Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия бо Вазири корҳои хориҷии Туркия мулоқот намуд

Февраль 22, 2018 16:06

ДУШАНБЕ, 22.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. 20 феврали соли 2018 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Маҳмадалӣ Раҷабиён бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Мевлут Чавушоғлу баргузор гардид.

Тавре аз Вазорати корҳои хорҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар мулоқот доираи васеи масъалаҳои муносибат ва ҳамкории миёни ду давлат дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ-тиҷоратӣ, маориф, фарҳанг, сайёҳӣ ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Туркия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо зарурати тавсеаи ҳамкории фарогири мутақобилан судмандро таъкид намуда, барои бештар фаъол гардонидани абзори мавҷуда бо мақсади дастрасӣ ба ҳадафҳои муштарак изҳори омодагӣ намуданд.

 

Февраль 22, 2018 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд