Ҷасади чор нафар ҳалокшудагони сӯхтори шаҳри Красногорски вилояти Москва ба зодгоҳашон интиқол дода шуд

Февраль 1, 2018 14:54

ДУШАНБЕ, 01.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо мусоидати Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Хадамоти консулии  Сафорати Тоҷикистон дар   Федератсияи  Россия  ҷасади  чор  нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки 28 январи соли равон  дар натиҷаи сӯхтор  дар ошёнаи 6-уми  яке аз манзилҳои  бинои баландошёнаи  шаҳри Красногорски вилояти Москваи Федератсияи Россия   ба ҳалокат расида буданд, ба Тоҷикистон интиқол дода шуд.  Бо мусоидати  намояндагӣ аз ҳамватанон  барои пардохти хароҷоти омодасозии ҷасадҳо барои интиқол маблағ ҷамъоварӣ гардида,  тибқи  муқаррарот,  ҷасадҳо тавассути  ҳавопаймои ширкати «Тоҷикэйр»  ба таври  ройгон интиқол дода шуданд.

Дар ин бора сардори Маркази матбуоти Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия Иброҳим Аҳмадов ба АМИТ «Ховар» хабар дода, зикр кард, ки    ҳамаи ҳалокшудагон —     Анвар Холбоеви 48-сола,  Беҳзод Холбоеви 13-сола  (писари Анвар Холбоев), Муслима Неъматоваи 48-сола  ва  Аббосбек Чориеви   6 -сола зодагони ноҳияи Шаҳринав  буда, дар    манзили  истиқоматии оташгирифта  иҷоранишин  будаанд.

Номбурда  ҳамчунин иттилоъ дод, ки  айни замон ду нафар  шаҳрвандони дигари Тоҷикистон,  ки  дар натиҷаи ин сӯхтор  ҷароҳат бардоштаанд,  дар беморхонаҳои шаҳри Москва  бистарӣ  мебошанд. Асадбек  Чориеви 4-сола дар беморхонаи  Любертс   ва Парвина Рузиматоваи 24-сола, ки рӯзи сар задани  сӯхтор    ба ин макон ба меҳмонӣ  омада буд, дар  беморхонаи Карбишев  зери назорати табибон қарор доранд.

Тибқи иттилои табибон, вазъи саломатии Асадбек  каме беҳтар гардида,    Парвина  ҳанӯз ҳам  дар ҳолати вазнин қарор дорад.

«Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия фавран ба ҷойи ҳодиса рафта,   сабаби сар задани сӯҳторро мавриди омӯзиш қарор дод. Бо Шоирахон Холбоева, ҳамсари  Анвар Холбоев телефонӣ дар тамос шуда, барои  омода намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ мусоидат  намуд. Дар  суҳбат Шоирахон Холбоева  иброз дошт, ки  сабаби сар задани сӯхтор эҳтимол  расиши  кӯтоҳи  ноқилҳои барқӣ  бошад. Номбурда алҳол  барои  иштирок дар маросими дафни ҳалокшудагон дар ноҳияи Шаҳринав қарор дорад», —  афзуд Иброҳим  Аҳмадов.

Мавсуф ҳамчунин  иброз намуд, ки  айни замон Намояндагӣ  дар ҳамкорӣ бо Хадамоти консулӣ  бо муфаттиш  оид ба парвандаҳои  махсусан муҳими шуъбаи Кумитаи тафтишотии шаҳри Красногорск  Антон Нефедов  мулоқот намуда,   сабабҳои мушаххаси сар задани сӯхторро  муайян менамояд.

 

 

Февраль 1, 2018 14:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат истифодаи оқилонаи заминро талқин менамояд
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар 120 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Дар Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия вохӯрӣ доир шуд
Ба кишоварзони ноҳияи Деваштич барои парвариши картошка ва тухмиҳои хушсифат тавсияҳо дода шуд
Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд кишти чигит оғоз ёфт