Маҳмадшариф Ҳақдод бо Георгий Вершина мулоқот намуд

Февраль 22, 2018 11:49

ДУШАНБЕ, 22.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи миллии техникии Беларус (ДМТБ) 19 феврал вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Маҳмадшариф Ҳақдод бо муовини якуми ректори ДМТБ Георгий Вершина баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории илмию омӯзишӣ, таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон дар ДМТБ, инчунин афзоиши теъдоди донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар донишгоҳи мазкурро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Муовини якуми ректор Сафири Тоҷикистонро бо имкониятҳои илмию таълимӣ ва инфрасохтории ДМТБ ба таври муфассал шинос намуда, дар бораи пешрафти донишҷӯёни тоҷикистонӣ сухан кард.

Зикр гардид, ки солҳои охир ҳамкорӣ миёни ду давлат дар соҳаҳои илму маориф босуръат рушд дорад. Махсусан, агар солҳои 2010-2011 дар донишгоҳҳои Беларус ҳамагӣ 47 донишҷӯ аз Тоҷикистон таҳсил  кардаанд, пас шумораи онҳо имрӯз ба зиёда аз 700 нафар расидааст, ки 183 нафарашон таҳсилкунандагони ДМТБ мебошанд.

Сипас, вохӯрии Сафир М.Ҳақдод бо донишҷӯёни ДМТБ-  шаҳрвандони Тоҷикистон доир гардид, ки зимни он дипломати тоҷик оид ба муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Беларус, бахусус роҷеъ ба ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷорату иқтисод ва гуманитарӣ ба донишҷӯён маълумоти муфассал дод. Инчунин М.Ҳақдод оид ба зарурати густариши ҳамкории дуҷониба дар соҳаи маориф ва илм таваҷҷуҳ зоҳир кард.

Донишҷӯён дар мулоқот саволҳои барояшон заруриро пурсон шуда, дар бораи шароити таҳсил ва буду бош дар Минск ибрози андеша карданд.

 

Февраль 22, 2018 11:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии он назаррас арзёбӣ гардид
Дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон пойгоҳҳои базавии нави 4G насб карда мешаванд
Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид
ҲУШДОР АЗ БОРОНҲОИ БОШИДДАТ ВА СЕЛ. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд