Тантанаҳои наврӯзӣ дар Қалъаи Ҳисор

Март 21, 2018 16:36

ДУШАНБЕ, 21.03.2018. /АМИТ «Ховар»/. Мардуми ноҳияи зарнисори Ҳисор дар Қалъаи куҳанбунёд, ки қарнҳо побарҷосту дар даврони Истиқлолият пурра тармим гардидаст, бо шукӯҳу шаҳомат ва нишоту сурур тантанаҳои наврӯзӣ доир намуданд. Ба истиқболи онон духтари зебои қабои сафедпӯш савори саманди бодпои  барфосо сафед ҳамчун рамзи баҳори хуррам баромад.

Раиси ноҳия Шарифҷон Ҷумъазода аҳли ҳамоиши идона, инчунин меҳмононро, ки аз Ӯзбекистони ҳамсоя омадаанд, самимона шодбош гуфт. Зимни суханронӣ ӯ ёдовар шуд, ки бо саъю эҳтироми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз иди давлатӣ гардид ва бо ибтикори Тоҷикистони соҳибистиқлол бо сарварии Ҷаноби Олӣ мақоми ҷаҳонӣ касб намуд.

Ширкати мутрибону раққосаҳои ансамбли овозадори «Зебо» ҳусну ҷилои тоза бахшид. Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти ноҳия, инчунин соҳибкорони саховатпешша хатнасури 31 кӯдак аз оилаҳои камбизоат барпо гардид ва ба онҳо бозичаҳо тӯҳфа карда шуданд. Аз рӯи анъана гӯштингирию асптозӣ доир гардид. Ҳунармандон маҳсули дастони худро ба маърази тамошо гузоштанд. Кадбонуҳо аз рӯи анъанаҳои дерин хоҳишмандонро бо суманак, далдаю оши палав ва дигар таъомҳои миллӣ зиёфат карданд.

                                                                                                  Матн ва суратҳои

                                                                                       М. МУҲИДДИНҶОНОВ,      

                                                                                                 АМИТ «Ховар»

Март 21, 2018 16:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад
СММ: 800 ҳазор нафар дар Ал-Фашир зери хатари ниҳоят шадид қарор доранд