ФАВРӢ: «AKHBOR.COM» дурӯғгӯ ва падари ҳамаи дурӯғгӯён аст

Октябрь 27, 2018 21:21

(Ҷавоби дандоншикан бо такя ба иттилооти дақиқ ба падарсолори дурӯғпардозони дохилӣ ва Ҷумҳурии Чех- «AKHBOR.COM»-и Мирзо Салимпур)

ДУШАНБЕ, 27.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Лозим ба ёдоварист, ки соати 14:59-и дақиқаи санаи 27-уми октябри соли равон, дар саҳифаи ёвасарой, обишхӯри манфиати оппозитсияи абадӣ-фирорӣ «Аkhbor.сом», ки мутааллиқ ба  Мирзо Салимпур мебошад, дурӯғи навбатӣ бо истинод ба манбаъҳои шаккок ва шубҳаангез таҳти унвони «Чор лидери Бадахшон ба Душанбе ба мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон рафтанд» нашр шуд.

Маълумоти «Аkhbor.сом» дар бораи он, ки саркардаҳои номаълуми Бадахшонро гӯё касе пешвоз мегирад, дурӯғи маҳз ва гузаро аст. Ягон аҳамияти арзишӣ ин иттилоот аз лиҳози баҳогузории маълумот надорад.

«Аkhbor.сом», ки рейтингаш дар чоплусӣ, пулкоркуниву хиёнат ба касбу қалам дар ҷойи аввал меистад ва машҳури дунё шудааст,   ин гапи дурӯғро аз кӣ? кай? фз куҷо? гирифтааст, номаълум аст. Яъне меъёри баҳогузории ин маълумоти М.Салимпур ба сифр баробар аст ва дурӯги маҳз аст.

Ботилии ин иттилооти Салимпурро, ки водии Ҳисорро се даҳсолаи охир ба гарави дурӯғ гирифтааст ва шармсор кардааст, як ба як қотеъона рад мекунем:

Сараввал, ин чор нафарак  «лидер» нею  саркардаи гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткори (ГМҶ) шаҳри Хоруғ мебошанд. Ана ҳамин  истилоҳи устувор нисбат ба онҳо, яъне ГМҶ-и шаҳри Хоруғ бар пешонии ҳар яки онҳо насб шудааст. Қонунгузор ҳам масъулияти ҷиноятии онҳоро 22 октябри соли 2018 барои таърих сабт намудааст. Инҳо лидер нестанд, роҳбарони ГМҶ мебошанд, ки дар таърихи зикршуда, ба онҳо ОГОҲИИ РАСМӢ дар маърази ом ва дар назди қонун дар бинои Прокуратураи вилоят эълон карда шуда буд;

Дуюм, каззобиву дурӯғгӯии «Akhbor.сом» дар он ифода меёбад, ки манбаъҳои иттилоотии ҳилагари он  ёфтаву бофтаҳои худро ҳақикати мутлақ пиндошта, мардумро ба гумроҳӣ мебаранд, фиреб мекунанд.

Ҳилаи шаръии «Аkhbor.сом» дар васвасаҳои шайтонӣ ва ҳангомапардозии давомдор баён шудааст.

Ҷинояткор-ҷинояткор аст, вақте ки 22.10.2018с. ба гуноҳи кабираи худ иқрор шуданд, чор тарафашон қибла, куҷое раванд, «марҳабо».

Шояд онҳо пеши Мирзо Салимпури наҳзатчӣ (ҲНИ-чӣ) раванд?! Зеро гурӯҳи муташаккили ҷиноятиро ягон каси дигар қабул надорад ва намепазирад.

Ҳангомаи дигар нест. Чӣ боз мебояд гуфт дар бораи аъзоёни фаъоли гурӯҳакҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ?!

Ҳафт саркардаи ГМҶ: – Толиб Аёмбеков, Ёдгор Мамадасламов, Мунаввар Шанбиев,Зоир Раҷабов, Мамадбоқир Мамадбоқиров, Хурсанд Мазоров ва Амриддин Аловатшоев тавбаи мардона ва аҳёнан занона ҳам карданд, ки аз ҷиноят даст мекашанд ва худро дигар шарики бетартибиҳо намедонанд.

Моҳияти ҷавоби ахбороти дурӯғсомонаи «Akhbor.сом» бошад ин аст, ки гурӯҳҳои маълуми ГМҶ-и Бадахшон хаттӣ қасам хӯрданд, ки дигар ба ҷиноят даст намезананд. Аз ин пас, аъзои ГМҶ дар чорчӯбаи қонун амал мекунанд ва дар ивази он амалиёти махсус  оид ба маҳв кардани онҳо гузаронида намешавад, метавонанд, ки берун аз худуди ҷоий истиқоматашон бароянд ва  барои аёдати хешутаборонашон, ки дар дигар ноҳияҳо зиндагӣ доранд, раванд.

                                                                               Аслам МАЗАБОВ,
                                                                     коршиноси масоили иҷтимоӣ,
зодаи ш.Хоруғ, сокини ш.Бохтар

Октябрь 27, 2018 21:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад
СММ: 800 ҳазор нафар дар Ал-Фашир зери хатари ниҳоят шадид қарор доранд
Ҷаласаи навбатии гурӯҳи коршиносони давлатҳои аъзои СҲШ оид ба амнияти байналмилалии иттилоотӣ доир гардид
Сокинони беш аз 15 ҳазор манзил дар шимоли Уганда аз обхезиҳо зарар диданд
Бар асари борони сел дар Чин 11 нафар бедарак шудаанд
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон: «Ширкатҳои мобилӣ бояд суръати интернетро баланд бардоранд, на нархи интернет ва алоқаи мобилиро»
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 апрел, сешанбе, 114-умин рӯзи соли 2024 аст
Ҷавонон бо фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд
Чин дар робита бо бориши шадид ҳушдори сатҳи «норинҷӣ» эълон намудааст
АЗ УРФУ ОДАТ ВА ФАРҲАНГИ БЕГОНА ПЕШГИРӢ МЕНАМОЕМ! Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд