Соли рушди сайёҳӣ таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ гузаронида мешавад

Февраль 23, 2018 13:10

ДУШАНБЕ, 23.02.2018/АМИТ «Ховар»/. Соли рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ гузаронида мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода иттилоъ дод.

«Боиси ифтихор ва хушнудист, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар  соли 2018 — ро «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуданд, — иброз намуд ӯ, — Дар ин замина, тибқи Нақшаи чорабиниҳои “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, ки аз ҷониби Пешвои миллат тасдиқ гардидааст, баргузор намудани чорабиниҳои зиёди сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ дар назар аст.

Намоядагони сайёҳии мамлакат болидахотир аз он ҳастанд, ки Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ сарпарастии “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” — ро, ки пайравӣ аз таваҷҷуҳу дастгирии сиёсати хирадмандонаву созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ба душ гирифтаанд.

Қобили зикр аст, ки чорабиниҳои муҳташами сайёҳӣ аз ҷумла, санаи 3 феврали соли 2018 Ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба оғози расмии “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”,  инчунин рўзи 10 феврали соли ҷорӣ Ҳамоиш таҳти унвони “Қадамҳои устувор дар рушди хизматрасониҳои сайёҳӣ” ва дар доираи он таъсиси марҳилаи якуми маркази хизматрасонии нақлиётӣ дар соҳаи сайёҳӣ, оғози татбиқи лоиҳаи “Минтақаҳои Тоҷикистон” маҳз таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ баргузор гардиданд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташаккулу рақобатпазир гаштани маҳсулоти сайёҳии кишвар ва ҷалби бештари сайёҳон тадбирҳои муҳим андешида, як қатор имтиёзҳои андозиву гумрукӣ роҳандозӣ гардид, ки барои тараққӣ ёфтани соҳаи сайёҳии кишвар натиҷаҳои самаранок ба бор оварда истодааст.

Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ҳамкории зич бо вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва бахши хусусиву соҳибкорӣ бо такя ба дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, ки заминагузори соҳаи сайёҳӣ ва муаррифгари Тоҷикистони муосир дар арсаи байналмилалӣ мебошанд ва таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ баҳри босамар татбиқ намудани Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” тадбирҳои судбахш андешида, бобати баланд бардоштани саҳми соҳа дар рушди иқтисоди миллӣ ва сатҳи некуаҳволии мардум аз тамоми имкониятҳои мусоид васеъ истифода менамояд.

 

Февраль 23, 2018 13:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2023 ба буҷети шаҳри Гулистон аз ҳисоби хизматрасонии сайёҳӣ ва табобатӣ зиёда аз 40 миллион сомонӣ ворид шуд
«НАВРӮЗ — МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Табиати зебои Тоҷикистон дили меҳмонони хориҷиро тасхир намуд
Ба шарафи Наврӯзи бостонӣ дар Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Коршиносони олмонӣ дар ҷашни наврӯзии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иштирок намуданд
Дар шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор гардид
Дар Боғи Ирами шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ доир гардид
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва меҳмоннавозии Москва имконоти сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Масъалаи тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Ҷопон дар соҳаи сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт
Ҷаласаи нуҳуми Шурои ҳамоҳангсозии миллӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
ФОРУМИ B5+1. Ҳамгироии иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ тавассути муколамаи давлатӣ ва бахши хусусӣ тақвият меёбад
Дар шаҳраки бостонии Саразм майдони пазироӣ, дарвозаи рамзӣ ва терминали логистикӣ сохта мешавад
РӮЗИ МАТБУОТИ ТОҶИК. Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон заҳмати як зумра рӯзноманигоронро қадрдонӣ намуд