Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои коршиносони мақомоти гумруки кишварҳои узви ИДМ баргузор гардид

Октябрь 3, 2018 13:16

ДУШАНБЕ, 03.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷамъомади гурӯҳи кории коршиносон ҷиҳати омодагӣ ба ҷаласаи навбатии 68-уми ҷашнии Шўрои роҳбарони хадамотҳои гумруки кишварҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» Зарангези ЛАТИФ хабар медиҳад, пагоҳ, 4 октябри соли равон ҷаласаи Шўрои роҳбарони хадамотҳои гумруки кишварҳои иштирокчии узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир мегардад.

Сардори Раёсати ҳамкории байналмилалии гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Даврон Ҷураев зимни суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки тибқи низомномаи тасдиқгардида, иҷлосияҳои Шӯрои роҳбарони мақомоти гумрук дар як сол ду маротиба, бо навбат дар кишварҳои иштирокчии ИДМ гузаронида мешаванд. Ҷаласаи мазкур бори аввал аст, ки дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Дар ҷамъомади мазкур як гурӯҳ коршиносони мақомоти гумруки давлатҳои узви ИДМ иштирок намуда, масъалаи рӯзномаи ҷаласаро   мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар вохӯрӣ роҳбарони хадамоти гумруки Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Беларус, Арманистон ва Озарбойҷон ширкат варзиданд. Рӯзномаи ҷаласаи 68-уми Шўрои сарони Хадамоти гумрук аз 11 масъалаи муҳим, ки ҳалли онҳо ба ҳамкории минбаъдаи Хадамоти гумрук дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мусоидат мекунад, иборат аст.

«Яке аз масъалаҳои муҳим дар ҷаласаи дар пешистода- ин интихоби раиси Шӯрои роҳбарони мақомоти гумруки кишварҳои иштирокчии ИДМ, таъйин намудани котиби Шӯрои роҳбарони мақомоти гумруки кишварҳои иштирокчии ИДМ ва нақшаи кории Шӯрои роҳбарони мақомоти гумруки кишварҳои иштирокчии ИДМ барои соли 2019, инчунин масъалаи васеъ кардани таҷрибаи забони русӣ дар кори Ташкилоти умумиҷаҳонии гумрукӣ мебошад. Ғайр аз ин, лоиҳаи талаботи стандартҳои амнияти иттилоотии системаҳои иттилоотӣ ва захираҳои мақомоти гумрук, инчунин лоиҳаи технологияи муосири ҳамкорӣ миёни мақомоти гумрук ва интиқоли роҳи оҳани кишварҳои узви ИДМ, ки барои осон кардани содагардонии расмиёти ҳамкорӣ миёни мақомоти гумрук ва мақомоти роҳи оҳан дар ҳудуди ИДМ нигаронида шудааст, мавриди баррасӣ қарор мегирад»,- афзуд Даврон Ҷураев.

Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи мазкур дар доираи Шӯрои роҳбарони Хадамоти гумруки давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки барои ҳамоҳангсозии фаъолияти гумрукии кишварҳои узви ИДМ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ 23 декабри соли 1993 таъсис ёфтааст, гузаронида мешавад.

Гуфта мешавад, ки бо дарназардошти моҳияти равандҳои ҳамгироӣ дар дохили Иттиҳод, фаъолияти асосии Шӯро инҳоянд: тахассус ва мутобиқати қонунгузории гумрук; ташаккули механизмҳои самарабахши тарифӣ ва танзими ғайритиҷоратӣ; таҳияи тавсияҳо оид ба муттаҳидсозии қоидаҳо ва тартиботи гумрукӣ, шаклҳои ҳуҷҷатгузорӣ барои таъмини назорати гумрукӣ ва тоза кардани молҳое, ки дар соҳаи тиҷорати хориҷӣ таҳия шудаанд; ҳамоҳангсозии ҳамкории амалии гумрукӣ ва дигар хадамоти манфиатдори миллӣ ва шуъбаҳои давлатҳои Иттиҳоди Аврупо дар самтҳои асосии сиёсати гумрукӣ; ташкили табодули омори гумрукии савдои хориҷӣ; таҳияи барномаҳои стратегӣ барои таъмини мақомоти гумрукҳои давлатҳои Иттиҳоди Аврупо бо воситаҳои техникӣ; ва ҳамоҳангсозии ҳамкории гумрукӣ дар ташкили сарҳадҳои гумрукӣ.

Октябрь 3, 2018 13:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар мулоқот бо намояндагони Хазинаи Байналмилалии Асъор масъалаҳои марбут ба низоми бонкиро баррасӣ намуд
Саҳми Бонки ҷаҳонӣ дар татбиқи ислоҳоти сохтории иқтисодиёти Тоҷикистон назаррас арзёбӣ гардид
Намоишгоҳи молу маҳсулоти корхонаҳои саноатии Узбекистон дар маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе то 21 апрел идома меёбад
Дар қаламрави Тоҷикистону Узбекистон қариб 400 корхонаи муштарак фаъолият менамояд
Дар вилояти Хатлон татбиқи 368 лоиҳа ба маблағи 8,5 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Вазири кишоварзии Узбекистон дар шаҳри Ҳисор бо фаъолияти корхонаи «Агротехсервис» шинос гардид
«Гардиши мол байни ду давлат дар ояндаи наздик ба 1 миллиард доллари амрикоӣ расонида мешавад», — бардошт аз Форуми соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон ва Узбекистон
Ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарияти IFC роҳҳои тавсеаи ҳамкориро баррасӣ намуд
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунанда оид ба муаррифии ҳисоботи СММ баргузор шуд
Татбиқи лоиҳаҳои муштарак байни Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бонн бо намояндагони Вазорати федералии Олмон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва рушд мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд (UNCTAD) тақвият меёбад