Маҷаллаи «Маърифати омўзгор» дар худшиносии миллӣ, рушди забон, илму маориф ва таълиму тарбия нақши назаррас дорад

Март 16, 2018 18:15

ДУШАНБЕ, 16.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси нашрияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Маърифати омўзгор» конфронси илмӣ- амалӣ баргузор гардид.

Дар конфронс Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода, сардори раёсати илм ва маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфиддин Давлатзода, ҷонишини раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Наҷмиддин Шоҳинбод, намояндагони дигар вазорату кумитаҳо, сармуҳаррирони  нашрияҳои соҳавӣ ва доираи васеи донишмандон, устодон ва кормандони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.

Дар ҷараёни конфронс иштирокчиён аз нақши боризи ин маҷалла ёдовар шуда, зикр карданд, ки маҷаллаи «Маърифати омўзгор» тайи ин солҳо (ба ғайр аз даврони ҶДҶ) мунтазам ба нашр расида, дар баланд бардоштани худшиносии миллӣ, рушди забон, илму маориф, таълиму тарбия, ёрии методӣ ба омўзгорон, тарғиби таҷрибаи пешқадам саҳми босазо гузошт.

Ҳамчунин дар ҷамъомад хидматҳои як гурӯҳ аъзои ҳайати таҳририя, кормандони собиқи маҷалла, рўзноманигорон ва муаллифони фаъол бо медалҳои «Аълочии матбуоти Тоҷикистон», «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон», «100-солагии матбуоти тоҷик», ифтихорномаҳои идораи маҷаллаи «Маърифати омўзгор» қадрдонӣ шуда, аз тарафи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм ба рўзноманигорони шоиста ифтихорнома ва туҳфаҳои моддӣ супорида шуданд.

Бояд ёдовар шуд, ки шумораи нахустини маҷаллаи маъруфи  «Маърифати омўзгор» ҳамчун нашрияи Нозироти маорифи Тоҷикистон бо номи «Дониш-биниш» соли 1927 дар шаҳри Самарқанд ба чоп расида, аз шумораи дуюм номи «Раҳбари дониш»-ро гирифт. Он минбаъд бо номҳои «Инқилоби маданӣ», «Мактаби советӣ», «Маърифат» ва ҳоло бо номи «Маърифати омўзгор» ба нашр мерасад.

 

Март 16, 2018 18:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Лахш бо усули «Деҳа ба деҳа» ва «Маҳалла ба маҳалла» суҳбату вохӯриҳо доир гардид
Бахшида ба 100-солагии Омӯзгори хизматнишондодаи Тоҷикистон Хосият Махсумова ҳамоиши илмӣ-маърифатӣ баргузор шуд
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав барои давраи тирамоҳу зимистон омода карда шуданд
Имрӯз дар доманакӯҳои Тоҷикистон ҳаво то 20 дараҷа гарм мешавад
АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ ОГОҲ МЕНАМОЯД. Аз 2 то 5 ноябр дар Тоҷикистон борону барф пешгӯӣ мешавад
«LONELY PLANET»: Маконҳое, ки дар Тоҷикистон ҳатман бояд онҳоро тамошо кард
САРНАВИШТИ ЗАНИ САЗОВОР. Бахшида ба 100-солагии Омӯзгори хизматнишондодаи Тоҷикистон Хосият Махсумова китоб ба нашр расид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ беш аз 92 фоиз иҷро шуд
Хонандагони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар се озмун ҷойи якум гирифтанд
Эҳтиром ва риояи ҳатмии Конститутсия ва қонунҳо вазифаи ҷониву виҷдонии ҳар шаҳрванд аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 ноябр, шанбе, 305-умин рӯзи соли 2025 аст