Муҳаббат Юлдошева ягона бонуест, ки ба ҳунари сандуқсозӣ машғул аст

Март 21, 2018 15:38

ДУШАНБЕ, 21.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ноҳияи Спитамен ноҳияи наздисарҳадӣ маҳсуб ёфта, бо ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон ҳаммарз мебошад. Дар ноҳия зиёда аз 130 ҳазор аҳоли дӯстона зиндагӣ дошта, мардум аксаран бо кишту кор, чорводорӣ ва боғдориву ҳунармандӣ машғул мебошанд. Ҳамчунин дар ноҳия ҳунармандон хеле зиёданд. Аз ҷумлаи ҳунармандон бонувон низ ҳастанд, ки ба ҳунарҳои қадимӣ, аз қабили сабадбофӣ, сандуқсозӣ, гаҳворасозӣ, зардузӣ, тоқидӯзӣ, адрасу атласбофӣ, ҷомадӯзӣ рӯзгор пеш мебаранд.

Ба  иттилои мутахассиси пешбари бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен Азиза Валиҷонова, дар ноҳия 78 нафар бонувони ҳунарманд ба қайд гирифта шудаанд, ки дар баргузории чорабиниҳои гуногун даъват гардида, аз ҷониби роҳбарияти ноҳия бар онҳо пайваста кумаку ғамхориҳо карда мешавад.

Бонуи ҳунарманд Муҳаббат Юлдошева дар маркази ноҳия, ҷамоати деҳоти ба номи Турсун Улҷабоев истиқомат мекунад ва дар ноҳия ягона бонуест, ки ба ҳунари сандуқсозӣ нони ҳалол пайдо карда, фарзандонро ба камол мерасонад. Ба нақли ин бону ин ҳунарро ӯ бо тақозои ҳаёт аз шавҳараш Миряҳё омӯхтааст: «Ман аслан дӯзанда ҳастам. Вақте ба ин оила арӯс шуда омадам, шавҳарам ба ин касб машғул буданд. Ман он касро кумак мекардам. Вале бо сабаби беморӣ шавҳарам дигар натавонистанд, ки ин ҳунарро давом диҳанд ва ин ҳунарро ба ман омӯзониданд ва инак зиёда аз 20 сол боз аз қафои ин ҳунар зиндагӣ пеш мебарам».

Муҳаббат-апа  дар давоми суҳбаташ нақл кард, ки дар оилаи марди ҳунарманд ба дунё омадааст. Падараш Мазбут дуредгар буда, ин касб авлодӣ мебошад. Шояд ҳамин сабаб гардида бошад, ки ин зани заҳматкаш ин ҳунарро бо зудӣ аз худ намудааст.

Дар идомаи суҳбат Муҳаббат-апа аз он изҳори шодмонӣ намуд, ки бо талошу заҳмат ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳунармандон аз пардохти ҳамаи намуди андозҳо озод карда шуданд ва ин иқдоми Пешвои миллат онҳоро дилгарм намуда, кӯшиш доранд, ки зиёдтар маҳсули дастони худро ба фурӯш бароранд.

Ин зани ҳунарманд чор фарзанди худро аз даромади ин касбаш ба камол расонида, тӯю маъракаҳои арӯсиву домодӣ анҷом додаст. Айни ҳол ҳамроҳаш се нафар шогирдонаш ба омӯхтани ин касб камари ҳиммат баста, ӯро кумак мекунанд.

Фирӯз БОҚӢ,

сармуҳаррири ҳафтаномаи

«Паёми Спитамен»- и ноҳияи Спитамен

Март 21, 2018 15:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат истифодаи оқилонаи заминро талқин менамояд
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар 120 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Дар Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия вохӯрӣ доир шуд
Ба кишоварзони ноҳияи Деваштич барои парвариши картошка ва тухмиҳои хушсифат тавсияҳо дода шуд
Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд кишти чигит оғоз ёфт
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон вобаста ба меъморӣ ва шаҳрсозӣ конференсияи илмӣ-амалӣ доир шуд