Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои нави факултаи ҳавопаймоии Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа

Февраль 21, 2018 10:43

ДУШАНБЕ, 21.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Баъди ифтитоҳи Маркази навтаъсиси идоракунии Қувваҳои Мусаллаҳ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа ташриф оварда, дар маросими ба истифода додани бинои нави таълимии факултаи ҳавопаймоӣ иштирок намуданд.

Дар ин муассисаи олии таълимии ҳарбӣ, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тибқи муқаррарот ҳайати низомӣ, ротаи қаровули фахрӣ ва Оркестри ҳарбӣ дар фазои тантанавӣ истиқбол гирифтанд.

Бинои нави таълимӣ, ки дар арафаи 25-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, аз чор ошёна иборат буда, дар давоми се сол аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо харҷи зиёда аз 4 миллион сомонӣ бунёд карда шудааст.

Факултаи ҳавопаймоии Донишкадаи ҳарбӣ дорои 12 синфхонаи таълимӣ бо 250 ҷойи нишаст, 9 утоқи корӣ барои афсарону устодон, толори варзишӣ, ҷойи хоб барои таълимгирандагон, хонаи фароғатии ҳайати шахсӣ, ду утоқи навбатдорӣ, мавзеи нигаҳдории силоҳу муҳимоти ҷангӣ, ҳуҷраҳои нигоҳдории лавозимот, омодасозии сарулибос, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон буда, бо таҷҳизоти муосири аёнӣ ва компютерҳои замонавӣ муҷаҳҳаз мебошанд.

Иттилоъ дода шуд, ки факултаи ҳавопаймоии Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа соли 2004-ум таъсис ёфта, дар ҳайати он ду кафедра ва ротаи шашуми таълимии курсантӣ амал мекунанд.

Дар ин факулта, ки таълим аз рӯи ҳафт ихтисос ба роҳ монда шудааст, асосан мутахассисони соҳаи авиатсияи ҳарбӣ омода карда мешаванд.

Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки аз соли 2008 инҷониб беш аз 150 нафар факултаи ҳавопаймоиро хатм намуда, айни замон дар ҷузъу томҳои Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоӣ, Гвардияи миллӣ ва Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ  фаъолият доранд.

Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати шахсӣ ва курсантони Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаро ба ифтихори ҷашни 25-умин солгарди таъсиси Артиши миллии мамлакат табрику шодбош гуфта, ба саҳми ин муассисаи олии таълимии ҳарбӣ дар таъмини ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кадрҳои баландихтисоси низомӣ баҳои баланд доданд.

Гуфта шуд, ки Ҳукумати мамлакат барои дар сатҳи баланд омода кардани афсарону мутахассисони сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартибот дар муассисаҳои таълимии ҳарбӣ тамоми шароити заруриро муҳайё намудааст.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, таҳаввулоту авзои мураккаби сиёсию амниятӣ дар минтақа ва ҷаҳон ҳушдор аз он медиҳанд, ки барои ба талаботи замони имрӯз мутобиқ гардонидани сатҳи омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ, таълиму тарбияи мутахассисони баландихтисоси низомӣ, таъминоти ҷузъу томҳо бо техникаву технологияи замонавию лавозимоти муосири ҷангӣ ва тақвият бахшидани иқтидори мудофиавии мамлакат тадбирҳои иловагӣ татбиқ намоем.

Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои нави факултаи ҳавопаймоии Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа 21.02.2018

Февраль 21, 2018 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Италия санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелонӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Рим шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Италия ва Ватикан сафар намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Британияи Кабир Дэвид Кэмеронро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи бофандагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Меҳмонхонаи «Кангурт Гранд Ҳотел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои бисёрфунксионалӣ бо ҷойгиршавии Меҳмонхонаи чорситорадори «Фирдавсӣ»-ро ифтитоҳ намуданд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт
Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев бо маҳсулоти корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе шинос шуданд
АМИТ «Ховар»: Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар Маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе 3 рӯз идома меёбад