ОБУ ҲАВО: имрӯз дар минтақаҳои Тоҷикистон борону барф меборад

Февраль 14, 2018 08:52

ДУШАНБЕ, 14.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борону барф дар назар аст.

Имрӯз, 14 феврал дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, шамол аз самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 13-18 метр дар як сония мевазад. Дар баъзе ноҳияҳо боридани борону барф дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа сард ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Ба иттилои Агентӣ, ҳаво дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тағйирёбандаи абрнок шуда, боридани борону барф пешбинӣ мешавад. Дар ғарби вилоят шабона 1-6 дараҷа сард ва рӯзона 1-6 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 8-13 ва рӯзона 0-5 дараҷа сард мегардад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок гашта, боришоти сахти борон пешгӯӣ карда мешавад. Шамол аз самти ғарб 3-8  метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо ҳаво шабона 3-8 ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи камабр шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон ва барф пешгӯӣ карда мешавад. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  шабона 0-5 ва рӯзона 3-8 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, боридани борон пешбинӣ мешавад. Ҳаво шабона 3-5 ва рӯзона 8-10 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Февраль 14, 2018 08:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат истифодаи оқилонаи заминро талқин менамояд
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар 120 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Дар Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия вохӯрӣ доир шуд
Ба кишоварзони ноҳияи Деваштич барои парвариши картошка ва тухмиҳои хушсифат тавсияҳо дода шуд
Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд кишти чигит оғоз ёфт