Президенти мамлакат: «Кумитаи миллии олимпӣ федератсияҳои варзиширо аз аккредитатсияи давлатӣ гузаронад»

Февраль 14, 2018 15:04

ДУШАНБЕ, 14.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Дар ҳоле, ки мо барои аксари навъҳои варзиш шароити мусоид ва толорҳои муосиру муҷаҳҳаз ба истифода додаем, дар баъзе навъҳои варзиш ягон дастоварди назаррас надорем. Дар толорҳо машқу тамрин бо низоми муайян ба роҳ монда нашудааст ва онҳо самаранок истифода намегарданд», —  изҳори нигаронӣ  карданд  имрӯз   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Президенти Кумитаи миллии олимпӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар   ҷаласаи Ассамблеяи генералии Кумитаи миллии олимпӣ ва мулоқот бо масъулини соҳаи варзиш.

Роҳбари давлат ҳамчунин доир ба дигар  камбудиҳои ҷойдошта  дар   фаъолияти   федератсияҳои варзишӣ,  ки  асосан  ташкилоти ҷамъиятӣ буда, бо мақсади оммавӣ гардонидан ва инкишоф додани як ё якчанд намуди варзиш, инчунин ташкил ва гузаронидани мусобиқаҳои варзишӣ ва тайёр кардани дастаҳои мунтахаб таъсис дода шудаанд, ибрози андеша намуданд.

Президенти мамлакат, аз ҷумла,   зикр намуданд, ки  мутаассифона, аксари федератсияҳои варзишӣ  дорои сохтори мукаммал набуда,  дар онҳо  мутахассисон намерасанд, ҳатто утоқи корӣ надоранд. Роҳбарони баъзе  аз онҳо камфаъолият буда, дар ихтиёри худ ягон иншооти варзишӣ надоранд ва маоши кормандони худро сари вақт пардохта наметавонанд. Як қисми федератсияҳои варзишӣ дар доираи гурӯҳи хурди ҳамфикрон таъсис ёфта, нақши онҳо дар пешрафту оммавӣ гардонидани намудҳои варзиш назаррас нест. Аксари федератсияҳо корманди штатӣ ва сохтори муайяни корӣ надоранд, кормандони баъзеи онҳо аз суроға ва фаъолияти федератсияҳои худ дуруст огоҳ нестанд.

Аз 52 федератсияи варзишии амалкунанда танҳо 16 федератсия ба талаботи аккредитатсияи давлатӣ ҷавобгӯ мебошад.

«Бинобар ин, вақти он расидааст, ки фаъолияти федератсияҳои варзишӣ ҳамаҷониба санҷида, ҷиҳати аз аккредитатсияи давлатӣ гузаронидани онҳо тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд. Аз ин рӯ, ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Кумитаи миллии олимпӣ супориш дода мешавад, ки барои тақвияти фаъолияти федератсияҳои варзишӣ чораҷӯӣ карда, дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2015 ҳамаи федератсияҳои варзиширо аз аккредитатсияи давлатӣ гузаронанд», — супориш доданд Сарвари давлат ба масъулини соҳа.

 

 

Февраль 14, 2018 15:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат истифодаи оқилонаи заминро талқин менамояд
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар 120 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Дар Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия вохӯрӣ доир шуд
Ба кишоварзони ноҳияи Деваштич барои парвариши картошка ва тухмиҳои хушсифат тавсияҳо дода шуд
Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд кишти чигит оғоз ёфт