Бунёди гулгашту хиёбонҳои нав дар назди бинои маъмурии Бонки миллӣ

Апрель 13, 2018 18:20

ДУШАНБЕ, 13.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҳамчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар хиёбони Рӯдакии пойтахт барои бунёди гулгашту хиёбонҳои нав дар назди бинои маъмурии Бонки миллӣ ба роҳбарияти он дастуру супоришҳои созанда доданд.

Сарвари давлат зимни шиносоӣ бо заминҳои наздиҳавлигии Бонки миллӣ, Кохи Ваҳдат ва дигар иншооти шафати кӯчаи марказии хиёбони Рӯдакӣ барои бунёди гулгашти замонавӣ, шинонидани гулу буттаҳо, дарахтони ороишӣ, чароғонкунӣ, сохтмони фаввораҳои зебо ва насби курсиҳо дар ин ҷо ҳидоятҳо доданд.

Баъди бунёди гулгашти нав, ки дар як ҷойи хеле мувофиқ бо дастури Пешвои миллат сохта мешавад, барои сокинону меҳмонони пойтахт макони дилфиреби сайру гашт муҳайё мегардад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои давлатии пойтахтро ба сифати баланди корҳо ва иҷрои тадбирҳои ободонии муҳит бо завқи баланди зебоипарастӣ ҷалб карданд.

Бунёди боз як гулгашти нав дар “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” барои шаҳрвандони мамлакат туҳфаи арзандаи Пешвои миллат мебошад ва он имкон медиҳад, ки Душанбе дар ҳақиқат ба шаҳри гулҳо мубаддал гардад.

Бунёди гулгашту хиёбонҳои нав дар назди бинои маъмурии Бонки миллӣ 13.04.2018

Апрель 13, 2018 18:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт
Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев бо маҳсулоти корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе шинос шуданд
АМИТ «Ховар»: Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар Маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе 3 рӯз идома меёбад
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар ифтитоҳи бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Узбекистон дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд
Президентҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар барномаи фарҳангии арбобони санъати ду давлат бо номи «Дӯстии ҷовидон» иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаи гуфтушунидҳо бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Ба як гурӯҳ ҳунармандони Тоҷикистон ва Узбекистон мукофотҳои давлатӣ супорида шуданд
Санадҳои имзошуда байни Тоҷикистон ва Узбекистон табодул карда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёевро истиқбол гирифтанд
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон