Вакилони Парлумони Тоҷикистон авзои сиёсии ҷаҳонро баррасӣ карданд

Февраль 20, 2018 15:26

ДУШАНБЕ,  20.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи марбут ба авзои сиёсии ҷаҳон,  минтақа ва ҷумҳурӣ имрӯз дар «Соати парлумонӣ», ки таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров доир гардид, баррасӣ шуд.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов зимни  суханронӣ роҷеъ ба вазъи сиёсии ҷаҳон, минтақа ва ҷумҳурӣ сухан карда, гуфт, ки масъалаи мазкур муҳим буда, Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таҳлилу баррасии авзои ҷаҳону минтақа оғоз гардид. Ҷойгоҳи Тоҷикистон чун давлати соҳибихтиёру мустақил ва дорои сиёсати хориҷии дуруст, ки бар асоси татбиқи манфиатҳои миллии мамлакат роҳандозӣ мешавад, таъкид гардид. Зикр шуд, ки сиёсати дарҳои кушодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷаҳони муосир воқеӣ, дуруст ва судовар будани муносибатҳои ҷумҳурии моро  нишон дод.

Маълум аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавқеи муҳими Авруосиё, ки Осиёи Марказиро бо нимҷазираи Ҳинду Чин мепайвандад, ҷойгир аст ва дар равандҳои ҷаҳонии сатҳҳои минтақавию  байналмилалӣ, алахусус дар ду даҳаи охир иштироки фаъол дорад. Ин ширкати фаъолонаи мо дар арсаи байналмилалӣ  бо шарофати соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва сиёсати оқилонаву дурандешонаи Сарвари давлатамон сурат гирифтааст.  Маҳз бо шарофати истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон  узви созмонҳои мӯътабари байналмилалӣ ва минтақавӣ,  назири Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо  Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкории исломӣ ва ғайра гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистонро 170 мамлакати ҷаҳон  ба ҳайси давлати соҳибистиқлол эътироф кардаанд. Имрӯз Тоҷикистон бо 156 мамлакати ҷаҳон равобити дипломатӣ барқарор намудааст.

Дар анҷом Вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ  ба саволҳои вакилони Маҷлиси намояндагон посух дод.

Февраль 20, 2018 15:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе Маркази мониторинги камераҳои мушоҳидавӣ фаъол гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат истифодаи оқилонаи заминро талқин менамояд
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар 120 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Дар Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия вохӯрӣ доир шуд