ТОҶИКИСТОН МИЁНИ КИШВАРҲОИ ИДМ АЗ РӮИ АФЗОИШИ АҲОЛӢ ДАР ҶОЙИ АВВАЛ. АМИТ «Ховар» Гузориши нави СММ оид ба афзоиши аҳолӣ дар кишварҳои ҷаҳонро шарҳ медиҳад

Февраль 17, 2018 11:29

ДУШАНБЕ, 17.02.2018. /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон аз рӯи афзоиши аҳолӣ дар миёни кишварҳои ИДМ мақоми аввалро ишғол мекунад. Бо ин нишондиҳанда, кишвари мо миёни тамоми ҷумҳуриҳои шӯравии собиқ пешсаф аст.

Чунин маълумот дар Гузориши нави Созмони Милали Муттаҳид оид ба афзоиши аҳолӣ дар кишварҳои ҷаҳон (World Population Prospects  2017) дарҷ гардидааст. Ин гузориш дар сомонаи расмии СММ нашр шуд.

Мувофиқи арзёбии мазкур, аҳолии ҷаҳон соли 2015 (аз нуқтаи назари дурнамо) 7,4 млрд нафарро ташкил дод, ки дар муқоиса бо миёнаи асри гузашта (2,5 миллиард аҳолӣ) се баробар бештар аст. Танҳо дар 12 соли гузашта (2003-2015) шумораи аҳолии сайёра 1 миллиард афзоиш ёфт.

Нишондиҳандаи афзоиш дар даҳсолаҳои оянда низ пешбинӣ шудааст. Мувофиқи модели миёнаи дурнамо, пас аз 13 сол шумораи аҳолии ҷаҳон боз 1 миллиард зиёд мешавад, дар соли 2030 — то 8,6 миллиард, дар соли 2050 – то 9,8 миллиард, то охири аср -11,2 миллиардро ташкил медиҳад.

Вариантҳои дигари дурнамо ҳам суръати афзоиш ва ҳам коҳиши шумораи аҳолиро дар ҷаҳон дар охири ин аср пешгӯӣ мекунанд. Ҳамин тавр, бо эҳтимолияти 95% соли 2030 шумораи аҳолии ҷаҳон аз 8,4 то 8,7 миллиард нафар, соли 2050 – аз 9,4 то 10,2 ва соли 2100 – аз 9,6 то 13,2 миллиард нафарро ташкил медиҳад. Дар давраи кӯтоҳ ва миёнаи дурнамо, тамоюли афзоиш давом хоҳад ёфт ва эҳтимолияти мӯътадил ё оғози камшавии аҳолии сайёра дар охири асри XXI тақрибан 27 фоизро ташкил медиҳад. Бино ба арзёбии СММ, шумораи аҳолии ҷаҳон то 1 июли соли 2017 ба беш аз 7,6 миллиард нафар расид.

Тибқи гузориши СММ, дар давраи дарозмуддати дурнамо афзоиши аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз баландтаринҳо хоҳад шуд. Мавриди зикр аст, ки дар гузашта низ суръати афзоиши аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мушоҳида мешуд. Ҳамин гуна, дар чоряк аср (тайи солҳои 1991-2016) шумораи аҳолии Тоҷикистон қариб 62% афзоиш ёфт.

Диаграммаи 1

Афзоиши аҳолӣ дар кишварҳои ИДМ тайи солҳои соҳибистиқлолӣ (1991-2016),%

Вале, тайи чоряк аср афзоиши шумораи аҳолӣ дар Ӯзбекистон ба қайд гирифта шудааст. Дар ин давра, аҳолии ин кишвар то 10,9 миллион нафар афзоиш ёфт. Шумораи аҳолии Тоҷикистон 3,3 миллион нафар ва шумораи аҳолии Озарбойҷон 2,5 миллион нафар афзуд. Камшавии аҳолӣ аз ҳама бештар дар Украина (7 миллион нафар аҳолӣ кам шудааст) ва дар Россия (камшавӣ 4,3 миллион нафарро ташкил медиҳад) ба қайд гирифта шуд.

Диаграммаи 2

Афзоиши аҳолӣ дар кишварҳои ИДМ тайи солҳои соҳибистиқлолӣ (1991-2016), миллион нафар.

Дар баробари ин, дар давоми панҷ соли охир сатҳи миёнаи афзоиши солонаи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миёни кишварҳои ИДМ баландтарин боқӣ мемонад.

Диаграммаи 3

Суръати миёнаи афзоиши солонаи аҳолӣ дар солҳои 2011-2016, %

Кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷиҳати афзоиши аҳолӣ дар миёни кишварҳои ИДМ пешсаф мебошанд. Афзоиши миёнаи аҳолӣ дар Тоҷикистон дар давоми 5 соли охир 2,2 фоизро ташкил дод. Дар ҷои дуюм аз рӯи ин нишондод бо 2 фоиз афзоиш Қирғизистон қарор дорад. Ва дар ҷои сеюм бо 1,8 фоиз афзоиш дар як сол Туркманистон мебошад. Дар кишвари сераҳолитарини Осиёи Марказӣ — Ӯзбекистон  низ фоизи афзоиши аҳолӣ баланд аст — 1.7 фоиз дар як сол ва дар аввали соли 2017 дар ҷумҳурӣ 31,8 миллион нафар зиндагӣ мекарданд, ки ин беш аз 45 фоизи аҳолии кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад. Суръати баръакси афзоиши аҳолӣ дар Украина мушоҳида мешавад.

Дар натиҷаи афзоиши нисбатан баландтар дар ин минтақа ҳиссаи кӯдакон ва наврасон дар Осиёи Марказӣ нисбатан баланд аст. Масалан, дар Тоҷикистон ҳиссаи кӯдакон ва наврасон 0-14-сола 35,2%, дар Қирғизистон — 31,5%, дар Туркманистон — 30,8%, дар Ўзбекистон — 28% ва дар Қазоқистон — 27,4%-ро ташкил медиҳад. Дар Россия, Беларус ва Украина ҳиссаи аҳолии беш аз 65-сола дар маҷмӯи шумораи аҳолӣ беш аз 13%-ро ташкил дода, аз афзоиши тамоюлоти пиршавии аҳолӣ шаҳодат медиҳад.

Диаграммаи 4

Сохтори синнусолии аҳолии кишварҳои ИДМ,%

Тибқи арзёбиҳо, то соли 2020 аҳолии Осиёи Марказӣ ба 73,1 — 74,5 млн. ва то соли 2030 — 78,6 — 85,3 миллион нафар мерасад.

Суръати баландтарини афзоиши аҳолӣ дар Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон нисбат ба тағйироти нисбатан паст дар Қазоқистон мушоҳида мешавад.

Аҳолии кишварҳои минтақа нисбатан ҷавонтар мемонанд, ки аз қобилияти баланди зиндагӣ шаҳодат дода, ҳамзамон маънои нигоҳ доштани сарборӣ дар муассисаҳои иҷтимоӣ ва бозори меҳнат дар дурнамои дарозмуддат дорад.

Гузориши нави СММ-ро ба АМИТ «Ховар» муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарида Муминова чунин шарҳ дод:

— Дар ҳақиқат, афзоиши аҳолии давлати мо бо суръат аст. Дар сурати идораи оқилонаи демографӣ ва пешбурди босамари ислоҳот (бахусус, тағйироти сохторӣ дар иқтисодиёт ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ), иқтидори «равзанаи демографӣ»-и имкониятҳои иқтисодӣ пурра татбиқ мешавад, ки ин дар рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар ва ҳам некӯаҳволӣ ва имконоти оилаҳои мушаххас мусоидат мекунад.

Бояд зикр намуд, ки афзоиши аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни таҳияи ҳуҷҷатҳои барномавии кишвар, аз ҷумла, дар доираи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва барномаҳои миёнамуҳлати рушд дар давраи солҳои 2016-2020 ба инобат гирифта шудаанд. Яъне, ҳангоми вазифагузории ҳадафҳои стратегӣ барои таъмини рушди иқтисодӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ, афзоиши аҳолӣ, таркиби синну сол ва ҷойҳои зист (шаҳрак / деҳот) ҳатман ба инобат гирифта мешаванд, то ки миқёс ва самти фаъолият – ташкили ҷойҳои нави корӣ ва таъмини шуғли аҳолӣ, фарогирӣ ба таълим, табобат ва таъминоти иҷтимоӣ, рушди бозори озуқаворӣ ва манзилӣ асоснок карда шавад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 вазифаҳои мақсаднокеро, ки афзудани ММД ва коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ бо назардошти таҳкими рушди сармояи инсониро пешбинӣ мекунанд, муайян кардааст.

Якчанд иқтибосҳоро аз Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 шарҳ медиҳем:

  • «Вазифаҳои асосии рушди сармояи инсонӣ дар давраи дарозмуҳлат инҳо хоҳанд буд: пешбурди фарогирии иҷтимоӣ тариқи баланд бардоштани дастрасӣ ба хизматрасониҳои босифат, аз ҷумла, маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, обтаъминкунӣ ва беҳдошт, инчунин фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ, аз ҷумла, дар соҳаи иҷтимоӣ». Масъалаҳои фарох доир ба навсозии иқтисодиёт, баланд бардоштани рақобатпазирии он ва афзоиши аҳолӣ дар самти афзудани сармояи инсонӣ вазифагузориҳоро дар бар мегиранд. Дар баробари ин, тавассути таъмини рушди сармояи инсонӣ пешрафти назарраси дастрасии баробар ба имкониятҳои иқтисодӣ пешбинӣ мегардад. Дар дурнамои давраи дарозмуҳлат фаъолсозӣ дар самти баланд бардоштани иқтидор барои таҳия ва амалигардонии барномаҳои нишондиҳандаи иҷтимоӣ, истифодаи бештари механизмҳои фаъол/ҳалли мушкилот дар раванди таҳия ва татбиқи сиёсати иҷтимоии кишвар пешбинӣ шудааст.
  • «Дар соли 2015 ҳиссаи аҳолии ҷавонони то 20-сола аз шумораи умумии аҳолии кишвар ба 45 фоиз расидаст. Категорияи мазкур соли 2030 асоси аҳолии қобили меҳнатро ташкил хоҳад дод, аз ин рӯ фаъолсозии иқтидори ҷавонон аз аҳамият холӣ нест». Ҳукумати мамлакат аллакай ба хароҷоти маориф афзалият дода, талошҳоро барои такмили малакаҳои касбии қувваи кории  ба бозори меҳнат ҷавобгӯ ва дурнамои рушди саноат ва технология равона намудааст. Албатта, тадбирҳои андешидашуда дар самти таъмин ва баланд бардоштани малакаҳои касбӣ ба таври ҷиддӣ беҳтар намудани низоми таҳсилоти томактабӣ ва олӣ, барномаҳои омӯзишӣ ва усулҳои таълимӣ, инчунин низоми мониторинги сифати таҳсилотро талаб мекунад. Бо назардошти афзоиши аҳолӣ, стратегияи рушди иқтисодии дарозмуддат вазифаҳои баланд бардоштани иқтидор ва неруи низоми таҳсилоти касбӣ, низоми бозомӯзӣ ва омодасозии мутахассисони баландихтисосро муайян кардааст.
  • «Таъмини солимии аҳолӣ масъалаи байнисоҳавӣ буда, ҳалли он аз саломатӣ ҳангоми таваллуд, саводнокӣ ва тарзи зиндагӣ, ҳолати экологии муҳити зист, шароити меҳнат, мукаммалии истеъмоли ғизо, дараҷаи некўаҳволӣ ва самаранокии низоми тандурустӣ вобастагӣ дорад, аз ин рў равиш ва роҳҳои ҳалли он бояд маҷмўӣ бошад. Дар ояндаи дарозмуҳлат масъалаи баланд бардоштан ва 100 фоиз нигоҳ доштани таъминоти аҳолӣ бо кумаки аввалини тиббӣ ва ноил гаштан ба натиҷаҳои чашмдошт ба ташаккули механизмҳои таъмини афзоиши давомнокии умри солимии аҳолӣ новобаста аз минтақаи зист гузошта мешаванд». Ҳангоми муқаррар намудани вазифаҳои давомнокии умр на танҳо афзоиши аҳолӣ, балки пайвасти амалҳо ва натиҷаҳое, ки ба таъмини рафтори умумӣ ва амал дар ин самт таъсир мерасонанд, ба назар гирифта шудаанд.
  • «Шумораи аҳолии қобили меҳнат соли 2030 6,8 млн. нафарро ташкил хоҳад дод. Шумораи умумии аҳолии ба шуғл машғулбуда бояд то 70 фоиз аҳолии қобили меҳнат дар соли 2030 зиёд гардад. Дур шудан аз бартарияти ҳиссаи шуғл дар соҳаи кишоварзӣ бояд қисми муҳими ислоҳот дар соҳаи шуғл ва афзоиши маҳсулнокии меҳнат гардад ва бо таҷдиди сохтории бахши воқеӣ алоқаманд бошад (аз рўи сенарияи индустриалӣ ё индустриалию иноватсионӣ)». Бояд таъкид намуд, ки шуғли сермаҳсул ба сатҳи афазалияти стратегӣ бардошта шудааст. Дар баробари ин ба назар гирифта шудааст, ки афзоиш ва тамаркузи (консентратсия) аҳолӣ бештар дар хоҷагии кишлоқ зарурати афзоиши фаъолнокии иқтисодиро дар деҳаҳо тақозо мекунад. Ҳамзамон афзалияти шуғл ва таъсиси ҷойҳои корӣ мунтазам дар хоҷагии қишлоқ бештар тасҳеҳ мешаванд. Сермаҳсул кардани (интенсификатсия) хоҷагии қишлоқ ба коҳиш додани имкониятҳо барои шуғл дар ин бахши иқтисодиёт оварда мерасонад, вале на дар деҳотҷойҳо, бинобар ин барои истифодаи иқтидорҳои саноат, инфрасохтор ва инноватсия дар деҳотҷойҳо вазифаҳо вогузошта шудаанд.
  • «Масъалаҳои асосии сиёсати дарозмуҳлат оид ба беҳтар намудани шароити манзилии аҳолӣ ба зиёд намудани масоҳати манзил дар соли 2030, тавсеа додани имкониятҳои дастрасӣ ба манзили мустақил, хусусан барои оилаҳои ҷавон, беҳтар намудани сифати манзил, чӣ аз ҳисоби бунёди манзили сифатноки нав ва чӣ аз ҳисоби таъмири капиталии фонди манзили мавҷуда алоқаманд мебошанд». Албатта, бо афзоиш ёфтани аҳолӣ ва некӯаҳволии он талабот ба манзил низ зиёд мешавад. Бинобар ин дар доираи самтҳои (афзалиятҳо, раҳнамоӣ — ориентир) стратегӣ ба таъмини манзили дастрас ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии манзилию коммуналӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шудааст.  
  • Татбиқи стратегияи рушди иқтисодӣ ба он равона мешавад, ки дар соли 2030 ММД ба ҳар нафар аҳолӣ аз рӯйи қобилияти харидорӣ 2,5-3 маротиба афзоиш дода шуда, камбизоатӣ то 15 фоиз кам карда мешавад.

Илова бар ин, мавҷудияти захираҳои назарраси меҳнат ва иқтидори рушди минбаъдаи онҳо дар заминаи сустшавии афзоиши аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол дар аксар давлатҳо метавонад ҳамчун омили иловагӣ дар баланд бардоштани ҷаззобияти сармоягузории Тоҷикистон хизмат намояд.

 

Саид АЛӢ,
Бекназари АБӮБАКР,
АМИТ «Ховар»   

 

Февраль 17, 2018 11:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Маърифати ҳуқуқӣ ва экологӣ — омили ободкориву созандагӣ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
11 АПРЕЛ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО ПАРКИНСОН. Ин беморӣ чӣ тавр муолиҷа мешавад?
ЗАНГӮЛАИ ҲУШДОР ВА Ё ҲИДОЯТҲОИ НАВИНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат
КАСБОМӮЗИИ ҶАВОНОН — ТАҚОЗОИ ЗАМОН. Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
10 АПРЕЛ-РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ба ташкили ин сохтори низомӣ 33 сол пур шуд
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар таркиби бодоми талх витамини B 17 мавҷуд буда, истеъмоли он ҳуҷайраҳои саратонро нест менамояд
СОЛИМИИ ҶОМЕА-БОИГАРИИ ДАВЛАТ. Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим 7 апрел Рӯзи ҷаҳонии саломатӣ эълон шудааст
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мактаби шуҷоату мардонагӣ аст
ТЕРРОРИЗМ ЧИСТ? ТЕРРОРИСТ КИСТ? Чаро як фард тамоми арзишҳои инсониро канор гузошта, ба ин роҳи манфур меравад?