И. Сатторӣ: «Барои пешгирии паҳншавии малах дар ҷумҳурӣ тадбирҳои зарурӣ бояд андешид!»

Февраль 20, 2018 15:55

ДУШАНБЕ, 20.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар  Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Ситоди доимии ҷумҳуриявии муҳофизати растаниҳо, мубориза бар зидди малах ва дигар зараррасонҳои зироати кишоварзӣ доир гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷаласа намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Клуби миллии ҳавопаймоии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа, Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони филиалҳои назди МД «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах» ва МД «Муҳофизати растаниҳо ва химикунонии кишоварзӣ» иштирок намуданд.

Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Изатулло Сатторӣ иброз дошт, ки рушди соҳаи кишоварзӣ аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Таъминоти  аҳолӣ бо озуқаворӣ, ғанӣ гардонидани сатҳи истеъмолӣ, афзун намудани имкониятҳои содиротии маҳсулоти босифат вазифаҳои асосии Вазорат ба ҳисоб мераванд. Яке аз омилҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироати кишоварзӣ- ин пешгирии саривақтӣ аз ҳар гуна касаливу ҳашароти зараррасон мебошад.

Бо  мақсади пешгирии  касалӣ ва ҳашароти зараррасон соли 2017 дар ҷумҳурӣ ба миқдори 23 ҳазору 394 литр заҳрдоруҳо, 95 адад дорупошакҳои дастию моторӣ, 467 ҷуфт либосҳои муҳофизавӣ ва 54 ҳазору 225 литр сўзишворӣ сари вақт дастрас карда шуд.

Мувофиқи дурнамо, соли 2017 бояд дар майдони 97 ҳазору 100 гектар  коркарди кимиёвӣ бар зидди малах гузаронида мешуд. Аммо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ майдони паҳнгаштаи малахҳо аз рўи мушоҳидаҳои баҳории гузаронидашуда 104 ҳазору 37 гектарро ташкил дод, ки пурра аз коркарди кимиёвӣ гузаронида шуд.

Изатулло Сатторӣ ба аъзои ситод ва масъулини соҳа супориш дод, ки фасли тирамоҳ ва зимистони имсола нисбат ба солҳои қаблӣ гарму камбориш омад, аз ин рӯ авҷ гирифтани ҳар гуна касаливу ҳашароти зараррасон дар назар аст. Ба таъкиди вазир, масъулини соҳаро мебояд мубориза бар зидди касаливу ҳашароти зараррасонро ба роҳ монда, барои пешгирии паҳншавии онҳо дар ҷумҳурӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

 

 

Февраль 20, 2018 15:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад
СММ: 800 ҳазор нафар дар Ал-Фашир зери хатари ниҳоят шадид қарор доранд
Ҷаласаи навбатии гурӯҳи коршиносони давлатҳои аъзои СҲШ оид ба амнияти байналмилалии иттилоотӣ доир гардид
Сокинони беш аз 15 ҳазор манзил дар шимоли Уганда аз обхезиҳо зарар диданд
Бар асари борони сел дар Чин 11 нафар бедарак шудаанд
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон: «Ширкатҳои мобилӣ бояд суръати интернетро баланд бардоранд, на нархи интернет ва алоқаи мобилиро»
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 апрел, сешанбе, 114-умин рӯзи соли 2024 аст
Ҷавонон бо фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд
Чин дар робита бо бориши шадид ҳушдори сатҳи «норинҷӣ» эълон намудааст
АЗ УРФУ ОДАТ ВА ФАРҲАНГИ БЕГОНА ПЕШГИРӢ МЕНАМОЕМ! Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд