ИМРӮЗ – РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ҚУРБОНИЁНИ БПНМ(СПИД). Вируси норасоии масунияти одам бемориест, ки дар муқобили он бояд истодагарӣ кард

Май 20, 2018 09:03

ДУШАНБЕ, 20.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи умумиҷаҳонии қурбониёни БПНМ (СПИД) ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи май дар саросари ҷаҳон таҷлил карда мешавад, ки имсол ин рӯз ба 20 май рост омад. Мақсади асосии таҷлили ин рӯз ҷалби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти бемории БПНМ — Бемории пайдошудаи норасоии масуният (СПИД) ва сироятёфтагони ВНМО — Вируси норасоии масунияти одам (ВИЧ), инчунин пешгирии паҳншавии ин беморӣ мебошад.

Айни замон дар сайёраи замин зиёда аз 36 млн нафар сироятёфтагони вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) ё худ «ВИЧ/СПИД» умр ба сар мебаранд. Ин омор зимни таҳлилҳои охирини Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва Барномаи вижаи Созмони Милали Мутаҳид (СММ) оид ба пешгирии ВНМО оммавӣ  гардонида шуд.

Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва Барномаи вижаи Созмони Милали Мутаҳид (СММ) оид ба пешгирии ВНМО, инчунин иттилоъ медиҳанд, ки аз оғози эпидемия то имрӯз ин сироят сабаби фавти наздики 40 млн. нафар одамони сайёра гардидааст.

Сирояти вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) яке аз масъалаҳои муҳим ва ҳалталаби замон маҳсуб ёфта, таъсири манфии он на танҳо ба соҳаи тандурустӣ, балки ба иқтисодиёту иҷтимоиёти кишварҳои ҷаҳон ҳисороти зиёде ба бор овардааст.

Таҳлилҳо собит намудаанд, ки дар соли 2014 шумораи ҳодисаҳои нави ин сироят дар муқоиса бо солҳои пешин коҳиш ёфта, паҳншавии ин эпидемияи марговар дар ҷаҳон тамоил ба пастравӣ намуд, ки ин яке аз дастовардҳои ҷаҳонӣ дар мубориза алайҳи ин маризӣ ба шумор меравад. Дар ин замина сол аз сол сатҳи фавти сироятёфтагони ВНМО низ паст гардида, нисбат ба соли 2004, ки шумораи аз ҳама зиёди фавт дар ҷаҳон, 2 млн нафар ба қайд гирифта шуда буд, ба 42 фоиз кам гардид. Дар панҷ соли охир шумораи шахсони бо ВНМО зиндагикунанда, ки ба табобат дастрасӣ доранд, ду маротиба зиёд гаштааст. Ҳамаи ин дастовардҳо баҳри ба пуррагӣ аз байн бурдани эпидемияи ВНМО дар ҷаҳон то соли 2030 замина гузошт.

Мутаассифона, шумораи сироятёфтагони ВНМО дар ҳамаи давлатҳои минтақаи Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ рӯ ба афзоиш аст.

Ҳолати эпидемиологии вируси норасоии масунияти одам дар кишвари мо ҳам аз ҷониби мутахассисони соҳа ва ҳам аз ҷониби мушовирони байналмилалӣ ҳамчун ҳолати «эпидемияи ҷамъшаванда, яъне марҳилаи консентратсионӣ» арзёбӣ гардида, паҳншавии он бештар дар байни гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ нашъамандони тазриқӣ, шахсони расонандаи хизматҳои шаҳвонӣ, муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо ба мушоҳида мерасад.

Тадқиқотҳои солҳои охир дар ҷаҳон нишон медиҳанд, ки аз 100 нафар нашъаманди тазриқӣ 13 нафараш ва аз 100 нафар занони расонандаи хизматҳои шаҳвонӣ 4 нафараш дар вуҷуди худ ин сироятро дошта, хавфи ба оила, фарзандон ва шарикони ҷинсии онҳо гузаштани он хеле зиёд мебошад. Мутахассисон бар он назаранд, ки ҳарчанд солҳои охир сатҳи паҳншавии ВНМО дар миёни намояндагони ин гурӯҳҳо кам гардида бошад ҳам ҳолатҳои сироятнок намудани оила, фарзандон ва шарикони ҷинсии онҳо кам нестанд.

Яке аз омилҳое, ки солҳои охир масъалаи пешгирии сирояти ВНМО-ро мушкил гардонида, сабаби паҳншавии он дар байни аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидааст, ин муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад. Таҳлилҳо нишон додаанд, ки муҳоҷирони  меҳнатӣ нисбат ба бемории ВНМО яке аз гурӯҳҳои осебпазир буда, ба болоравии сатҳи сироятёбии аҳолӣ бо ин беморӣ дар ҷаҳон мусоидати зиёд намудаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар марҳилаи имрӯзаи инкишофи худ ҳамчун кишвари дорои муҳоҷирати меҳнатӣ арзёбӣ мегардад, ин бори гаронро низ бар дӯш дорад.

Бештари таҳқиқгарон бар он назаранд, ки ҷавонони мо бо мақсади беҳтар намудани вазъи иқтисодии  оилавиашон ба дигар давлатҳо, ки ҳолати эпидемикии онҳо оид ба сирояти ВНМО дар муқоиса бо давлати мо ташвишовартар мебошад, сафар мекунанд. Дар муҳоҷирати меҳнатӣ бошад, эҳтимолияти гирифторшавӣ ба мушкилиҳои иҷтимоӣ, ба монанди нашъамандӣ, майзадагӣ, сироятшавӣ бо бемориҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ ва хун гузаранда зиёд мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки зиёда аз 90 фоизи шавҳарони занони ҳомиладори сироятёфтаи ВНМО дар гузашта дар муҳоҷирати меҳнатӣ будаанд ва алоқаи ҷинсии бемуҳофизатро инкор намекунанд.

Табибон аз он гиламанд ҳастанд, ки ҳарчанд бо мақсади пешгирии ин сироят аз модар ба кӯдак аз ҷониби муассиса ва сохторҳои дахлдор тамоми чораҳои пешгирикунанда амалӣ карда мешаванд, аммо  ҳолатҳои таваллуди фарзанд дар шароити хона кам нестанд. Аз ин рӯ, ин омил эҳтимолияти сироятнокшавии кӯдаконро дар батни модари сироятёфта ҳангоми таваллуд ва ҳангоми синамаконӣ зиёд месозад.

Тоҷикистон ҳамчун узви вобаста ва комилҳуқуқи ҷомеа ҷаҳонӣ дар муқовимат ба эпидемияи ВНМО бо давлатҳо ва созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ фаъолона ҳамкорӣ менамояд. Бо ин мақсад Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт ҳамаи ҳуҷҷатҳои муҳими Асамблеяи генералии Созмони Милали Мутаҳид, аз ҷумла Эъломия оид ба пайравии фаъолият нисбат ба мубориза алайҳи ВНМО ва БПНМ аз соли 2001 ва Эъломияи сиёсӣ оид ба ВНМО ва БПНМ таҳти шиори «Беҳтар намудани фаъолиятҳо баҳри нобуд сохтани ВНМО ва БПНМ» аз соли 2011 — ро ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2016 боз як ҳуҷҷати муҳим — Стратегияи Барномаи муштараки Созмони Милали Муттаҳид оид ба пешгирии ВНМО барои солҳои 2016-2021, ки ба пурзӯр намудани фаъолиятҳо баҳри барҳам додани эпидемияи ВНМО то соли 2030 бахшида шудааст ва яке аз бахшҳои муҳим дар чаҳорчӯби расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор мебошад, қабул намуд. Ҳадафи асосии ин ҳуҷҷат дастоварди 90/90/90 буда, он ба таври зайл маънидод мегардад:

— 90% сироятёфтагон то соли 2020 нисбат ба бемории худ бояд огоҳӣ дошта бошанд;

— 90% сироятёфтагон, ки нисбат ба бемории худ огоҳӣ доранд, бояд табобати зиддиретровирусӣ гиранд;

— 90% сироятёфтагоне, ки табобати зиддиретровирусӣ мегиранд, пастшавии сарбории вирусӣ ба мушоҳида мерасад.

Мутахассисон бар он назарнд, ки дар сурати расидан ба ин ҳадафҳо системаи иммунии шахсони бо ВНМО зиндагикунанда бақувват боқӣ мемонад ва хатари паҳншавии вирус аз шахси сироятёфта ба дигарон кам мешавад.

Ҳадафу вазифаҳои ин ҳуҷҷати муҳим бо ҳолати кунунии эпидемияи ВНМО дар ҷумҳурӣ ҳамоҳанг гардида, онҳо бевосита дар «Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи ВНМО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020» инъикос ёфтаанд.

Дар доираи иҷроиши ин ҳуҷҷатҳои муҳими стратегӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми хизматрасониҳо, аз ҷумла муоинаҳои гуногун ва таъмини  дорувориҳои зиддиретровирусӣ ба сироятёфтагони ВНМО ба таври ройгон ба роҳ монда шудаанд. Давлат тамоми ҳуқуқ ва озодиҳои одамони бо ВНМО сироятёфта, расонидани кумакҳои тахассусии тиббӣ ва иҷтимоию равонии босифату ройгонро ба онҳо ва аъзои оилаи онҳо кафолат додааст.

Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 18 январи соли 2018 баргузор гардида буд, таъкид намуданд: «пешгирии як зумра бемориҳои ҷанбаи иҷтимоидошта, аз ҷумла вируси норасоии масунияти одам кори дастаҷамъона буда, аз ҳамаи қишрҳои ҷомеа масъулияти ҷиддиро талаб менамояд».

Дар самти пешгирии ин сироят, ки таъсири манфии он ба оила, ҷомеа ва дар умум ба генофонди миллӣ мерасад, мусоидати тамоми сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ, аз ҷумла соҳаи тандурустӣ, маориф, ҷавонон, занон ва оила, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, мақомоти қудратӣ, васитаҳои ахбори омма, ҷамоатҳо ва созмону иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ хеле зарур мебошад. Дар баланд бардоштани маърифати аҳолӣ, беҳтар намудани илму дониши кӯдакону наврасон, тарғиби зиндагии солим ва шоистаи ҷавонон ва дури ҷӯстан аз ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб саҳми ҳар як сохтору мақомот муҳим арзёбӣ мегардад.

Аз ин рӯ ҳар як фардро зарур аст, ки нисбати кору рафтори худ дар назди оила, наздикон ва ҷомеа ӯҳдадор ва масъул бошад, чунки тамоми мушкилоти  зиндагӣ, алалхусус саломатӣ аз рафтори ҳар як нафар вобаста мебошад.

Мавриди зикр аст, ки аз солимии мо тансиҳатии аҳли оила, наздикон ва дар маҷмӯъ, тамоми ҷомеа вобаста мебошад. Чунон, ки Сарвари давлат пайваста таъкид менамоянд: “Оилаи солим пойдевори ҷомеаи солим мебошад”.

Суғдмеҳри МАЪРУФЗОД,

 аспиранти соли 3-юми

кафедраи рӯзноманигории

 телевизиони ДДФСТ ба номи

Мирзо Турсунзода

 

Май 20, 2018 09:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва ағбаҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Амири Кувайт сарвазири навро таъйин намуд
Дар Уммон бар асари обхезиҳо 15 нафар ба ҳалокат расид