«ВАҲДАТ, ДАВЛАТ, ПРЕЗИДЕНТ»-китобе саршор аз ифтихороти миллӣ

Июнь 27, 2018 08:26

ДУШАНБЕ, 27.06.2018. /АМИТ «Ховар»/. Тавре аллакай иттилоъ додем, нашриёти  «Истеъдод» дар остонаи фаро расидани ҷашни бистуякумин  солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ  китоби «Ваҳдат, Давлат, Президент»-ро  аз чоп баровард.

Мураттибони китоби тозанашр собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  ҳоло раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати  ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ  ва мушовири калон, ҳамоҳангсози ин Ҳаракат Рамазонӣ Давлатов мебошанд.

«Ин ҷилди 29-уми китоби «Ваҳдат, Давлат, Президент» мебошад, ки аз соли 2004 инҷониб ба нашр мерасад. Китоби мазкур ҳамасола дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба нашр расида, асосан фарогири мавзуоте мебошад, ки имрӯз дар ҷомеа мавҷуданд ва роҳи ҳаллу пешбурди онҳо аз ҷониби олимон, коршиносон, муҳаққиқон ва рӯзноманигорон таҳлил карда мешаванд»,- иброз дошт Рамазонӣ Давлатов дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар».

Ба гуфтаи номбурда, дар китоб  асосан оид ба нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таъмини сулҳу Ваҳдати миллӣ, аҳамияти таҷрибаи сулҳи тоҷикон барои минтақа ва ҷомеаи ҷаҳонӣ, нақши шахсиятҳои сиёсӣ дар дастёбӣ ба сулҳу оштии миллӣ, ташаббусҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба аҳамият ва арзиши об, тарғиби эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва рушди  сайёҳӣ дар мамлакат  мавриди баҳсу арзёбӣ қарор гирифтаанд.

Дар саҳифаҳои аввали китоб Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ ва суханронӣ дар ҷашни Ваҳдати миллӣ дар варзишгоҳи навбунёди шаҳри Ваҳдат оварда шудаанд.

Муаллифони китоб мақолаҳои муҳаққиқону донишмандон ва олимони соҳаҳои мухталифи мамлакат, аз қабили Абдуҷаббор Раҳмонзода, Фарҳод Раҳимӣ, Абдуфаттоҳ Шарифзода, Равшан Раҳмонӣ, Мирзошоҳрух Асрорӣ, Саймумин Ятимов, Худобердӣ Ҳолиқназар, Саидмурод Фаттоҳзода ва дигарон  оид ба дастовардҳои замони соҳибистиқололӣ ва пешрафту шукуфоии Ватани азизамон гирд оварда шудаанд, ки инак чанд нуктае аз онҳоро пешкаши хонандагони сомона мегардонем:

Дар суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни Ваҳдати миллӣ дар варзишгоҳи навбунёди шаҳри Ваҳдат гуфта шудааст: «Ин санаи воқеан таърихӣ барои халқи азизи мо бисёр муҳим мебошад, зеро он давлати ҷавону соҳибистиқлоли тоҷиконро аз хатари нобудӣ ва миллатро аз парокандагӣ раҳо намуд ва ибтидои раванди барқарорсозии харобиҳои ҷанги таҳмилӣ ва созандагии Ватани маҳбубамон гардид. Мехоҳам махсус таъкид намоям, ки сулҳи тоҷикон таҷассуми олии майлу иродаи мардуми сулҳпарвари мо, яъне хизмати таърихии халқи қаҳрамони тоҷик мебошад».

Дар мақолаи президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ, ки бо номи «Наврӯз ва об – ду сарчашмаи ҳаёти башар» нашр шудааст, аз дастоварду ташаббусҳои сатҳи байналмилалии Пешвои миллат ёдоварӣ шудааст. Дар он гуфта мешавад, ки «маҳз бо шарофати истиқлолияти комили сиёсӣ ва ба сари қудрат омадани фарзонафарзанде, чун Эмомалӣ Раҳмон тамоми анъана ва суннатҳои ниёгонамон дубора эҳё гардида, миллати куҳанбунёди тоҷик аз ҳастӣ ва мақоми волои хеш дар арсаи байналмилалӣ ба оламиён бори дигар мужда расонд. Кӯшишу  талошҳо ва заҳматҳои пайвастаи Пешвои миллат буданд, ки меҳанро аз вартаи нобудӣ ва миллатро аз парокандагӣ нигоҳ  доштанд ва моро дар арсаи банйламилалӣ ҳамчун миллати куҳанбунёду тамаддунофар, халқи сулҳдӯсту ваҳдатофар ва кишвари ташаббускору бунёдкор шиносониданд. Аз ҷониби кишварҳои алоҳида ва созмонҳои минтақавию байналхалқӣ ташаббусҳои Тоҷикистон ва Сарвари онро ба хушнудӣ пазируфтанд».

Инчунин дар китоб мақолаи Абдуҷаббор Раҳмонзода ва Равшан Раҳмонӣ бо номи «Сада чист? Обонрӯз аст аз баҳманмоҳ» нашр шудааст, ки дар он оид ба суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, аз ҷумла, Сада муфассал нақл шудааст:  «Баъди расидан ба Истиқлолият ва озодӣ дар Тоҷикистон як қатор суннатҳо ва ҷашнҳои миллӣ эҳё гардиданд, ки онҳо садсолаҳо аз назари халқ дур буданд, таҷлили баъзеашон манъ гардида буд ва қисми дигарашон ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта, танҳо дар хотираи таърихиву фарҳангии халқамон боқӣ монда буданду халос. Ҳатто таърихи халқи тоҷик мукаммал омӯхта намешуд, қисми зиёди одамон дар бораи қавму қабилаҳои ориёӣ, шоҳони пешин, давраҳои тиллоии давлати тоҷикон, муборизаҳои фидокоронаи фарзандони ин давлати  номвар ба муқобили аҷнабиён ва даҳҳо ҳодисаву рӯйдодҳои дигари гузашта маълумот надоштанд».

Дар идомаи он гуфта мешавад, ки «боиси сарфарозист, ки маҳз тавассути асарҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои шоистаашон расму оинҳои неки ниёгон, ки барои рушди тамаддуни башарӣ хидмат намуданд, аз нав эҳё гардиданд ва аз тарафи аҳли ҷомеа ба хубӣ пазируфта шуданд. Дар байни онҳо ҷой ва мақоми се ҷашни миллию мардумӣ – Наврӯз, Меҳргон ва Сада хосса мебошад».

Муҳимтарин сухане, ки иштирокдорони иҷлосияи XVI, тамоми мардуми Тоҷикистон аз забони Сарвари ҷавони кишвар баъди интихобашон ба ин мақоми олӣ шуниданду он ҷавоби дилхоҳ ба саволҳои гуфтаву ногуфтаи ҳамагон гардид, ҳарфи сулҳ буд.

«Ман ба шумо сулҳ меоварам!» нидое буд, ки дар дили миллионҳо нафар шуълаи умед барафрӯхт. Ин нукта дар мақолаи раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ, ки таҳти унвони  «Шоҳкоре барои таърих» дар китоб ҷой дода шудааст, гуфта мешавад.

Муаллиф дар идомаи суханонаш навиштааст: «Ҳаёт аз ҳамон рӯзҳои аввал нишон дод, ки ин гапи хасакиву ҳавоӣ, ваъдаи навбатии дурӯғини авомфиребона набудааст. Он қавли ҷавонмардона будааст. Мо сонитар ба баёни он мепардозем, ки давлати навини Тоҷикистон бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон чӣ гуна дар роҳи амалӣ сохтани ин нияти нек, ҳалли масъалаи ҳаёту мамоти Тоҷикистон собитқадамонаву қотеъона талош кардааст. Аммо ҳоло дар бораи дигар ҷанбаъҳои аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар ҳаёти кишвар сухан мегӯем. Сулҳ муҳимтарин масъала буд, аммо иҷлосия масъалаҳои дигареро низ баррасӣ кард, ки барои давлати ҷавон аз масъалаи сулҳ арзиши камтар надоштанд. Аз ҷумлаи масъалаҳои муҳими иҷлосия, масалан, тавре ишора рафт, ташаккул додани ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо буд, ки муваффақона ҳал гардид. Пас аз анҷоми кори иҷлосия ҳамаи мақомоти муҳими ҳокимият дар Душанбе фаъолияташонро оғоз намуданд, кори идораву иншооти ҳаётан муҳим дар навбати аввал ба роҳ монда шуд. Муқаддасоти мазкури миллӣ имрӯз мояи ифтихору сарбаландии ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ ба шумор мераванд».

Мавриди зикри хос аст, ки китоби «Ваҳдат, Давлат, Президент» бо теъдоди 1600 нусха нашр ва барои олимону муҳаққиқон,  доираи васеи хонандагон пешниҳод шудааст. Он рӯзҳои наздик ба  китобхонаҳои мамлакат ба таври ройгон тақсим карда мешавад.

Шукӯҳи ДАЛЕР,

АМИТ «Ховар»

Июнь 27, 2018 08:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тошканд густариши ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ шуд
«МегаФон Life»: маблағро тариқи паёмрасон интиқол диҳед!
Дар Бадахшон масъалаи таъмири роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ баррасӣ гардид
Дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе Маркази мониторинги камераҳои мушоҳидавӣ фаъол гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад