СОЛИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ: занони хонанишин бо шуғл фаро гирифта мешаванд

Февраль 13, 2018 18:09

«Вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, саноат ва технологияҳои нав, маориф ва илм, кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, занон ва оила, рушди сайёҳӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки масъалаи шуғли аъзои ҳар як оилаи кишварро таҳлил карда, ҷалби онҳоро ба соҳаи кишоварзӣ, корҳои хонагӣ, косибӣ, ҳунарҳои мардумӣ, инчунин корҳои мавсимӣ ва хизматрасонӣ таъмин созанд».

                                                                                              Эмомалӣ Раҳмон

ДУШАНБЕ, 13.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати иҷрои ин супориши Сарвари давлат  масъулини соҳа кадом  тадбирҳоро  амалӣ менамоянд? Бо   ҷойи кор  таъмин намудани   занони хонанишин дар кадом сатҳ қарор дорад?   Бо мақсади пайдо намудани посух ба ин суолҳо ва дигар масоили ба ин соҳа  марбут  хабарнигори АМИТ «Ховар» бо масъулини ин сохторҳо ҳамсуҳбат гардид, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагони сомона мегардонем.

Лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбии техникӣ ва омӯзиш»  амалӣ мешавад

Дар сатҳи зарурӣ тайёр намудани  кадрҳои соҳибихтисоси коргарии  ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ  ба зиммаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардидааст.

Тибқи иттилои сардори Раёсати байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи ин вазорат  Усмоналӣ Латифӣ, тавассути муассисаҳои таълимии касбии низоми вазорат омӯзиш ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ васеъ ба роҳ монда шуда, соли 2017 зиёда  17 200 нафар занону духтарони хонашин ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ҷалб гардиданд.

Бояд гуфт, ки  ташкили курсҳои омӯзиши касбу ҳунарҳои мардумӣ барои занону духтарони хонашин яке аз роҳҳои ба шуғли пурсамар фаро гирифтани онҳо мебошад. Инчунин дар доираи лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбии техникӣ ва омӯзиш» синфхонаҳо, кабинетҳои махсусгардонидашудаи таълимӣ, устохонаҳо ва биноҳои хобгоҳи хонандагони 21 муассисаи таҳсилоти  ибтидоии касбӣ, 5 филиали Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон ва 2 филиали Маркази касбомӯзӣ ва соҳибкорӣ таъмиру тармим шуда, бо таҷҳизоти замонавӣ, ашёву аёнияти таълимӣ муҷаҳҳаз  мешаванд. Инчунин барои 17 ихтисоси интихобгардида стандартҳои салоҳияти касбӣ  таҳия  мегарданд, ки дар асоси онҳо барномаҳои таълимӣ ва  асбоби нави баҳодиҳӣ омода  мешаванд.

«Бо ташаббуси Сарвари давлат Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани  соли 2018  масъулияти кормандони  «Маркази таълими  калонсолон»-ро дучанд афзуд ва мо феҳристи курсҳои омӯзиширо зиёд ва теъдоди шунавандагонашро бештар  намудем. Алҳол ба курсҳои омӯзишии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон»   теъдоди зиёди  бонувони хонашин  ҷалб гардидаанд, ки   онҳо  касбу ҳунарҳои мардумӣ,   аз қабили  қолинбофӣ,  қуроқдӯзӣ, гулдӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, заргарӣ,  дуредгарӣ, адрасбофӣ,   сабадбофӣ,  тоқидӯзӣ,  дӯзандагӣ, гилембофӣ,   кулолгарӣ ва  ғайраро аз худ менамоянд»,- мегӯяд директори  Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон»  Аслам Раҳимов.

«Омӯзгорони маркази мо саъю кӯшиш доранд, ки  ба ҳунаромӯзон   тарзи тайёр  намудани маҳсулоти  ба талаботи замони муосир мутобиқро омӯзанд,  то  маҳсулоти истеҳсолнамуда ва асарҳои эҷоднамудаашон  дар ҳақиқат арзиши баланди эстетикӣ дошта бошанд. Ба онҳо,  пеш аз ҳама, ба сифати маҳсулот ва ороиш-дизайни он таваҷҷуҳ зоҳир намуданро меомӯзем. Зеро танҳо  моли босифат  метавонад, ки таваҷҷуҳи сайёҳонро  ба худ ҷалб намояд ва он ба фурӯш рафта, рушди фаъолияти минбаъдаи ин ҳунармандонро таъмин созад, —  афзуд  А.Раҳимов ва илова кард, ки  зиёд гардидани инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ талабот  ба ихтисосҳоеро,  чун  пешхизмат, ошпаз, ороишгари мӯй,  роҳбаладон ва ғайраҳо меафзояд. Бо дарназардошти ин талабот, дар марказ ба  омӯзиши ин ихтисосҳо  таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.

Амалӣ гардидани барномаҳои  мусоидат ба шуғли аҳолӣ     барои дар дурдастарин минтақаҳои ҷумҳурӣ  ба  касбомӯзӣ фаро гирифтани  шаҳрвандон  ва  ба ин восита бо ҷойи  кор таъмин  гардидани  онҳо  мусоидат  менамояд.

Тавре сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон  Абдуқаюм Исуфов иттилоъ дод,  соли 2017  220 нафар  ба омӯзиши касбу ихтисосҳои мутобиқ ба  бозори меҳнат ҷалб гардиданд.

«Соли 2017  ҳамчунин  42 нафар шаҳрвандони маъюб бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуда, ба 414 нафар шаҳрвандони аз хизмати Ватан баргашта ва аз муассисаҳои ислоҳӣ озодшуда ба маблағи 56 ҳазору 400 сомонӣ кумакпулӣ дода шуд. Аз 1003 нафар муроҷиаткунандагони шуъбаи агентӣ 396 нафари онҳоро  занон ташкил медоданд. Ҳамчунин соли 2017  45 нафар  занони  корҷӯи ноҳия  ба кори доимӣ роҳхат гирифтанд», — иброз дошт номбурда.

А.Исупов  ҳамчунин  зикр кард, ки соли гузашта  200 нафар хатмкунандагони курсҳои касбомӯзии назди муассисаи таълимии калонсолон касбҳои дӯзандагӣ, атласу адрасбофӣ, боғпарварӣ, забонҳои русиву англисӣ, компютерӣ, муҳосибӣ, занбӯриасалпарварӣ, кафшергари барқӣ, заргарию чӯбтарошӣ ва бофандагиро хатм карда, соҳиби шаҳодатномаҳои касбӣ гардиданд.

Дар шаҳру ноҳияҳо ҷойҳои корӣ  таъсис  меёбанд

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо,  шаҳру ноҳияҳо низ ба   масъалаи таъсиси ҷойҳои корӣ барои занону духтарони хонанишин  таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Аз ҷумла, тибқи иттилои раиси ноҳияи  Шоҳмансури шаҳри Душанбе Низом Ҳакимзода, дар маҳаллаи Бадахшон -2 «Маркази омӯзиши дӯзандагӣ»,  дар маҳаллаи «Дӯстии халқҳо» «Маркази эҳёи ҳунарҳои қолинбофӣ ва адрасбофӣ» ва дар маҳаллаи Камоли Хуҷандӣ «Маркази омӯзиши сӯзанидӯзӣ» фаъолият доранд, ки  марказҳои мазкурро 70 нафар ҷавондухтарон хатм  намуда,  соҳиби касбҳои гуногун гардиданд».

Низом Ҳакимзода ҳамчунин иттилоъ дод, ки айни замон  дар ноҳия корҳо дар самти ташкили марказҳои омӯзиши ҳунарҳои сӯзанидӯзӣ, бофандагӣ, ҷомадӯзӣ, кӯрпачадӯзӣ, зардӯзӣ, нонпазӣ, қаннодӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ идома доранд.

Дар  дигар минтақаҳо – вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи  ҷумҳурӣ низ  ба занони хонанишин омӯзонидани  ҳунарҳои қадимии мардуми тоҷик  бо маром идома дорад.

Аз ҷумла,   дар ВМКБ 80 нафар ҳунарҷӯён давраҳои омӯзишии семоҳаро  хатм намуда, соҳиби шаҳодатнома гардиданд, ки ин  барои пайдо намудани ҷои кори  онҳо мусоидат менамояд. Ҳамчунин   як гурӯҳ мутахассисони суғдӣ ба вилоят сафар намуда,  чанд дона дастгоҳҳои қолину адрасбофиро ба Маркази таълими калонсолони вилоят   туҳфа намуданд.  40 нафар аз духтарони  бекор   ба омӯзиши  ҳунарҳои қадимии мардуми тоҷик  машғул шуда, онро аз худ карданд, ки ин ба рушди минбаъдаи соҳа мусоидат менамояд.

Татбиқи лоиҳаҳо  барои ба  шуғл  фаро гирифтани  занони деҳот мусоидат намуд

 Тавре директори Муассисаи давлатии Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо»  Саъдӣ Каримзода  иброз дошт, соли  2017  Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» 780 нафар занони деҳотро дар самти  чорводорӣ, занбӯрпарварӣ, коркарди шир ва пашм дастгирӣ ва ба шуғли меҳнатӣ фаро гирифт.

«Яке аз самтҳои афзалиятноки татбиқи лоиҳа аз дастгирии занони деҳот ва бо ҷои кор таъмин намудани онҳо иборат мебошад. Дар ин самт 250 оила дар маҷмӯъ бо 5000 сар мурғ бо захираи семоҳа таъмин карда шуда,  450 зан аз оилаҳои ниёзманд бо 2250 сар бузу гӯсфанд ва хӯроки зимистона барои чорво таъмин гардиданд»,-афзуд С.Каримзода дар тақвияти гуфтаҳои мазкур.

Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки  дар ин замина 13 зан аз оилаҳои камбизоат бо 130 оилаи занбӯр, таҷҳизот барои парвариши занбӯри асал ва коркарди асал таъмин карда шуда, дар маҷмӯъ дар доираи татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар ноҳияҳои Темурмалик, Шамсиддини Шоҳин, Муъминобод, Балҷувон ва Ховалинг зиёда аз 1000 ҷои кори доимӣ таъсис дода шуданд.

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба занони соҳибкор роҳ кушод

 Шаҳло Бурҳонова аз ҷумлаи соҳибкорзанони муваффақест, ки дар рушди саноат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ба ҳунаромӯзӣ фаро гирифтани даҳҳо нафар занону духтарони бешуғл дар маҳал саҳми намоён дорад.

Номбурда  соли 2015 дар ноҳияи Шаҳритус коргоҳи дӯзандагии «Зебо-75»-ро таъсис дода, ба истеҳсоли либосҳои мактабӣ машғул гардид, ки алҳол  дар он 35 нафар занони хонашин бо кори доимӣ таъмин буда, маоши миёнаи моҳонаашон аз 500 то 1000 сомониро ташкил медиҳад. Бояд гуфт, ки дар мавсими дӯхтани либосҳои мактабӣ шумораи кормандони ин коргоҳ  ба беш аз 60 нафар мерасад.

Коргоҳи мазкур дар баробари таъмини хонандагони 54 муассисаи таълимӣ бо либоси ягонаи мактабӣ, инчунин бо муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, хизмати коммуналӣ, ҷамъияти матлуботи ноҳия барои омода намудани либоси ягона ё худ махсуси корӣ шартнома баста, онҳоро таъмин менамояд.

Шаҳло Бурҳонова мақсад дорад, ки   доираи фаъолияти коргоҳашро васеъ намуда,  сехи бофандагӣ таъсис дода, ба истеҳсоли дастархонҳои миллии дастдӯз, бо дизайни муосири миллӣ таҳия намудани тахтпӯш ва дигар лавозимоти рӯзгор машғул шавад.

«Оянда мехоҳем барои 300 нафар занону духтарони маҳаллӣ ҷойи кор муҳайё намоем. Имсол ният дорем барои 10-12 нафар курси омӯзишии ҳунарҳои дастӣ ташкил карда, онҳоро ба кори доимӣ фаро гирем. Дар баробари ин ки ҳар сол то 25 нафар занони хонанишин аз даврҳои омӯзишии назди корхонаи мо мегузаранд, барои таҷрибаомӯзии донишҷӯдухтарони литсейи касбӣ-техникии ноҳия низ шароити мусоид фароҳам меорем», — иброз дошт  Ш. Бурҳонова.

Боиси хушҳолист, ки  соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба занони соҳибкор роҳ кушод. Ва имрӯз дар ҳама гӯшаву канори мамлакат занони хонанишин бо шуғли  самаранок  фаро гирифта мешаванд.

                                                                                                        Рухсораи НУР,

                                                                                                       АМИТ «Ховар»

Февраль 13, 2018 18:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба сиёсати сайёҳӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад