ТЕЛЕВИЗИОНИ «ФУТБОЛ» БА ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОМОДА МЕШАВАД. Дирӯз шабакаи навтаъсиси телевизиони Тоҷикистон яксола шуд

Февраль 22, 2018 17:58

ДУШАНБЕ, 22.02.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ба оғози пахши барномаҳои телевизиони «Футбол» дар Тоҷикистон як сол пур шуд. 21 феврали соли 2017 бо ибтикори Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар мамлакат шабакаи махсуси телевизионии «Футбол» ба фаъолият оғоз кард. Вобаста ба ин мавзӯъ мухбири АМИТ «Ховар» бо Директори шабакаи телевизионии “Футбол” Наврӯз МУҚИМОВ  суҳбат намуд.

«Ховар»: Шумо ва кормандонатонро ба муносибати  солгарди ташкили шабакаи «Футбол»   табрик мегӯем.

Н. Муқимов: Ташаккур.

«Ховар»: Ин як соли фаъолият чӣ гуна сурат гирифт ва ба кадом дастовардҳо ноил шудед?

Н. Муқимов: Тайи солҳои охир бо дастгирию ҳидоятҳои ҳамвораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи варзиш бо шумули футбол ба таври бесобиқа рушду ривоҷ ёфт.

Телевизиони «Футбол» давоми як соли фаъолияти худ тавонист бо пешниҳоди гузоришҳои мустақим, филмҳои мустанад, анонсу лавҳаҳои марбута мухлисони доимии худро пайдо кунад. Ба ғайр аз он ки бозиҳои Чемпионтаи Тоҷикистон оид ба футбол мустақиман тавассути ТВ «Футбол» пахш шуд, инчунин дархосту пешниҳоди мухлисонро ба назар гирифта, давоми фаъолияти худ гузоришҳои мустақимро аз ҷараёни чемпионатҳои  бонуфузи миллии футболии Аврупо-Ла Лига, Премер-Лига, Бундеслига, Серияи А, Лигаи 1, бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2018 дар қитъаҳои Осиё, Аврупо, Амрико, инчунин чемпионати Осиё ва Аврупо оид ба футзалро ба мухлисон манзур гардонидем. Дар ин ҷараён таҳия ва тарҷумаи филмҳои мустанад доир ба ҳаёту фаъолият ва дастовардҳои футболбозону мураббиён ва таърихи дастаҳо ба роҳ монда шуд.  Шабакаи “Футбол” тавонист қабл аз оғози  рақобатҳо тавассути пахши анонсҳо бинандагони худро аз таърихи  баргузории бозиҳо дар ҷараён гузорад. Лавҳаҳои гуногун ва мусоҳиба бо хабарнигорону футболбозон бинандагони моро дар танаффуси бозиҳо намегузоранд, ки  аз назди экрани телевизиони худ дур шаванд. Саҳифаи шабакаи иҷтимоии «Футбол” дар  «Фейсбук» ва “Одноклассники” хеле фаъол буда, мухлисони зиёдеро бо ҳам овардааст ва ҳар кадоме озод метавонад ба саволҳои худ ҷавоб гираду дархости хешро пешниҳод намояд.

«Ховар»: Тахминан чӣ миқдор тамошобинон дар Тоҷикистон ва берун аз он ТВ «Футбол»-ро тамошо мекунанд?

Н. Муқимов: Имрӯз тақрибан дар тамоми ҳудуди кишвар мавҷҳои ТВ «Футбол» ба тамошобинон дастрас буда, рағбати аҳолӣ барои тамошои шабакаи мо хеле зиёд аст. Дар хориҷи кишвар  тавассути сомона имкон ҳаст, ки барномаҳоро  тамошо кунанд.

«Ховар»: Ҷиҳати иҷрои Барномаи давлатии рушди футбол дар шабака чӣ тадбирҳо андешида шудаанд?

Н. Муқимов: Солҳои охир бо мақсади рушду тавсеаи футбол дар Тоҷикистон ва ҳарчӣ бештар оммавӣ гардондани он миёни ҷомеа тадбирҳои мукаммалу муассир мавриди амал қарор дода мешаванд, ки ба ривоҷу равнақи варзиши рақами яки ҷаҳон мусодат мекунанд. Дар барномаву тарҳҳо ва нақшаю реҷаҳои таҳиягардида масъулин бо шумули созмони марбутаи ҷумҳурӣ ба ҳалли масъалаву мушкилҳое, ки дар футболи мамлакат мавҷуданд, таваҷҷуҳ карда, роҳи ҳалли онро мавриди таваҷҷуҳ қарор медиҳанд. Аз ҷумла, чанде пеш бо ташаббуси Федератсияи футболи кишвар ва таҳти назари бевоситаи Президенти ин ниҳоди бонуфузи варзишӣ Рустами Эмомалӣ бо ҷалби доираи васеи коршиносони ҳирфаӣ таҳти унвони «Орзу 2026» Барномаи дурнамои рушди футбол дар Тоҷикистон барои солҳои 2017-2026 таҳия гардид, ки аллакай амалӣ намудани он шурӯъ шуд.  Барномаи дарозмуддати мазкур аз банду фаслҳои алоҳида таркиб ёфтааст, ки марҳала ба марҳала татбиқ хоҳад шуд. ТВ “Футбол” низ барои дар амал татбиқ кардани ин барнома ва умуман тарғиби футбол тадбирҳои зарурӣ меандешад.

«Ховар»: Имсол Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол доир мегардад. Оё бозиҳои онро мустақиман нишон медиҳед?

Н. Муқимов: Бале, ТВ «Футбол» тасмим дорад имсол бозиҳои марҳилаи финалии Ҷоми ҷаҳон-2018 оид ба футболро мустақиман пешниҳоди дӯстдорони  навъи рақами 1-и варзиши сайёра гардонад. Дар ин бора шартномаи зарурӣ бо ширкатҳои дахлдор  ба имзо расидааст.

Бахшида ба ин мусобиқот шабакаи мо як идда барномаҳоро рӯи даст дорад. Доир ба таърихи ин мусобиқот як зумра филмҳои мустанад айни замон тарҷума шудаанд ва дар арафаи оғози чемпионати ҷаҳон онро манзури бинандагон мегардонем. Доир ба ҳар як шаҳр, варзишгоҳ ва дастаи мунтахаби иштирокчии  Чемпионати  ҷаҳон барномаи алоҳида таҳия ва пешниҳоди бинандагон хоҳад шуд. Ҳамчунин дар назар аст, ки дар рӯзҳои баргузории ин мусобиқот барномаи вижаи «Рӯзномаи Ҷоми Ҷаҳон-2018» пешниҳоди мухлисон карда шавад.

 

А. БӮРИЕВ,

АМИТ «Ховар»

Февраль 22, 2018 17:58

Хабарҳои дигари ин бахш

«ANTALYA GRAND SLAM-2024». Ҷудочии тоҷик Эмомалӣ Нуралӣ ба финал баромад
Ширкати «Париматч Тоҷикистон» сарпарасти кулли Лигаи якум-2024 гардид
Варзишгарони ҷавони тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалӣ оид ба бокс дар Остона ва Боку сазовори медалҳои биринҷӣ гардиданд
Имрӯз мусобиқаи «Antalya Grand Slam-2024» оид ба ҷудо оғоз мешавад
Чемпионати 33-юми Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ моҳи апрел оғоз мешавад
ШОҲҶОИЗА- ЭЛЕКТРОМОБИЛ. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мусобиқаҳои варзишӣ ҷамъбаст шуданд
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Душанбе дар марҳилаи интихобӣ бо тими Арабистони Саудӣ бозӣ менамояд
ФУТБОЛ. Имрӯз бозии дуюми дӯстонаи дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) бо тими Ветнам баргузор мегардад
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи интихобӣ аз тими Арабистони Саудӣ мағлуб шуд
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба муқобили дастаи Арабистони Саудӣ бо либосҳои сурх бозӣ менамояд
26 март дар вилояти Суғд мусобиқаҳои миллии пойга ва бузкашӣ доир мешаванд