Истеҳсоли неруи барқ дар Тоҷикистон зиёда аз 9 млрд кВт/соатро ташкил дод

Июль 16, 2018 17:00

ДУШАНБЕ, 16.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода, дар шашмоҳаи якуми соли равон дар ҷумҳурӣ 9 млрд. 517,9 млн. кВт соат  неруи  барқ бо дарназардошти неругоҳҳои хурд истеҳсол гардид, ки ин нисбат ба шашмоҳаи якуми соли гузашта 351,5 млн. кВт соат зиёд мебошад.

Усмоналӣ Усмонзода инчунин иброз намуд, ки вобаста ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018” дар Вазорат нақшаи дохилисоҳавӣ тасдиқ ва ба тасвиб расонида шуда, ҷиҳати таъмини иҷрои корҳои омодагӣ дар иншооти энергетикӣ Ситоди фаврӣ таъсис дода шуд.

“Ситоди фаврӣ ҳар моҳ ҳисоботи роҳбарони корхонаҳои зертобеъ ва соҳавиро оид ба омодагӣ ба мавсим мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор дода, иҷрои чорабиниҳои нақшавиро таъмин менамояд. Ҷараёни иҷрои бандҳои дахлдори қарори мазкур таҳти назорати доимии Вазорат қарор дошта, корҳои пайвастшавӣ ва тармимӣ дар биноҳо ва дохили биноҳои шаҳракҳо айни замон идома доранд”,-афзуд У.Усмонзода.

Июль 16, 2018 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон пойгоҳҳои базавии нави 4G насб карда мешаванд
Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид
ҲУШДОР АЗ БОРОНҲОИ БОШИДДАТ ВА СЕЛ. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст