Ифтитоҳи Муассисаи давлатии беморхонаи клиникии шаҳрии касалиҳои пӯст дар шаҳри Душанбе

Август 14, 2018 10:40

ДУШАНБЕ, 14.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. 14 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Миралӣ Маҳмадалии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бинои нави Муассисаи давлатии Беморхонаи клиникии шаҳрии касалиҳои пӯстро мавриди истифода қарор доданд.

Бунёди бинои беморхонаи клиникии шаҳрии касалиҳои пӯст моҳи апрели соли 2017 оғоз гардид.

Пешвои миллат аснои шиносоӣ бо шароиту имкониятҳои хизматрасонӣ ба корҳои сохтмонии беморхонаи клиникии шаҳрии касалиҳои пӯст баҳои баланд доданд.

Беморхона аз чор ошёна иборат буда, дорои 69 ҳуҷра, аз ҷумла ҳуҷраҳои корӣ, дарсӣ, китобхонаи электронӣ, бойгонӣ, шуъбаҳои қабулгоҳи беморон, бемориҳои пӯсти калонсолон, бемориҳои пӯсти хурдсолон, ташхисгоҳ, физиотерапевтӣ ва бахши гиёҳдармонӣ мебошад.

Дар 5 озмоишгоҳи беморхона, аз ҷумла озмоишгоҳи клиникӣ, биохимиявӣ, серологӣ, вирусологӣ ва иммунологӣ дастгоҳу таҷҳизоти муосир насб карда шудааст, ки қаблан чунин имконоти ташхису табобат мавҷуд набуд.

Беморхонаи клиникии шаҳрии касалиҳои пӯст ҳамчунин дорои маҷлисгоҳ барои 100 нафар, толори варзишӣ, болобар (лифт) ва 50 кат барои беморон мебошад.

Дар пойгоҳи беморхонаи мазкур кафедраи дерматовенерологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибнӣ Сино фаъолият дошта, барои донишҷӯён дар ин ҷо шароити арзанда фароҳам мебошад.

Бахши гиёҳдармонӣ дар фаъолияти беморхонаи клиникии шаҳрии касалиҳои пӯст мавқеи намоён дошта, тавассути номгӯи васеи гиёҳҳои шифобахш мутахассисон хизматрасониро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мемонанд.

Бинои беморхонаи клиникии шаҳрии касалиҳои пӯст бо системаи гармидиҳӣ, хати озод ва аз сӯхтор огоҳкунанда пайваст мебошад.

Шароити муҳайёгардида, аз ҷумла насби дастгоҳу таҷҳизоти нодири тиббӣ дар беморхонаи мазкур имкон фароҳам меорад, ки хизматрасонӣ ба сокинон дар сатҳи баланд ба роҳ монда шавад.

Дар саҳни бинои беморхонаи клиникии шаҳрии касалиҳои пӯст Пешвои миллат бо кормандони соҳаи тандурустӣ суҳбати озоду самимӣ намуда, таббибонро ба хизматрасонии сатҳи баланд ба аҳолӣ ва иҷрои содиқонаи вазифаи муқаддасашон ҳидоят карданд.

Ифтитоҳи Муассисаи давлатии беморхонаи клиникии шаҳрии касалиҳои пӯст дар шаҳри Душанбе 14.08.2018

Август 14, 2018 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Рим шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Италия ва Ватикан сафар намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Британияи Кабир Дэвид Кэмеронро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи бофандагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Меҳмонхонаи «Кангурт Гранд Ҳотел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои бисёрфунксионалӣ бо ҷойгиршавии Меҳмонхонаи чорситорадори «Фирдавсӣ»-ро ифтитоҳ намуданд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт
Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев бо маҳсулоти корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе шинос шуданд
АМИТ «Ховар»: Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар Маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе 3 рӯз идома меёбад
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар ифтитоҳи бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Узбекистон дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд
Президентҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар барномаи фарҳангии арбобони санъати ду давлат бо номи «Дӯстии ҷовидон» иштирок намуданд