РОҲҲОИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРӢ БОЗ МЕШАВАНД! Гузаргоҳи назоратии «Андархон-Патар» дар сарҳади байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дубора ба фаъолият оғоз намуд

Февраль 13, 2018 15:03

ДУШАНБЕ, 13.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Гузаргоҳи назоратии сарҳадии «Андархон-Патар», ки соли 2009 баста шуда буд, дубора ба фаъолият оғоз намуд. Дар ин бора сардори маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Ба иттилои манбаъ, ин гузаргоҳ дар байни шаҳри Конибодоми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ноҳияи Бешариқи Ҷумҳурии Ӯзбакистон воқеъ буда,  охири ҳафтаи гузашта бо иштироки намояндагони мақомоти дахлдори ҳарду ҷониб ифтитоҳ шуд.

Тавре Муҳаммад Улуғхоҷаев зикр намуд, мутобиқи Созишномаи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз соли 2002 дар сарҳади давлатҳо 16 гузаргоҳ, аз ҷумла 9 гузоргоҳ бо мақоми байналмилалӣ ва боқимонда бо мақоми дуҷониба амал мекарданд. Аз ин шумора 12-тоаш дар қаламрави вилояти Суғд  ва боқимонда дар вилояти Хатлон ва шаҳри Турсунзода ҷойгир мебошанд.  «Патар – Андархон» яке аз 9 гузаргоҳи сарҳадии мошингард байни Тоҷикистону Ӯзбекистон ба шумор меравад.

Бояд зикр намуд, ки солҳои охир миёни ду давлати ҳамсоя танҳо гузаргоҳҳои сарҳадии «Фотеҳобод», «Дӯстӣ» ва «Қуштегирмон» бо маҳдудиятҳо фаъолият мекарданд.

Коршиносон роҳандозии ин гузаргоҳи сарҳадиро қадами ҷиддӣ дар амалисозии муносибатҳои нави байнидавлатии ду кишвар арзёбӣ мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки 10 январ дар шаҳри Душанбе ҷаласаҳои комиссияҳои байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон  оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади байнидавлатии ду давлати ҳамсоя таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва  Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон  Абдулло Орипов баргузор гардида буд.

Дар ҷараёни гуфтугӯҳои судманди байниҳукуматӣ таваҷҷуҳи зиёд ба масъалаи рушду тавсеаи бештари ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар заминаи дӯстию ҳамсоягии нек зоҳир карда шуда, нақшаи  тадбирҳои муштараки дуҷониба доир ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади байнидавлатии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон  ва тадбирҳои вобаста ба рафтуомади шаҳрвандони ду давлат ба қаламрави ҳамдигар, инчунин  ҳалли масъалаҳои марбут ба онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта буд.

 

Февраль 13, 2018 15:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад
СММ: 800 ҳазор нафар дар Ал-Фашир зери хатари ниҳоят шадид қарор доранд