Ифтитоҳи бинои нави таълимии ҳарбӣ дар машқгоҳи низомии Фахробод

Февраль 22, 2018 16:02

ДУШАНБЕ, 22.02.2018. /АМИТ “Ховар”/. Ба муносибати 25-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар ҳудуди машқгоҳи низомии Фахробод бинои нави таълимии ҳарбӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Гузориши мусаввари хабарнигори АМИТ “Ховар” Тоҳир САИД дар ин бора.

Бинои нави таълимии ҳарбӣ дар ҳудуди машқгоҳи низомии Фахробод бо харҷи беш аз 11 миллион сомонӣ  бунёд гардидааст.

Иншооти мазкур, ки аз ду ошёна иборат аст,  барои 300 нафар ҳайати шахсӣ пешбинӣ шуда, дорои утоқи махсуси дастурдиҳандагон ва утоқҳои корӣ, хобгоҳ барои сарбозону афсарон, синфхонаҳои муҷаҳҳази таълимӣ, ҳуҷраи нигаҳдории аслиҳаи оташфишон, ҷойи либосхушккунии ҳайати шахсӣ, ошхона ва дигар нуқтаҳои ёрирасон мебошад.

Ба истифода додани иншооти мазкур, ки ба рӯзҳои таҷлили 25-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад, намояндагони ҳукумат иштирок намуда, шароиту имконоти ба вуҷуд омадаро ҳамчун тадбири зарурӣ барои амалан ташкилу ба роҳ мондани  машғулиятҳои гуногуни саҳроӣ муҳим арзёбӣ намуданд.

Гуфта шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали таъсиси Артиши миллӣ масъалаи мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии мамлакатро яке аз самтҳои муҳимтарини фаъолияти худ дониста, дар баробари дигар тадбирҳои зарурӣ барои ташкил намудани ҷузъу томҳои низомӣ дар минтақаҳои гуногуни мамлакат ва фароҳам овардани шароити муосири инфрасохторӣ барои ҳайати шахсии онҳо таваҷҷуҳи махсус медиҳад.

Дар натиҷа то имрӯз дар қаламрави мамлакат даҳҳо қисми ҳарбии нав таъсис дода шуда, ҷиҳати фароҳам овардани шароити муътадили зиндагӣ ва пешбурди хизмат садҳо иншооти замонавии ҷавобгӯ ба талаботу меъёрҳои ҳарбӣ бунёд гардида, ба истифода дода шудаанд. Бунёди бинои нави таълимии ҳарбӣ дар ҳудуди машқгоҳи низомии Фахробод низ идомаи мантиқии дастгириҳои давлату ҳукумат, хусусан Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба хизматчиёни ҳарбӣ мебошад, ки барои таъмини амнияту субот дар мамлакат равона гардидааст.

Илова бар ин, барои фаъолияти мунтазами иншооти мазкур шабакаи ягонаи обтаъминкунӣ таъсис дода шудааст, ки бо зарфҳои махсуси нигоҳдории об муҷаҳҳаз мебошад.

Дар ин ҷо ҳамзамон ошхонаи замонавӣ бо 200 ҷойи нишаст бунёд гардидааст.

Иншооти мазкур бо таъмини шароити мусоиди  хидмативу маишӣ ва таълимӣ имконият медиҳад, ки машғулиятҳои гуногуни саҳроӣ тибқи нақша дар вақтҳои муқарраргардида ва дар сатҳи зарурӣ амалан ташкилу ба роҳ монда шаванд.

 

Февраль 22, 2018 16:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва ағбаҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Амири Кувайт сарвазири навро таъйин намуд
Дар Уммон бар асари обхезиҳо 15 нафар ба ҳалокат расид