«Рӯзҳои Япония» дар Душанбе ҷамъбаст гардиданд

Февраль 19, 2018 16:26

ДУШАНБЕ, 19.02.2018. /АМИТ «Ховар»/. 17-18 феврали соли равон дар Маркази Исмоилияи шаҳри Душанбе таҳти унвони «Рӯзҳои Япония» намоиш ва барномаи фарҳангӣ доир гардид.

Дар намоиш намояндагони сафоратҳо ва корпусҳои дипломатии муқими мамлакат, намояндагони соҳаи фарҳангу илм ва дӯстдорони санъату фарҳанги Япония иштирок намуданд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Япония дар Тоҷикистон Ҳаҷимэ Китаока дар ифтитоҳи намоиш иброз дошт, ки маҳфили мазкур ду сол инҷониб баргузор мегардад ва аз дӯстию муносибати хуби Тоҷикистону Япония гувоҳӣ медиҳад.

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода баён дошт, ки Тоҷикистону Япония ду давлате мебошанд, ки бо ҳам умумияти зиёд доранд. «Новобаста ба тараққиёти техника ва технологияи ҳозиразамон ҳам Тоҷикистон ва ҳам Япония ба ҳифзи таъриху ёдгориҳои антиқӣ ва эҳёву рушди ҳунарҳои мардумӣ аҳамияти махсус  медиҳанд»,-гуфт Вазири фарҳанг.

Дар ҷараёни баргузории намоиши мазкур дар иҷрои овозхонони қувваи босираашон суст аз Тоҷикистон, Қирғизистон ва Россия барномаи консертии ҷолиб манзури бинандагон гардид.

Ҳамчунин дар барномаи «Рӯзҳои Япония» консерт ва иҷрои асбобҳои мусиқии японӣ,  баргузории намоишҳои фарҳангии японӣ, аз ҷумла, санъати ҳарбии будо, хаттотӣ, маросими омода кардани чой, оригамӣ, бозичаҳои японӣ, либоси японӣ ва  филми японии «Касе нест, ки маро нигоҳубин кунад» ҷой доштанд, ки писанди тамошобинон гардиданд.

Ин ҷо гузориши тасвирии суратгири АМИТ «Ховар» Мақсудҷон Муҳиддинҷонов аз ҷараёни ин намоиш  пешниҳод мегардад.

Февраль 19, 2018 16:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон барномаи омӯзишии Мактаби театрии Александрин мегузарад
ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН. Дар шаҳри Ҳисор озмунҳои «Тоҷикистони ман!» ва «Шоҳнома Ватан аст!» доир мегарданд
Байни Тоҷикистон ва Италия Барномаи ҳамкории фарҳангӣ, илмӣ ва технологӣ барои солҳои 2024-2027 ба имзо расид
Дар Душанбе оид ба рушди ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика конференсияи байналмилалӣ доир мегардад
САДРИДДИН АЙНӢ-БУНЁДГУЗОРИ АДАБИЁТИ НАВИНИ ТОҶИК. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабӣ гузаронида шуд
ИЛМ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМОНИ ҶАВОН. Дар ин мавзуъ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Протокол оид ба таҳияи филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Узбекистон ба тасвиб расид
Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» ҷамъбаст гардид
«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе ин фестивали ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид
Роҳбарзанони Узбекистон бо табиати зебои шаҳри Норак шинос шуданд
Дар Душанбе ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Акитаи Ҷопон баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд