РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Решаи пайдоиши ҷӯроббофӣ дар Бадахшон то ба давраи ориёӣ мерасад

Февраль 22, 2018 10:16

ХОРУҒ, 22.02.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Ҳунари ҷӯроббофии бонувони Бадахшон аз замонҳои хеле қадим оғоз ёфта, то  замони мо расидааст. Ин ҳунари мардумӣ дар асрҳои ҳафту ҳашт хеле рушд карда буд ва ба ҳар сайёҳ ё меҳмоне, ки ба ин минтақа сафар менамуд, ҳатман  ҷӯроб туҳфа мекарданд. Ҳамин тавр ин ҳунари дастони бонувони тоҷик марзро убур намуда, то ба кишварҳои  ҳамсояи Чин, Ҳиндустону Покистон, Афғонистону  Эрон мерасид. Аз солҳои шастум ва ҳафтодуми асри бист ҷӯробҳои бофтаи бонувони Бадахшон дар осорхонаҳои Россия, Германия, Британияи Кабир борҳо ба намоиш гузошта шуданд.

Директори Маркази эҷодиёти халқ ва фарҳанги ВМКБ Сорбон Мамадамонов ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки «пашме, ки аз он ҷӯроб бофта шудааст,  нақшу нигор ва ранги он бисёр олимони соҳаи фарҳангу ҳунарро ба ҳайрат меовард. Ҳамаи маҳсулоте, ки дар бофтани ҷӯроб аз он истифода мебаранд, комилан табиӣ мебошад. Дар бештар маврид пашми гӯсфанд, уштур ва бузҳои ангориро ба кор мебурданд.  Пашмро бо гулу гиёҳҳои табиӣ ранг мекарданд. Ранги гулобиро аз гиёҳи рӯван, ранги зардро аз гули хор, ранги сурхро аз решаи гули хор, ранги зарди торикро аз пӯстлохи  дарахти зардолу ё чормағз омода мекарданд. Барои бофтани ҷӯроб сихро аз химчаи дарахтоне, ки шохаҳояшон мустаҳкаманд, месохтанд.  Аз ин рӯ рангашон на аз таъсири обу на аз таъсири офтоб тағйир намеёфт ва солҳои дароз одамон аз онҳо истифода мекарданд. Аз номҳои нақшу нигор аён аст, ки бештарашон  аз табиат гирифта шудаанд. Ба монанди «Пари товус», «Думи каждум», «Моршакл», «Ориёгул», «Камони Рустам», «Абри сари кӯҳ», ки шумораашон то ба  60 намуд мерасад».

Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, мутаассифона, пас аз солҳои ҳафтодуму ҳаштодуми асри гузашта   ҳунари ҷӯроббофӣ  дар байни занону духтарон  камтар тарғиб мешуд ва он фақат дар деҳоти дурдаст ба мушоҳида мерасид. Аз ин рӯ баъзе аз нақшу нигорҳо  ба тадриҷ фаромӯш шуданд. «Хушбахтона, дар бойгонии Маркази эҷодиёти халқ ва фарҳанги вилоят нусхаи аксарияти ин нақшу нигор маҳфуз мондааст ва дар замони истиқлолияти давлатӣ онҳо дастраси бонувони ҳунарманд гардиданд. Имсол ният дорем, ки то ҷашни 27- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар аз 50 номгӯй нақшу нигорро барқарор ва ба маъраз  гузорем».

Дар шароити кунунӣ барои тарғибу ташвиқи фарҳанги асили миллӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Бо истифода аз  шабакаҳои гуногуни телевизионии мамлакат ва  сомонаҳои интернетӣ сокинони вилоят имкон доранд ҳарчӣ бештар мардумони ҷаҳонро бо расму анъана ва ҳунарҳои мардумии халқамон шинос созанд.

Баъди Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  эълон шудани соли 2018 дар ҳудуди вилоят аллакай даҳҳо мактабҳои ҳунарии оилавӣ ташкил шудаанд, ки мақсадашон ба насли наврас ёд додани асрори ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла ҷӯроббофӣ, муҳрабофӣ, сабадбофӣ ва амсоли инҳо мебошад.

Февраль 22, 2018 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2023 ба буҷети шаҳри Гулистон аз ҳисоби хизматрасонии сайёҳӣ ва табобатӣ зиёда аз 40 миллион сомонӣ ворид шуд
«НАВРӮЗ — МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Табиати зебои Тоҷикистон дили меҳмонони хориҷиро тасхир намуд
Ба шарафи Наврӯзи бостонӣ дар Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Коршиносони олмонӣ дар ҷашни наврӯзии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иштирок намуданд
Дар шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор гардид
Дар Боғи Ирами шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ доир гардид
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва меҳмоннавозии Москва имконоти сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Масъалаи тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Ҷопон дар соҳаи сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт
Ҷаласаи нуҳуми Шурои ҳамоҳангсозии миллӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
ФОРУМИ B5+1. Ҳамгироии иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ тавассути муколамаи давлатӣ ва бахши хусусӣ тақвият меёбад
Дар шаҳраки бостонии Саразм майдони пазироӣ, дарвозаи рамзӣ ва терминали логистикӣ сохта мешавад
РӮЗИ МАТБУОТИ ТОҶИК. Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон заҳмати як зумра рӯзноманигоронро қадрдонӣ намуд