низомии Вазорати мудофиа соҳиби хонаи истиқоматӣ гардиданд. Ман низ аз ин бонувони хушбахтам, ки  соли гузашта фаъолияти хизматиамро ба инобат гирифта, маро бо  манзили истиқоматӣ таъмин намуданд.

         «Ховар»:  Барои шумо ҳамчун зан хизмат  дар сафи  Қувваҳои Мусаллаҳ   душвор нест? Яъне фаъолияти низомӣ ба зиндагии шахсиатон мушкилӣ эҷод намекунад?

Г. Раҳимова: Барои ман  хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ шараф аст.  Ман, ки бо хоҳишу майли зиёд ин пешаро интихоб кардаам,  аз он фахр мекунам. Зеро агар ин марзу бум ба мо имконияти таҳсил намудану соҳибкасб гардидан, дар ҷомеа нақш ва мартабаи хосса касб намудан дода бошад, пас бояд фахр намоем, ки дар баробари ҷавонмардон имрӯз  дар таҳкими пойдории сулҳу субот ва муҳофизати марзу буми Ватани азизамон саҳми сазовор мегузорем.

Фаъолияти мо занон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои кулли хизматчиёни ҳарбӣ ва  фарзандону ақрабо  намунаи олии таҳаммулпазирӣ, инсондӯстӣ ва ахлоқи ҳамида мебошад.  Боварӣ дорам, ки  дар хонадони  ҳар як зан-бонуи низомӣ  меҳру садоқат ва тартибу низом пайваста ҷорӣ аст. Ин аз фазилати бузургии модар сарчашма мегирад  ва ба таълиму тарбияи фарзандон таъсири хуб мерасонад.

«Ховар»:  Ҳоло, ки дар арафаи ҷашни 25-умин солгарди  Артиши миллӣ қарор дорем, аҳли эҷоди АМИТ «Ховар» ба шумо ва дар симои шумо ба тамоми бонувони шуҷои ватан ва кулли афсарону хизматчиёни ҳарбии Кувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ҷашни артишро табрику таҳният гуфта, дар ҳифзи марзу буми Ватан бароятон зиракию ҷасорат ва осмони софу беғубор таманно мекунанд.

Г. Раҳимова: Ташаккур. Ман низ аз  фурсати муносиб истифода бурда, ҳамаи низомиёни мамлакатро  бо ин ҷашни пуршукӯҳи   Ватан аз самими қалб табрик намуда, ба афсарони далеру муҳофизони шуҷои мамлакат дар ҳифзи амнияту осоиштагии  Ватан хизмати софдилона  ва ба тамоми  бонувони Қувваҳои Мусаллаҳ дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ нерую ҷасорат  таманно дорам. Бигзор ҳамеша дар Тоҷикистони азизамон сулҳу ваҳдат ва меҳру муҳаббат   пойдор бошанд.

Ҷашни ҳомиёни Ватан муборак бошад!

 

Заробиддин ШИРИНОВ,

АМИТ «Ховар»

PS: Раҳимова Гулнора Салимовна соли  1994  Донишгоҳи омӯзгории ба номи Носири Хусрави шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳозира Бохтар)-ро хатм намуда,  аз моҳи ноябри соли 1996 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хизмат дорад. Ҳоло  дар хадамоти ҳамлу нақли ҳарбии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ  фаъолият менамояд. 

Соҳиби ду фарзанду як набера  мебошад.

 

 

Февраль 22, 2018 12:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид