Ҷилваи ҷамоли забони модарӣ. Дар Донишкадаи давлатии забонҳо Рўзи байналмилалии забони модарӣ таҷлил гардид

Февраль 21, 2018 15:18

ДУШАНБЕ, 21.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бахшида ба Рўзи байналмилалии забони модарӣ таҳти унвони «Забони модариам ифтихорам» ҳамоиш баргузор гардид.

Тавре аз Донишкада ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҳамоиш  ректори донишкада Маҳмадулло Раҷабзода дар бораи нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди забони модарӣ сухан гуфт.  «Сухани ноб ва ширину шевои тоҷикӣ бори нахуст дар баландтарин минбарҳои ҷаҳон аз забони Пешвои миллат садо дод ва ба ҷаҳониён аз ҳастии давлату миллати тоҷик мужда расонд. Бале, ҷилваи ҷамоли забони модарӣ дар суханрониҳо ва силсилаи асару мақолаҳои Пешвои миллат завқи забондонию забономўзиро дар дили хурду калон бедор кард. Дар қалби мардуми тоҷик шуълаи тобноки муҳаббати самимона ба забони модарӣ фурўзон шуд ва дигар муҳол аст, ки боду борони рўзгорон ин шуълаи муҳаббату самимиятро хомўш гардонад», — изҳор дошт Маҳмадулло Раҷабзода.

Муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Олимҷон Маҳмадҷонов  зикр кард, ки Рўзи байналмилали забони модарӣ ҳамасола дар заминаи қарори Маҷмаи умумии созмони байналмилалии ЮНЕСКО доир карда мешавад. Имсол низ бо ибтикори раёсати донишкада ва ҷалби донишҷўёну устодони соҳибзабон, аз қабили намояндагони забонҳои чинӣ, ҷопонӣ, куриёӣ, арабӣ, англисӣ, франсузӣ, ҳиндӣ, ӯзбекӣ ва туркманӣ ҳамоишӣ илмӣ баргузор гардид.

Мусаллам аст, ки  Рӯзи байналмилалии забони модарӣ имсол таҳти унвони «Ҳифзи гуногунрангии забонҳо ва ташвиқу тарғиби multilingualism бо мақсади мусоидат ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор» таҷлил карда мешавад ва ҳадафу мақсади он, пеш аз ҳама, мусоидат намудан ба таҳқиқ ва омўзиши бисёрзабонӣ ва тадриси он дар муассисаҳои таълимии кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид ба шумор меравад.

 

Февраль 21, 2018 15:18

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд